Вазири маориф аз роҳбарони донишгоҳҳои кишвар талаб кард, сифати таҳсилотро боло баранд

© Foto / Российский центр науки и культуры в ДушанбеСтуденты на лекции. Иллюстративное фото
Студенты на лекции. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2026
Обуна шудан
Вазири маориф таъкид кард, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва омода намудани насли соҳибмаърифату соҳибкасб дар Тоыикистон тадбирҳои муҳим амалӣ гардидаанд
ДУШАНБЕ, 5 окт— Sputnik. Ахиран вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дидору мулоқот кард.
Вазири маориф дар ин дидор таъкид кард, ки ҳар як роҳбар ва масъули соҳаи маориф бояд бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ, садоқат ба касбу вазифа ва дарки амиқи рисолати худ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлат саҳми арзандаи худро гузорад.
Вазир зикр намуд, ки роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои такмили фаъолияти муассисаҳо, баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди илми соҳавӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои донишандӯзии ҷавонон тадбирҳои ҷиддӣ андешанд.
Вазири маориф дар ин дидор қайд кард, ки ҳар як дастоварди омӯзгор, олим, донишҷӯ ва хатмкардаи муассисаи таҳсилоти олӣ метавонад ба муаррифии бештари Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибмаърифат, дорои неруи зеҳнии қавӣ ва ҷавонони соҳибистеъдод дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намояд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2026
Раҳмон: Устодону омӯзгорон бояд донанд ояндаи давлату миллат аз мактабу маориф оғоз меёбад
Дар фарҷоми мулоқот Раҳим Саидзода, ба роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ "Ифтихорнома"-и Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон тақдим гардид.
Лентаи хабарҳо
0