Иштироки беш аз 100 ширкати ватанӣ ва хориҷӣ дар намоишгоҳи "TajBUILD-2026": видео

Обуна шудан
Дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии "TajBUILD-2026" бо иштироки беш аз 100 ширкати ватанию хориҷӣ ҷараён дорад
Ин Намоишгоҳ, ки аз 22 то 24 октябр идома меёбад, сохтмончиён, истеҳсолкунандагони мавод ва таҷҳизот ва мутахассисони байналмилалиро муттаҳид мекунад.
Ҳадафи асосии намоишгоҳ мусоидат ба рушди устувори бозори сохтмон, баланд бардоштани рақобатпазирии ширкатҳои ватанӣ, ҷалби технологияҳои муосир ва фароҳам овардани шароити мусоид барои густариши ҳамкории тиҷоратии дуҷониба ва бисёрҷониба мебошад.
Имсол дар намоишгоҳ ширкатҳо аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Эрон, Чин, Олмон, Туркия ва Русия иштирок доранд.
Чунон ки Ҷавода Мирзоӣ, намояндаи ширкати эронии Гулистон, ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт, Тоҷикистон ва Эрон робитаҳои муштараки логистикӣ доранд, ки имкон медиҳанд, ки молҳо ба осонӣ мубодила карда шаванд.
Вилояти Суғд фарҳангу маҳсулоташонро ба сокинони пойтахт нишон доданд – видео
Дар ин намоишгоҳ масолеҳи ороишӣ, сохтмонӣ, технологияҳои нав, техникаи махсус барои рақамикунонӣ ва автоматикунонии соҳаи сохтмон пешниҳод гардидаанд.
Намоишгоҳи имсола шаш бахши асосиро фаро мегирад. Аз ҷумла, дар он масолеҳи сохтмонӣ ва ороишӣ, роҳҳои ҳалли меъморӣ ва тарроҳӣ, сохтмони берун аз шаҳр, хизматрасониҳои коммуналӣ ва таҷҳизот, мошину механизмҳои махсус, асбобу анҷом, либосҳои кории касбӣ ва амволи ғайриманқул ба намоиш гузошта шудаанд.
Созишномаҳои миллиондолларӣ: Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Узбекистон дар Душанбе – видео
Интизор меравад, ки Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии "TajBUILD-2026" барои иштирокчиён барои дарёфти шарикони нав, бастани шартномаҳои судманд ва густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.
Дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии "TajBUILD-2026" форумҳо, конфронсҳо ва вохӯриҳои дуҷонибаву бисёрҷониба, аз ҷумла ҳамоишҳои соҳавӣ баргузор мегарданд.
Лентаи хабарҳо
0