https://sputnik.tj/20261025/sohibkoron-khovalingi-khatlon-furudgoh-bunyod-1081493435.html
Соҳибкорон дар ноҳияи Ховалинги Хатлон фурудгоҳи ҷадид бунёд мекунанд
Соҳибкорон дар ноҳияи Ховалинги Хатлон фурудгоҳи ҷадид бунёд мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Ховалинг дар деҳаи Питовду ҷамоати деҳоти Шугнов санги асоси фурудгоҳи маҳаллиро гузошт
2026-10-25T12:31+0500
2026-10-25T12:31+0500
2026-10-25T12:31+0500
дар тоҷикистон
фурудгоҳ
хатлон
ховалинг
сохтмон
иқтисод
сайёҳӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/19/1081493260_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_ff111223dc369c02fe4c792c33c86928.jpg
ДУШАНБЕ, 25 окт - Sputnik. Дар вилояти Хатлон дар ноҳияи ховалинг як фурудгоҳи маҳалӣ бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ бунёд карда мешавад.Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст.Ахиран Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Ховалинг дар деҳаи Питовду ҷамоати деҳоти Шугнов санги асоси фурудгоҳи маҳаллиро гузошт.Гуфта шудааст, ки фурудгоҳи мазкур ба ифтихори 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад.Тибқи нақша, дарозии фурудгоҳ 1200 метр ва паҳноии он 100 метрро ташкил медиҳад.Қайд карда шудааст, ки ин иқдом дар оянда метавонад барои рушди инфрасохтори нақлиётӣ, густариши имкониятҳои сафарҳои ҳавоӣ ва ҷалби бештари сайёҳон ба ноҳияи Ховалинг заминаи мусоид фароҳам оварад.Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ташаббуси соҳибкорони маҳаллиро иқдоми муҳим арозёби карда гуфт иншооти мазкур метавонад дар самти ободонии диёр, рушди инфрасохтор ва беҳтар намудани шароити иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ таъсири муҳим расонад.Давлаталӣ саид қайд кард, ки сохтмони фурудгоҳи маҳаллӣ дар ноҳияи Ховалинг қадами муҳим дар самти татбиқи ташаббусҳои созанда ба шумор рафта, идомаи ҳамкории соҳибкорон ва мақомоти маҳаллиро дар роҳи рушди инфрасохтор ва истифодаи имкониятҳои мавҷудаи ноҳия инъикос менамояд.
https://sputnik.tj/20260927/emomali-rahmon-havopaymo-nav-shohin-eyrlaynz-vmkb-raft-1080749361.html
ховалинг
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/19/1081493260_99:0:1919:1365_1920x0_80_0_0_fce91c4a87a975b425fcd27794b672f7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, фурудгоҳ, хатлон, ховалинг, сохтмон, иқтисод, сайёҳӣ
дар тоҷикистон, фурудгоҳ, хатлон, ховалинг, сохтмон, иқтисод, сайёҳӣ
Соҳибкорон дар ноҳияи Ховалинги Хатлон фурудгоҳи ҷадид бунёд мекунанд
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Ховалинг дар деҳаи Питовду ҷамоати деҳоти Шугнов санги асоси фурудгоҳи маҳаллиро гузошт
ДУШАНБЕ, 25 окт - Sputnik. Дар вилояти Хатлон дар ноҳияи ховалинг як фурудгоҳи маҳалӣ бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ бунёд карда мешавад.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст.
Ахиран Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Ховалинг дар деҳаи Питовду ҷамоати деҳоти Шугнов санги асоси фурудгоҳи маҳаллиро гузошт.
Гуфта шудааст, ки фурудгоҳи мазкур ба ифтихори 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад.
Тибқи нақша, дарозии фурудгоҳ 1200 метр ва паҳноии он 100 метрро ташкил медиҳад.
Қайд карда шудааст, ки ин иқдом дар оянда метавонад барои рушди инфрасохтори нақлиётӣ, густариши имкониятҳои сафарҳои ҳавоӣ ва ҷалби бештари сайёҳон ба ноҳияи Ховалинг заминаи мусоид фароҳам оварад.
“Бо дарназардошти имкониятҳои сайёҳии ноҳия, бунёди чунин иншоот метавонад дар муаррифии мавзеъҳои таърихию табиӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ низ саҳм гузорад”, - қайд кардааст мақомоти вилоят.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ташаббуси соҳибкорони маҳаллиро иқдоми муҳим арозёби карда гуфт иншооти мазкур метавонад дар самти ободонии диёр, рушди инфрасохтор ва беҳтар намудани шароити иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ таъсири муҳим расонад.
Давлаталӣ саид қайд кард, ки сохтмони фурудгоҳи маҳаллӣ дар ноҳияи Ховалинг қадами муҳим дар самти татбиқи ташаббусҳои созанда ба шумор рафта, идомаи ҳамкории соҳибкорон ва мақомоти маҳаллиро дар роҳи рушди инфрасохтор ва истифодаи имкониятҳои мавҷудаи ноҳия инъикос менамояд.