https://sputnik.tj/20260731/sozishnomaho-forumi-tijoratii-tojikistonu-uzbekiston-video-1079390016.html
Созишномаҳои миллиондолларӣ: Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Узбекистон дар Душанбе – видео
Созишномаҳои миллиондолларӣ: Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Узбекистон дар Душанбе – видео
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон вохӯриҳои корӣ ва форумҳо бо соҳибкорони узбек баргузор шуданд, ки ҳадафи онҳо густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ байни ду кишвар буд
2026-07-31T19:49+0500
2026-07-31T19:49+0500
2026-07-31T19:49+0500
видео
дар тоҷикистон
узбекистон
ҳамкорӣ
тиҷорат
форум
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/1f/1079389824_0:0:1281:720_1920x0_80_0_0_f96737e3c0f93eb838b01a7c57c2ad3b.jpg
Дар Душанбе соҳибкорони Узбекистону Тоҷикистон робитаҳои тиҷоратиро баррасӣ карданд.Ҳайдар Раҷабзода, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки беш аз 120 соҳибкор аз кишвари ҳамсоя, намояндагони вазорату идораҳо ва доираҳои тиҷоратӣ дар ин чорабинӣ ҳузур доштанд.Ойбек Лутфуллоев, намояндаи ширкати Durable Stone, шарҳ дод, ки ба ин намоишгоҳ маҳсулоти аз санг (гранит ва мармар), инчунин металлу бетон оварда шудаанд."Мо сангро аз Навоӣ ва Самарқанд ворид мекунем ва санги сайқалёфта ва коркарднашударо коркард мекунем, ки барои рӯйпӯш кардани фасадҳои биноҳо ва фарш истифода мешавад", - шарҳ дод ӯ.Раҳмон ба дастовардҳои Узбекистон дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ баҳои баланд додДар ин чорабинӣ соҳибкорон созишномаҳои ҳамкорӣ ба миллионҳо доллар ба имзо расониданд.Қобили зикр аст, ки Узбекистон дар шаш моҳи охир ба Тоҷикистон ба маблағи 332 миллион доллар мол содир кардааст.Наворҳо аз чорабинӣ дар видеои Sputnik Tajikistan бубинед.
узбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/1f/1079389824_115:0:1075:720_1920x0_80_0_0_da32d5694fe7747fbe0d2f518caada10.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, дар тоҷикистон, узбекистон, ҳамкорӣ, тиҷорат, форум, видео
видео, дар тоҷикистон, узбекистон, ҳамкорӣ, тиҷорат, форум, видео
Созишномаҳои миллиондолларӣ: Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Узбекистон дар Душанбе – видео
Дар Тоҷикистон вохӯриҳои корӣ ва форумҳо бо соҳибкорони узбек баргузор шуданд, ки ҳадафи онҳо густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ байни ду кишвар буд
Дар Душанбе соҳибкорони Узбекистону Тоҷикистон робитаҳои тиҷоратиро баррасӣ карданд.
Ҳайдар Раҷабзода, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки беш аз 120 соҳибкор аз кишвари ҳамсоя, намояндагони вазорату идораҳо ва доираҳои тиҷоратӣ дар ин чорабинӣ ҳузур доштанд.
"Ҳадафи чунин вохӯриҳо густариши муносибатҳои дуҷониба, мубодилаи таҷриба ва пайдо кардани шарикони нав аст", - гуфт ӯ.
Ойбек Лутфуллоев, намояндаи ширкати Durable Stone, шарҳ дод, ки ба ин намоишгоҳ маҳсулоти аз санг (гранит ва мармар), инчунин металлу бетон оварда шудаанд.
"Мо сангро аз Навоӣ ва Самарқанд ворид мекунем ва санги сайқалёфта ва коркарднашударо коркард мекунем, ки барои рӯйпӯш кардани фасадҳои биноҳо ва фарш истифода мешавад", - шарҳ дод ӯ.
Дар ин чорабинӣ соҳибкорон созишномаҳои ҳамкорӣ ба миллионҳо доллар ба имзо расониданд.
Қобили зикр аст, ки Узбекистон дар шаш моҳи охир ба Тоҷикистон ба маблағи 332 миллион доллар мол содир кардааст.
Наворҳо аз чорабинӣ дар видеои Sputnik Tajikistan бубинед.