https://sputnik.tj/20261013/ozmun-stenin-gholibon-osorkhona-maskav-1081171308.html
Озмуни Стенин: Ғолибони соли 2026 дар Осорхонаи Маскав эълон мешаванд
Озмуни Стенин: Ғолибони соли 2026 дар Осорхонаи Маскав эълон мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Ба наздикӣ дар Осорхонаи Маскав исми ғолибони Озмун аккосии ба номи Андрей Стенин эълон хоҳад шуд
2026-10-13T16:39+0500
2026-10-13T16:39+0500
2026-10-13T16:39+0500
андрей стенин
намоиши аксҳо
ғолибон
эълон
фарҳанг
русия
озмуни ба номи стенин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/0d/1081167058_0:0:3300:1856_1920x0_80_0_0_be44860f8e0c74424ae6c0be33257b9f.jpg
ДУШАНБЕ, 13 окт - Sputnik. Маросими ҷоизасупорӣ ва ифтитоҳи намоишгоҳи аксҳои асарҳои ғолибони Озмуни ба номи Андрей Стенин дар Осорхонаи Маскав баргузор мешавад.Намоишгоҳ аз 21 октябр то 10 ноябри соли 2026 дар Осорхонаи Маскав баргузор мешавад.Ба гуфтаи куратор ин категория имкониятҳои навро барои озмун мекушояд. Кори рӯзноманигорони сатҳи баланд метавонад ба як меъёри касбӣ табдил ёбад ва барои аксбардорони ҷавони орзуманд меъёр муқаррар кунад."Намоишгоҳ инчунин ба тамошобинон ва меҳмонон имкон медиҳад, ки ҷаҳонро аз нигоҳи фотожурналистҳое бубинанд, ки дар қитъаҳо ва кишварҳои гуногун зиндагӣ мекунанд, аммо ба мавзӯъҳои муштараки ҳамаи одамон дилчаспанд", - афзуд Оксана Олейник.Дар соли 2026, рӯйхати кӯтоҳи озмун аксҳои алоҳида ва силсилафилмҳои фотожурналистҳои ҷавон аз 13 кишварро дар бар гирифт.Шумораи умумии асарҳое, ки аз ҷониби ҳакамони бонуфузи байналмилалӣ дар соли 2026 арзёбӣ шудаанд, тақрибан 2500 асарро аз 36 кишвар, аз ҷумла Русия, Аргентина, Эрон, Бангладеш, Индонезия, Ҳиндустон, Испания, Туркия ва дигарон ташкил додааст.Озмуни байналмилалии хабарнигори аксбардор ба номи Андрей Стенин аз ҷониби гурӯҳи расонаҳои "Россия сегодня" таҳти сарпарастии Комиссияи Русия оид ба ЮНЕСКО бо мақсади дастгирии аксбардорони ҷавон ва ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба чолишҳои хабарнигорони аксбардор созмон дода мешавад.Ин як платформа барои аксбардорони ҷавон - боистеъдод, ҳассос ва ба ҳама чизи нав кушода аст, ки дар он онҳо диққати моро ба одамон ва рӯйдодҳои атрофи мо ҷалб мекунанд.Шарикони байналмилалии иттилоотии озмун: Агентии иттилоотӣ ва радиои Sputnik (International), шабакаи телевизионӣ ва портали RT (International), медиахолдинги мустақил (Африқои Ҷанубӣ), Агентии иттилоотии Синхуа (Чин), Shanghai United Media Group (SUMG) (Чин), The Paper internet portal (Чин), Press Trust of India (India news), Агентии иттилоотии Ҳиндустон (IndiaHR) Агентии иттилоотии (Эрон), агентии иттилоотии НАН (Нигерия), портали интернетии "Бразил 247" (Бразилия), рӯзномаи "Ал Шарк" (Катар), Агентии байналмилалии Ироқ (Ироқ).
