Оғози сохтмони се эстакада ва як пул дар Душанбе

© Foto / Пресс-служба Рустама ЭмомалиРустам Эмомали заложил камень в основание строительства трёх эстакад и одного моста на улице Абдулахада Каххорова в районе Фирдавси.
Рустам Эмомали заложил камень в основание строительства трёх эстакад и одного моста на улице Абдулахада Каххорова в районе Фирдавси.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2026
Обуна шудан
Раиси шаҳри Душанбе дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони се эстакада ва як пул оғоз бахшид
ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Дар шаҳри Душанбе сохтмони се эстакада (роҳи мошингарди чандтабақа) ва як пул расман оғоз шуд.
19 октябри соли 2026 бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Вазири тиҷорати Чин Ван Вэнтао, дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсӣ ба сохтмони се роҳи мошингарди чандтабақа (эстакада) ва як пул санги асос гузошта шуд. Ин лоиҳа бо ҳамкории ҷониби Чин амалӣ мегардад.
Ин се эстакада ва як пул дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бунёд мешаванд.
Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, лоиҳа барои сабук кардани тамбашавии воситаҳои нақлиёт, беҳтар намудани ҳаракати нақлиёти транзитӣ ва муосирсозии роҳҳои пойтахт нигаронида шудааст.
Ҷузъиёти дақиқи техникӣ, арзиши умумии лоиҳа ва муҳлати пурра ба истифода додани ин эстакадаҳо аз ҷониби мақомоти расмӣ ҳанӯз эълон нашудааст.
Международный аэропорт Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2026
Пешвоз бо меҳмоннавозӣ: Фурудгоҳи Душанбе соҳиби терминали нав мешавад
Сохтмони роҳҳои чандтабақа (эстакадаҳо) дар шаҳри Душанбе яке аз самтҳои асосии навсозии инфрасохтори нақлиётии пойтахт ба шумор меравад. Нақшаи умумии рушди шаҳр (Генплан) бунёди қариб 20 эстакадаро то соли 2030 пешбинӣ мекунад.
Қаблан Мақомоти шаҳрдорӣ ва Вазорати нақлиёт эълон дошта буданд, ки ба маблағи 58 миллион доллар аз ҳисоби грантҳои донорҳои байналмилалӣ сохтмони 7 эстакада дар қисматҳои серодами шаҳр ба нақша гирифта шудааст.
Кӯчаҳои Соҳилӣ ва Юнусалӣ (ҳамроҳ бо пули нав дар болои дарёи Душанбе)
Кӯчаҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва А. Қаҳҳоров
Кӯчаҳои Абай ва А. Қаҳҳоров
Хиёбонҳои Саъдии Шерозӣ ва Ҳофизи Шерозӣ
Кӯчаи Шерализода ва хиёбони Ҳофизи Шерозӣ
Кӯчаҳои Назаршоев ва Айнӣ бо хиёбони Саъдии Шерозӣ
Хиёбони Саъдии Шерозӣ бо кӯчаи Неъмат Қарабоев
Ҳадафи асосии ин сохтмонҳо — бартараф кардани тамбашавии воситаҳои нақлиёт (пробкаҳо), таъмини бехатарии ҳаракат ва муосиргардонии симои пойтахт мебошад.
Лентаи хабарҳо
0