Даргузашти нависанда ва рӯзноманигори тоҷик Ғайрат Ҳаким

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкТраурная церемония
Траурная церемония  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2026
Обуна шудан
Ғайрат Ҳаким муаллифи асарҳои машҳури насрӣ, аз ҷумла романҳо, ҳикояҳо ва қиссаҳои сершумори кӯтоҳ аст
ДУШАНБЕ, 22 окт - Sputnik. Нависанда ва рӯзноманигори тоҷик Ғайрат Ҳаким дар синни 79-солагӣ аз олам даргузашт.
Дар бораи марги нависанда аъзои хонаводаашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додаанд. Маросими дафн дар деҳаи Оби Зулол (собиқ Обкарчигай)-и Истаравшан баргузор мешавад.
Нависанда муаллифи асарҳои маъруфи насрӣ, аз ҷумла романҳо, новеллаҳо ва ҳикояҳои сершумори кӯтоҳ аст.
Ғайрат Ҳаким бо асарҳои детективии худ дар доираҳои эҷодӣ шӯҳрат пайдо кард.
Ӯ инчунин солҳои зиёд ҳамчун рӯзноманигор дар расонаҳои гуногуни Тоҷикистон кор кардааст ва дар солҳои охир дар Истаравшан, зодгоҳаш зиндагӣ кардааст.
Ғайрат Ҳаким хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аст.
Артистка Нинель Мышкова в роли Марьи-искусницы в фильме-сказке по пьесе Евгения Шварца Марья-искусница. 1959 год. Киностудия имени М. Горького. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2026
130-солагии Евгений Швартс, ё "Мӯъҷизаи оддӣ"-и "Аждаҳо"-и Душанбе
Миёни повесту ҳикояҳои машҳури ӯ метавон - "Муждаи Сир", "Сиришки Сурур", "Дод аз дасти фалак", "Тирамохи вопасин", "Дар рохи адолат", трилогияхои романҳои "Ахтари рахшон", "Байни обу оташ", "Ганҷ дар вайрона" ва "Ҳукм бадтар аз марг", "Дар роҳи адолат",-ро ном бурд.
Ғайрат Ҳаким пайрави жанри детективӣ буд, ки анъанаҳои онро дар адабиёти тоҷик Зайниддин Маҳмуди Восифӣ барин адибони барҷаста ва чун Нарзулло Тиллозода, Шариф Азизӣ, Зариф Ғулом бунёд кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0