https://sputnik.tj/20260517/khususigardonii-manzil-dar-tojikiston-afzoish-yoftaast-sokhtmon-niz-ziyod-shudaast-1077609366.html
Хусусигардонии манзил дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст: сохтмон низ зиёд шудааст
Хусусигардонии манзил дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст: сохтмон низ зиёд шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Оҷонсии омори Тоҷикистон дар бораи ҳаҷми хусусигардонии манзил дар кишвар гузориш дод
2026-05-17T17:11+0500
2026-05-17T17:11+0500
2026-05-17T17:15+0500
дар тоҷикистон
омор
манзил
сохтмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102360/06/1023600680_0:229:2829:1820_1920x0_80_0_0_b441bf3bbd3771aea1584d0ce91b5a1f.jpg
ДУШАНБЕ, 17 май - Sputnik. Дар Тоҷикистон (аз аввали хусусигардонӣ) 332,800 манзили хусусӣшуда мавҷуд аст. Дар ин бора хадамоти матбуоти Оҷонсии омори Тоҷикистон хабар дод. Тибқи маълумоти расмӣ, то якуми апрели соли ҷорӣ 244,6 ҳазор воҳиди истиқоматӣ фурӯхта шудааст, 4,3 ҳазор ба аҳолӣ бо пардохти қисман ва 83,9 ҳазор ба таври ройгон интиқол дода шудааст. Қайд карда мешавад, ки масоҳати умумии манзилҳои хусусӣшуда аз 20,8 млн метри мураббаъ зиёд шудааст. Оҷонсии омори Тоҷикистон равшан кард, ки фоизи баландтарини хусусигардонии манзилҳо дар семоҳаи аввали соли 2026 дар Душанбе ба қайд гирифта шудааст, ки дар он ҷо беш аз 1,1 ҳазор воҳидро ташкил медиҳад. Вилояти Суғд бо 342 хусусигардонӣ ва Хатлон бо 28 хусусӣгардонӣ дар ҷои дуюм қарор доранд. Аммо, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ягон хусусигардонӣ сурат нагирифтааст.Дар ҳамин ҳол ба гузориши Оҷонсии омори кишвар, дар ҷумҳурӣ сохтмони манзилҳои истиқоматӣ низ дар ҳоли афзоиш аст.Тибқи иттилои ин ниҳод, дар моҳҳои январ - март ба масоҳати умумии 380,7 ҳазор метри мураббаъ биноҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд.Ин нишондод ба таъкиди манбаъ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,7 баробар бештар аст.
https://sputnik.tj/20260129/narkhi-manzil-dar-tojikiston-chand-ast-1074882768.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102360/06/1023600680_50:0:2781:2048_1920x0_80_0_0_6a46085f734bb043788a8e368324c472.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, омор, манзил, сохтмон
дар тоҷикистон, омор, манзил, сохтмон
Хусусигардонии манзил дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст: сохтмон низ зиёд шудааст
17:11 17.05.2026 (Навсозишуда: 17:15 17.05.2026) Оҷонсии омори Тоҷикистон дар бораи ҳаҷми хусусигардонии манзил ва сохтмонҳо дар кишвар гузориш дод
ДУШАНБЕ, 17 май - Sputnik. Дар Тоҷикистон (аз аввали хусусигардонӣ) 332,800 манзили хусусӣшуда мавҷуд аст. Дар ин бора хадамоти матбуоти Оҷонсии омори Тоҷикистон хабар дод.
Тибқи маълумоти расмӣ, то якуми апрели соли ҷорӣ 244,6 ҳазор воҳиди истиқоматӣ фурӯхта шудааст, 4,3 ҳазор ба аҳолӣ бо пардохти қисман ва 83,9 ҳазор ба таври ройгон интиқол дода шудааст.
Қайд карда мешавад, ки масоҳати умумии манзилҳои хусусӣшуда аз 20,8 млн метри мураббаъ зиёд шудааст.
Оҷонсии омори Тоҷикистон равшан кард, ки фоизи баландтарини хусусигардонии манзилҳо дар семоҳаи аввали соли 2026 дар Душанбе ба қайд гирифта шудааст, ки дар он ҷо беш аз 1,1 ҳазор воҳидро ташкил медиҳад.
Вилояти Суғд бо 342 хусусигардонӣ ва Хатлон бо 28 хусусӣгардонӣ дар ҷои дуюм қарор доранд.
Аммо, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ягон хусусигардонӣ сурат нагирифтааст.
Дар ҳамин ҳол ба гузориши Оҷонсии омори кишвар, дар ҷумҳурӣ сохтмони манзилҳои истиқоматӣ низ дар ҳоли афзоиш аст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, дар моҳҳои январ - март ба масоҳати умумии 380,7 ҳазор метри мураббаъ биноҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд.
Ин нишондод ба таъкиди манбаъ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,7 баробар бештар аст.