Усмонзода сохтмонро бахши муҳими иқтисоди Тоҷикистон номид

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаСтроительство Рогунской ГЭС.
Строительство Рогунской ГЭС. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2026
Обуна шудан
Дар ҷаласа намояндагони созмонҳои як қатор кишварҳо, аз ҷумла Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва дигар давлатҳо ширкат намуданд
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Дар пешрафти иктисодиёти Точикистон бахши сохтмон нақши муҳимро мебозад.
Дар ин бора Усмоналӣ Усмонзода, муовини нахуствазири Тоҷикистон дар ҷаласаи XLVII Шӯрои махсуси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Душанбе изҳор дошт.
Гуфта мешавад, ки дар чорабинӣ ҳамчунин намояндагони идораву созмонҳои як қатор кишварҳо, аз ҷумла Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Озарбойҷон ширкат доштанд.
Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон, низ дар ин ҷаласа иштирок карда, аҳамияти ҳамкории кишварҳои узви ИДМ-ро дар самти ҳамгироии иқтисодӣ дар доираи Иттиҳод қайд кард.
Иштирокчиёни шӯро масъалаҳои марбут ба ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди сохтмон, нархгузорӣ дар ин бахш бо назардошти шароити бозор, истифодаи самараноки захираҳои миллӣ ва ҳалли мушкилоти муомилоти фаромарзиро баррасӣ карданд.
Дар чорабинӣ инчунин истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар сохтмон ва банақшагирии маскуншавии ҳудудӣ баррасӣ шуд.
Интерьер квартиры - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2026
Хусусигардонии манзил дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст: сохтмон низ зиёд шудааст
Иштирокчиёни ҷаласа инчунин нақшаи кори якчанд ниҳодҳои дахлдор ва ташкилотҳои калидиро барои соли 2027 тасдиқ карданд.
Бахши сохтмон яке аз муҳаррикҳои асосии рушди иқтисоди Тоҷикистон ба шумор рафта, солҳои охир бо афзоиши бунёди иншооти энергетикӣ (ба монанди НБО Роғун), роҳу нақбҳо, хонаҳои истиқоматӣ ва корхонаҳои саноатӣ (аз ҷумла корхонаҳои семент) ҳиссаи назаррасро дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) мебозад.
Ин бахш ҳазорон шаҳрвандонро бо ҷойи кори вақтӣ ва доимӣ дар дохили кишвар таъмин мекунад.
Саҳми ин соҳа дар Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ММД) тақрибан 9,7%-ро ташкил медиҳад ва 8,8%-и сохтори саноати кишвар ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ (ба монанди семент) рост меояд.
Лентаи хабарҳо
0