‍Таъкиди Теҳрону Душанбе бар эҷоди Иттиҳодияи кишварҳои форсизабон ва эҳёи алифбои ниёкон

© SputnikКультурное мероприятие "Мир Шахнаме" в МГЛУ
Культурное мероприятие Мир Шахнаме в МГЛУ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2026
Обуна шудан
Муовини аввали раисҷумҳури Эрон дар дидор бо раҳбари Тоҷикистон масъалаҳои ҳамкориҳои мухталифи ду кишвар – аз иқтисод то фарҳангро баррасӣ кард
‍ДУШАНБЕ, 20 окт – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва муовини аввали раисҷумҳури Эрон Муҳаммадризо Ориф дар дидоре дар шаҳри Душанбе бар зарурати густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ва тамаддунӣ, эҷоди иттиҳодияи кишварҳо ва манотиқи форсизабон, ташкили кумитаи олии муштараки забону адаби форсӣ ва эҳёии алифбои ниёкон дар Тоҷикистон таъкид карданд.
Муҳаммадризо Ориф ва Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва энержӣ, роҳандозии маркази фанноварии муштарак, иттисоли Тоҷикистон ба обҳои озоди халиҷи Форс ва баҳрагирӣ аз зарфияти Созмони Ҳамкории Шанхайро аз дигар меҳварҳои ҳамкории ду кишвар баршумурданд.
Тавре хабаргузории “dolat.ir” хабар додааст, Муҳаммадризо Ориф дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, бар зарурати баҳрагирӣ аз иштирокоти таърихӣ, фарҳангӣ ва забонӣ барои иртиқои равобити ду кишвар таъкид кард.
Муовини аввали раисҷумҳур бо ишора ба пайвандҳои амиқи тамаддунии Эрон ва Тоҷикистон гуфт, ки ташкили Кумитаи олии муштараки забон, адабиёт, фарҳанг ва тамаддуни порсӣ ва ниёкон метавонад ба ҳифзу ҳаросат аз мироси муштараки ду кишвар кумак кунад.
Встреча Эмомали Рахмона и первого вице-президента Исламской Республики Иран Мухаммадризо Орифа.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2026
Раҳмон: Тоҷикистон иштироки Эронро дар фаъолияти СҲШ муҳим медонад
Дар ин дидор, Ориф ва Раҳмон бар эҷоди Иттиҳодияи кишварҳо ва манотиқи форсизабон, ташкили марокизи гиромидошти Наврӯз, роҳандозии Маркази тамаддуни ориёӣ ва эҳёии алифбои ниёкон дар Тоҷикистон таъкид карданд.

Рушди 50 дарсадии тиҷорати Эрону Тоҷикистон бо вуҷӯди ҷанги таҳмилӣ

Ориф бо ишора ба тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар гуфт, ки бо вуҷуди ҳамаи мавонеъ, аз ҷумла ҷанги таҳмилӣ алайҳи Эрон, дар моҳҳои ахир шоҳиди афзоиши 50 дарсадии ҳаҷми тиҷорати дуҷониба нисбат ба муддати мушобеҳи сол гузашта будаем.
Вай афзуд, ки бо вуҷӯди ин рушд, муътақидем зарфияти ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон бисёр фаротар аз сатҳ кунунӣ аст ва бояд аз фурсатҳои мавҷуд барои тавсеаи муносиботи иқтисодӣ ва тиҷорӣ истифода кунем.
Муовини аввали раисҷумҳур ҳамчунин бар зарурати тавсеаи ҳамкориҳои илмӣ, фанноварӣ, фарҳангӣ ва гардишгарии ду кишвар таъкид кард.

Истифода аз зарфияти Шанхай барои тавсеаи тиҷорату амнияти минтақа

Ориф бо ишора ба зарфиятҳои созмони ҳамкории шанхай изҳор кард, ки ин Созмон зарфияти муҳимме барои пайванди амният ва суботи минтақавӣ бо тавсеаи иқтисодӣ ва афзоиши иттисол миёни кишварҳои узв дорад ва бояд аз ин зарфият барои густариши ҳамкориҳо дар ҳавзаҳои тиҷорат, тронзит, энержӣ ва иттисоли зерсохтӣ истифода кард.
Цистерны с нефтью. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2026
Аввалин қатораҳои нафт аз Эрон вориди Тоҷикистон шуданд
Вай идома дод, ки Эрон ва Тоҷикистон метавонанд дар чорчуби СҲШ, ҳамкории наздиктаре дар заминаи долони транзитӣ, амнияти марзҳо, муқобила бо тероризму қочоқи маводи мухаддир ва ҳамчунин таҳаввулот Афғонистон дошта бошанд.
Муовини аввали раисҷумҳур бар зарурати ҳамоҳангии бештари ду кишвар дар мувоҷиҳа бо масоили муштараки минтақавӣ таъкид кард.

Роҳандозӣ Маркази фанноварии муштараки Эрону Тоҷикистон

Ориф бо ишора ба зарфиятҳои илмӣ ва фановаронаи ду кишвар гуфт, ки иҷрои тафоҳумномаи роҳандозии Маркази фанноварии Эрону Тоҷикистон метавонад заминаи густариши фаъолиятҳои муштарак ва тавсеаи ҳамкориҳои илмӣ ва фанновариро фароҳам кунад .
Дар ин дидор, ду тараф бар амалиётӣ шудани ин марказ ва истифода аз зарфиятҳои илмӣ ва фановарона барои тавсеаи равобити дуҷониба таъкид карданд.
Муовини аввали раисҷумҳури Эрон бо ишора ба ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гуфт, ки ду кишвар то кунун ҳамкории хубе дар ниҳодҳои байналмилалӣ доштаанд ва аз мавозеъи якдигар ҳимоят кардаанд.
Встреча министров иностранных дел Таджикистана и Исламской Республики Иран.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2026
Ароқчӣ: Эрон барои тавсеа ва таъмиқи муносибот бо Тоҷикистон дар ҳамаи заминаҳо омода аст
Лозим аст ин ҳамоҳангӣ дар сутуҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ низ тақвият ёбад.

Орифу Раҳмон дар ин дидор ҳамчунин бар посдошти фарҳангу тамаддуни эронӣ ва мироси муштараки форсизабонон, густариши ҳамкориҳои гардишгарӣ, фарҳангӣ, тақвияти иртибототи илмӣ ва иқтисодӣ таъкид карданд.
Эҷоди иттиҳодияи кишварҳо ва манотиқи форсизабон, ташкили кумитаи олии забон, фарҳанг, адаби форсӣ , роҳандозии марокизи гиромидошти Наврӯз, эҷоди маркази тамаддуни ориёӣ ва эҳёии алифбои ниёкон дар Тоҷикистон аз ҷумлаи мавзуъоте буд, ки дар ин дидори мавриди таъкид қарор гирифт.
Лентаи хабарҳо
0