Раҳмон: Тоҷикистон иштироки Эронро дар фаъолияти СҲШ муҳим медонад

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаВстреча Эмомали Рахмона и первого вице-президента Исламской Республики Иран Мухаммадризо Орифа.
Встреча Эмомали Рахмона и первого вице-президента Исламской Республики Иран Мухаммадризо Орифа.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2026
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо муовини аввали Президенти Эрон масоили ҳамкории гуногунпаҳлуи ду кишвар, аз ҷумла дар доираи Созмони ҳамкории Шанхайро, баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 20 окт – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе бо муовини аввали Президенти Эрон Муҳаммадризо Орифро, ки бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе қарор дорад, дидору гуфтугӯ кард.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлуи ду кишвар, аз ҷумла дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай, баррасӣ шуд.
Президенти кишвар дар ин дидор изҳор дошт, ки Тоҷикистон иштироки Эронро дар фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай муҳим медонад.
Ҷонибҳо аз раванди густариши муносибатҳо ва муколамаи пайвастаи сиёсӣ миёни ду кишвар дар сатҳҳои олӣ ва баланд изҳори қаноат карданд.
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва Масъуд Пизишкиён раисҷумҳури Эрон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2026
Пизишкиён ба Раҳмон: Ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо Тоҷикистон аз авлавиятҳои Эрон аст
Ҳамчунин тарафҳо ба густариши пайгиронаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, саноат, кишоварзӣ, тандурустӣ, дорусозӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок, инчунин, масъалаҳои васеъ намудани номгӯи молу маҳсулот барои тиҷорати дуҷониба ва рушди истеҳсолоти муштарак таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.
Ҳар ду ҷониб тақвияти минбаъдаи ҳамкории фарҳангиву башариро муҳим донистанд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни суҳбат мавзӯъҳои алоҳидаи рӯзномаи минтақавию ҷаҳонӣ низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт.
Лентаи хабарҳо
0