https://sputnik.tj/20260808/behtarin-aksho-andrei-stenin-foto-1079554675.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/0d/1081167058_569:0:3300:2048_1920x0_80_0_0_d4c2a86b20e769c909104737920ef9bf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
андрей стенин, намоиши аксҳо, ғолибон, эълон, фарҳанг, русия, озмуни ба номи стенин
андрей стенин, намоиши аксҳо, ғолибон, эълон, фарҳанг, русия, озмуни ба номи стенин
Озмуни Стенин: Ғолибони соли 2026 дар Осорхонаи Маскав эълон мешаванд
Ба наздикӣ дар Осорхонаи Маскав исми ғолибони Озмун аккосии ба номи Андрей Стенин эълон хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 13 окт - Sputnik. Маросими ҷоизасупорӣ ва ифтитоҳи намоишгоҳи аксҳои асарҳои ғолибони Озмуни ба номи Андрей Стенин дар Осорхонаи Маскав баргузор мешавад.
Намоишгоҳ аз 21 октябр то 10 ноябри соли 2026 дар Осорхонаи Маскав баргузор мешавад.
"Мо бо камоли хушнудӣ намоишгоҳи бузурги Озмуни байналмилалии фотожурналистикаи ба номи Андрей Стенин дар соли 2026-ро дар Осорхонаи Маскав муаррифӣ мекунем. Дар он асарҳои ҳамаи ғолибон ва ҷоизадорони имсола, аз ҷумла онҳое, ки дар категорияи нави "Энергияи ҳаёт", ки бори аввал барои иштирокчиёни аз 33-сола боло таъсис дода шудааст, намоиш дода мешаванд", - қайд кард куратори озмун Оксана Олейник.
Ба гуфтаи куратор ин категория имкониятҳои навро барои озмун мекушояд. Кори рӯзноманигорони сатҳи баланд метавонад ба як меъёри касбӣ табдил ёбад ва барои аксбардорони ҷавони орзуманд меъёр муқаррар кунад.
"Намоишгоҳ инчунин ба тамошобинон ва меҳмонон имкон медиҳад, ки ҷаҳонро аз нигоҳи фотожурналистҳое бубинанд, ки дар қитъаҳо ва кишварҳои гуногун зиндагӣ мекунанд, аммо ба мавзӯъҳои муштараки ҳамаи одамон дилчаспанд", - афзуд Оксана Олейник.
Дар соли 2026, рӯйхати кӯтоҳи озмун аксҳои алоҳида ва силсилафилмҳои фотожурналистҳои ҷавон аз 13 кишварро дар бар гирифт.
Шумораи умумии асарҳое, ки аз ҷониби ҳакамони бонуфузи байналмилалӣ дар соли 2026 арзёбӣ шудаанд, тақрибан 2500 асарро аз 36 кишвар, аз ҷумла Русия, Аргентина, Эрон, Бангладеш, Индонезия, Ҳиндустон, Испания, Туркия ва дигарон ташкил додааст.
Озмуни байналмилалии хабарнигори аксбардор ба номи Андрей Стенин аз ҷониби гурӯҳи расонаҳои "Россия сегодня" таҳти сарпарастии Комиссияи Русия оид ба ЮНЕСКО бо мақсади дастгирии аксбардорони ҷавон ва ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба чолишҳои хабарнигорони аксбардор созмон дода мешавад.
Ин як платформа барои аксбардорони ҷавон - боистеъдод, ҳассос ва ба ҳама чизи нав кушода аст, ки дар он онҳо диққати моро ба одамон ва рӯйдодҳои атрофи мо ҷалб мекунанд.
Шарикони байналмилалии иттилоотии озмун: Агентии иттилоотӣ ва радиои Sputnik (International), шабакаи телевизионӣ ва портали RT (International), медиахолдинги мустақил (Африқои Ҷанубӣ), Агентии иттилоотии Синхуа (Чин), Shanghai United Media Group (SUMG) (Чин), The Paper internet portal (Чин), Press Trust of India (India news), Агентии иттилоотии Ҳиндустон (IndiaHR) Агентии иттилоотии (Эрон), агентии иттилоотии НАН (Нигерия), портали интернетии "Бразил 247" (Бразилия), рӯзномаи "Ал Шарк" (Катар), Агентии байналмилалии Ироқ (Ироқ).