https://sputnik.tj/20261020/shartnomai-sokhtmoni-rohi-sohil-obanbori-roghun-imzo-1081344199.html
Шартномаи сохтмони роҳи автомобилгард дар соҳили обанбори Роғун ба имзо расид
Шартномаи сохтмони роҳи автомобилгард дар соҳили обанбори Роғун ба имзо расид
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати "ТГЭМ" хабар дод, ки Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ шартнома дар бораи Сохтмони роҳи автомобилгард дар соҳили чапи обанбори Роғун (Сайидон — Лабиҷар)" ба имзо расид
2026-10-20T12:41+0500
2026-10-20T12:41+0500
2026-10-20T12:41+0500
дар тоҷикистон
роҳ
нақлиёт
сохтмон
нбо "роғун"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/13/1081344394_202:130:2048:1168_1920x0_80_0_0_89d76fc765828ce2e21b4a5402c88a63.jpg
ДУШАНБЕ, 20 окт – Sputnik. Ширкати "ТГЭМ"-и Тоҷикистон шартномаро бо Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (AIIB) дар бораи татбиқи лоиҳаи инфрасохтории "Сохтмони роҳи автомобилгард дар соҳили чапи обанбори Роғун (Сайидон — Лабиҷар)" ба имзо расонид.Ин ширкат хабар додааст, ки лоиҳа ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва беҳтар намудани робитаҳои роҳӣ байни маҳалҳои аҳолинишини воқеъ дар минтақаи обанбори Роғун равона шудааст.Маблағгузории лоиҳа аз ҷониби Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (AIIB) амалӣ мегардад.Қайд карда шудааст, ки муҳлати татбиқи лоиҳа се солро ташкил медиҳад.“Лоиҳа сохтмони роҳи автомобилгардро бо дарозии умумии 51,4 километр, аз ҷумла 40,8 километр роҳи асосӣ ва 10,6 километр роҳҳои даромадгоҳӣ пешбинӣ менамояд”, - иттилоъ додааст манбаъ.Зерсохтори нави нақлиётӣ робитаи нисбатан қулай ва боэътимодро байни маҳалҳои аҳолинишини соҳили чапи обанбори Роғун таъмин намуда, дастрасӣ ба иншооти иҷтимоӣ ва иқтисодиро беҳтар мегардонад ва барои рафтуомади аҳолӣ ва рушди ҳудудҳои ҳамшафат шароити мусоид фароҳам меорад.Таъкид шудааст, ки татбиқи лоиҳа дорои аҳамияти муҳими иҷтимоию иқтисодӣ буда, ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони маҳаллӣ, таҳкими робитаҳои нақлиётӣ ва ташаккули инфрасохтори муосири роҳ дар минтақаи НБО "Роғун" мусоидат менамояд.
https://sputnik.tj/20261019/oghozi-sokhtmoni-stakada-pul-dushanbe-1081334781.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/13/1081344394_311:131:1957:1365_1920x0_80_0_0_c6fc7c96dd91de69c0897c6f0afd4dd1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, роҳ, нақлиёт, сохтмон, нбо "роғун"
дар тоҷикистон, роҳ, нақлиёт, сохтмон, нбо "роғун"
Шартномаи сохтмони роҳи автомобилгард дар соҳили обанбори Роғун ба имзо расид
Ширкати "ТГЭМ" хабар дод, ки Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ шартнома дар бораи Сохтмони роҳи автомобилгард дар соҳили чапи обанбори Роғун (Сайидон — Лабиҷар)" ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 20 окт – Sputnik. Ширкати "ТГЭМ"-и Тоҷикистон шартномаро бо Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (AIIB) дар бораи татбиқи лоиҳаи инфрасохтории "Сохтмони роҳи автомобилгард дар соҳили чапи обанбори Роғун (Сайидон — Лабиҷар)" ба имзо расонид.
Ин ширкат хабар додааст, ки лоиҳа ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва беҳтар намудани робитаҳои роҳӣ байни маҳалҳои аҳолинишини воқеъ дар минтақаи обанбори Роғун равона шудааст.
Маблағгузории лоиҳа аз ҷониби Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (AIIB) амалӣ мегардад.
Қайд карда шудааст, ки муҳлати татбиқи лоиҳа се солро ташкил медиҳад.
“Лоиҳа сохтмони роҳи автомобилгардро бо дарозии умумии 51,4 километр, аз ҷумла 40,8 километр роҳи асосӣ ва 10,6 километр роҳҳои даромадгоҳӣ пешбинӣ менамояд”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Зерсохтори нави нақлиётӣ робитаи нисбатан қулай ва боэътимодро байни маҳалҳои аҳолинишини соҳили чапи обанбори Роғун таъмин намуда, дастрасӣ ба иншооти иҷтимоӣ ва иқтисодиро беҳтар мегардонад ва барои рафтуомади аҳолӣ ва рушди ҳудудҳои ҳамшафат шароити мусоид фароҳам меорад.
Таъкид шудааст, ки татбиқи лоиҳа дорои аҳамияти муҳими иҷтимоию иқтисодӣ буда, ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони маҳаллӣ, таҳкими робитаҳои нақлиётӣ ва ташаккули инфрасохтори муосири роҳ дар минтақаи НБО "Роғун" мусоидат менамояд.