Эмомалӣ Раҳмон бо ҳавопаймои нави "Шоҳин Эйрлайнз" ба ВМКБ рафт

© telegram Sputnik_TajikistanЭмомалӣ Раҳмон бо ҳавопаймои нав бо номи "Бадахшон" ба шаҳри Хоруғ сафари корӣ анҷом дод
Эмомалӣ Раҳмон бо ҳавопаймои нав бо номи Бадахшон ба шаҳри Хоруғ сафари корӣ анҷом дод - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2026
Обуна шудан
Ташрифи роҳбари давлат бо нахустин парвози ҳавопаймои нави тамғаи L-410 NG аз ширкати ватании ҳавопаймоии навтаъсиси Шоҳин Эйрлайнз ба шаҳри Хоруғ сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 27 сен - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун, мулоқоту суҳбат бо мардум ва иштирок дар тантанаҳои идонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ВМКБ рафт.
Дар фурудгоҳи Хоруғ президентро роҳбарияти вилоят, намояндагони касбу кори гуногун ва аҳли фарҳанг истиқбол гирифтанд.
Ин сафари роҳбари давлат бо нахустин парвози ҳавопаймои нави тамғаи L-410 NG аз ширкати ватании ҳавопаймоии навтаъсиси "Шоҳин Эйрлайнз" ба шаҳри Хоруғ сурат гирифт, хабар дод дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Таъкид мешавад, ки ин, ҳамчунин нахустин парвоз бо хатсайри нави ҳавоии Душанбе-Хоруғ аст, ки бо он алоқаи мунтазами ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Хоруғ бозкушоӣ мегардад.
"Аз ин рӯз ба баъд миёни Душанбею Хоруғ бо ин ҳавопаймо, ки Бадахшон номгузорӣ шудааст, мунтазам парвозҳои мусофирбарӣ анҷом дода мешавад",- афзудааст манбаъ.
Иттилоъ бояд дод, ки L-410NG ҳавопаймои дорои 2 муҳаррики турбовинтӣ буда, бо ғунҷоиши 19 мусофир ва 2 сарнишин барои парвозҳои нисбатан кӯтоҳ, то 2100 км, пешбинӣ шудааст.
Airbus A320. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2026
Ширкати ҳавоии “Shohin Airlines” аз “Airbus” чаҳор ҳавопаймо мехарад
Ин ҳавопаймо метавонад бо истифода аз хатти нишасту парвози кӯтоҳи беш аз 600м фаъолият кунад, ки барои фурудгоҳҳои маҳаллии минтақаҳои куҳистони Тоҷикистон басо муносиб аст.
Таъкид мешавад, ки бо назардошти ин ва дигар афзалиятҳои ба шароити Тоҷикистон мувофиқи ин ҳавопаймо ширкати тасмим дорад, ки миёни шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар парвозҳои дохилӣ ба роҳ андозад.
Таъкид мешавад, то имрӯз парки ҳавопаймоии Шоҳин Эйрлайнз аз чархболҳо иборат буд ва ворид гардидани L-410 NG иқдоми нахустини ширкат дар самти рушди интиқолот тариқи ҳавопаймоҳо мебошад.
Лентаи хабарҳо
0