Ғолибони XII -умин озмуни байналмилалии аксбардории ба номи Андрей Стенин эълон шуданд

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкОткрытие выставки конкурса фотожурналистики имени Андрея Стенина.
Открытие выставки конкурса фотожурналистики имени Андрея Стенина. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2026
Обуна шудан
Ба хотири гиромидошти Андрей Стенин, моҳи декабри соли 2014гурӯҳи байналмилалии расонаҳои "Россия Сегодня" озмуни байналмилалии аксбардорони ҷавонро таъсис дод
ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Ғолибони XII -умин озмуни байналмилалии аксбардории ба номи Андрей Стенин дар Маскав эълон шуданд. Маросими ҷоизасупорӣ рӯзи 21 октябр, дар Осорхонаи Маскав баргузор шуд.
Аксбардори лубнонӣ Абдулқодир Ал-Бой ҷоизаи Гран-приро ба даст овард. Ҳакамони байналмилалӣ якдилона ба ӯ ҷоизаи олиро барои силсилаи аксҳои ӯ "Лубнон, 2024–2025: Зиндагӣ миёни ҳамлаҳои ҳавоӣ" дар бахши "Хабарҳои асосӣ. Силсилаи аксҳо" доданд.
© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкОткрытие выставки конкурса фотожурналистики имени Андрея Стенина
Открытие выставки конкурса фотожурналистики имени Андрея Стенина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2026
Открытие выставки конкурса фотожурналистики имени Андрея Стенина
"Дар моҳи сентябри соли 2024, Лубнон ба низои шадиди низомӣ кашида шуд. Тамоми кишвар зери ҳамлаҳои ҳавоии Исроил қарор гирифт. Бисёриҳо маҷбур шуданд, ки хонаҳои худро тарк кунанд. Ин аксҳо дар минтақаҳои гуногуни Лубнон гирифта шудаанд. Онҳо он чиро, ки дар сонияҳои аввали пас аз ҳамла ва ҳангоми амалиёти наҷот рӯй дод, нишон медиҳанд. Аксҳо нишон медиҳанд, ки одамони оддӣ чӣ гуна ҷанг ва талафоти худро аз сар мегузаронанд ва чӣ гуна онҳо кӯшиш мекунанд, ки зинда монанд", - гуфт Абдулқодир Ал-Бой.
Дар бахши "Хабарҳои асосӣ. Як акс" ҷоизаи аввал ба асари аккоси бангладешӣ С.М. Ал Музтабо Расул "Бом- осмон, фарш аз хокистар" дода шуд, ки достони одамонеро нақл мекунад, ки хонаҳои худро дар сӯхтор аз даст додаанд ва ба шарофати матонат, дастгирии мутақобила ва кумаки афроди ғамхор зинда мондаанд.
© Foto / Аль Музтаба Росул, Stenincontest"Крыша — небо, пол из пепла", фотограф Аль Музтаба Росул, Бангладеш.
Крыша — небо, пол из пепла, фотограф Аль Музтаба Росул, Бангладеш. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2026
"Крыша — небо, пол из пепла", фотограф Аль Музтаба Росул, Бангладеш.
Дар байни асарҳои бахши "Хабарҳои асосӣ. Силсилаи аксҳо" силсилаи "Садои ҷанг"-и аксбардори рус Сергей Бобилев ҳамчун беҳтарин эътироф гардид. Он достони озод кардани Суҷа ва якчанд шаҳрҳои дигари вилояти Курск аз нерӯҳои мусаллаҳи Украина аз ҷониби артиши Русияро нақл мекунад.
© Foto / Сергей Бобылев, Stenincontest"Эхо войны", серия, фотограф Сергей Бобылев, Россия.
Эхо войны, серия, фотограф Сергей Бобылев, Россия. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2026
"Эхо войны", серия, фотограф Сергей Бобылев, Россия.
Дар бахши "Варзиш. Як акс" ғолиб " Евгений Филиппов ба акси “Марҳилаи охирин" ғолиб дониста шуд. Дар ин акс варзишгароне, ки пеш аз финали мусобиқаи ғаввосӣ "Ҷоми Кремл" омодагӣ мебинанд, аксбардорӣ шудаанд.
