Ароқчӣ: Эрон барои тавсеа ва таъмиқи муносибот бо Тоҷикистон дар ҳамаи заминаҳо омода аст

© Foto / Пресс-служба МИД ТаджикистанаВстреча министров иностранных дел Таджикистана и Исламской Республики Иран.
Встреча министров иностранных дел Таджикистана и Исламской Республики Иран.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2026
Обуна шудан
Сироҷиддин Муҳриддин ва Аббос Ароқчӣ, вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Эрон рӯзи 23-юми сентябр дар шаҳри Ню-Йорки Амрико дидору гуфтугӯ кардаанд
ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Вазирони хориҷаи Тоҷикистону Эрон дар шаҳри Ню-Йорки Амрико рушди муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои фарҳангиву башардӯстона ва иқтисодиву тиҷориро баррасӣ намуданд.
Ба иттилои вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар рафти мулоқот қайд гардид, ки муносибатҳои ду кишвар бар пояи дӯстӣ, робитаҳои таърихию фарҳангӣ ва эҳтироми мутақобила рушд ёфта, ҷонибҳо ба таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанба манфиатдоранд.
Сайид Аббос Ароқчӣ вазири умури хориҷаи Эрон, дар дидор бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, таъкид кард, ки Теҳрон барои тавсеа ва таъмиқи муносибот бо Тоҷикистон дар ҳамаи заминаҳои мавриди алоқаи ду кишвар омода аст.
“Ароқчӣ бо ишора ба пайвандҳои таърихӣ, тамаддунӣ, фарҳангӣ ва забонии ду кишвар бар иродаи Эрон барои тавсеа ва таъмиқи муносибот бо Тоҷикистон дар ҳамаи заминаҳои мавриди алоқаи ду кишвар таъкид кард”, - таъкид кардааст вазорати умури хориҷаи Эрон.
Ду вазир дар дидор дар бораи равобити дуҷониба ва муҳимтарин таҳаввулоти минтақаи Осиёи марказӣ, Қафқозу ғарби Осиё табодули афкор намуданд.
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва Масъуд Пизишкиён раисҷумҳури Эрон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2026
Пизишкиён ба Раҳмон: Ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо Тоҷикистон аз авлавиятҳои Эрон аст
Вай ҳамчунин зимни шарҳи охирин таҳаввулоти минтақаӣ пас аз он чӣ ӯ “таҷовузи низомии Амрико ва режими саҳюнистӣ алайҳи Эрон ва идомаи терроризми иқтисодӣ ва муҳосираи баҳрӣ” хонда, таъкид карда, гуфтааст, ки мардуми Эрон дар ҳифзи манфиатҳои ин кишвар устувор ва қотеъ ҳастанд.
Дар ин дидор дарбора иҷрои тафоҳумҳои фимобайни ду кишвар дар ҳавзаҳои мухталифи иқтисодӣ ва тиҷорӣ ройзанӣ шуд.
Лентаи хабарҳо
0