© Foto / Евгений Филиппов, Stenincontest"Последняя фаза" , фотограф Евгений Филиппов, Россия.
Последняя фаза , фотограф Евгений Филиппов, Россия. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2026
"Последняя фаза" , фотограф Евгений Филиппов, Россия.
Дар бахши маъмултарин дар байни иштирокчиёни номинаи "Сайёраи ман", ҷои аввал ба акси "Ҳаёт дар регзор"-и Сулаймон Ҳусайн аз Бангладеш дода шуд. Дар ин акс мутобиқшавии деҳқонон ба сатҳи оби дарёҳои тағйирёбанда баррасӣ мешавад.
Беҳтарин силсилаи аксҳо дар ин номина акси "Мо дар ин ҷо зиндагӣ мекунем"-и аксбардори рус Алиса Северная буд - аксҳо аз ҳаёти одамоне, ки дар ҷамоатҳои харобшуда қарор доранд ва бо вуҷуди ҳама чиз дар хонаҳои худ мемонанд.
© Foto / Солейман Хоссейн, Stenincontest"Жизнь на песчаной косе", фотограф Солейман Хоссейн, Бангладеш.
Жизнь на песчаной косе, фотограф Солейман Хоссейн, Бангладеш. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2026
"Жизнь на песчаной косе", фотограф Солейман Хоссейн, Бангладеш.
Дар бахши "Портрет: Қаҳрамони замони мо", ҷоизаҳоро хабарнигорони аксбардор аз Ҳиндустон ва Русия ба даст оварданд.
"Нигоҳи имон" унвони акси Арпан Басу Чоудхури аз Ҳиндустон аст: тавассути инъикоси нурҳо дар тоҷ ва шарораҳои гардишкунанда, аккос эҳсосеро, ки худи вақт дар назди Маҳадев таъзим мекунад, мерасонад.
Посетитель на выставке работ финалистов Международного конкурса фотожурналистики имени Андрея Стенина в Центре фотографии имени братьев Люмьер в Москве. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2026
Озмуни Стенин: Ғолибони соли 2026 дар Осорхонаи Маскав эълон мешаванд
Асари дуюм силсилаи "Орзуҳо дар торикӣ"-и аксбардори рус Мария Семенова мебошад. Аксҳо достони занони афғонро, ки зери табъизи ҷинсӣ ва поймолкунии мунтазами ҳуқуқҳои худ зиндагӣ мекунанд, нақл мекунанд.
Категорияи "Назар аз боло. Як акс". Ҷоизаи ҳакамон ба акси "Намози ҷумъа дар болои дарё"-и Муҳаммад Амдад Ҳусайн аз Бангладеш дода шуд.
© Foto / Мухаммад Амдад Хоссейн, Stenincontest"Пятничная молитва над рекой", фотограф Мухаммад Амдад Хоссейн, Бангладеш.
Пятничная молитва над рекой, фотограф Мухаммад Амдад Хоссейн, Бангладеш.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2026
"Пятничная молитва над рекой", фотограф Мухаммад Амдад Хоссейн, Бангладеш.
Дар номинаи махсуси "Нерӯи ҳаёт", ҳакамон ҷои аввалро ба Павел Волков барои силсилаи "Реквием", ки дар бораи одамоне, ки пас аз ҷанг дар шаҳрҳои худ мондаанд ва ҳеҷ гоҳ умедашонро аз даст надодаанд, доданд.
© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкОткрытие выставки конкурса фотожурналистики имени Андрея Стенина.
Открытие выставки конкурса фотожурналистики имени Андрея Стенина. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2026
Открытие выставки конкурса фотожурналистики имени Андрея Стенина.
Маросим дар Маскав намоиши корҳои ғолибони озмунро оғоз бахшид. Лоиҳаи байналмилалӣ аллакай ба фазоҳои пешбари галереяҳо дар якчанд кишварҳо густариш ёфтааст. Дар Маскав, асарҳои ғолибро то 10 ноябр дар Осорхонаи Маскав дидан мумкин аст.
Лентаи хабарҳо
0