Омодагӣ ба зимистон ва ҷамъоварии саривақии маблағ: Супориши вазир ба масъулин

© Sputnik / Антон ДенисовУстановка счетчиков на ЛЭП. Иллюстративное фото
Установка счетчиков на ЛЭП. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2026
Обуна шудан
Дар баробари ин, вазир аз масъулин талаб кард, ки масъулиятшиносиро баланд бардошта, сифати хизматрасониро беҳтар намоянд
ДУШАНБЕ, 13 окт - Sputnik. Кам кардани талафоти нерӯи барқ, таъмини мардум бо гармӣ дар зимистон ва ҷамъварии саривақтии маблағ, аз супоришҳое ҳастанд, ки вазири энергетикаи Тоҷикистон Далер Ҷумъа ба масъулин додааст.
Вазир дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолию молиявии ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар семоҳаи сеюми соли 2026 ширкат карда, натиҷаҳои молиявии ҷамъиятро мусбат арзёбӣ кардааст.
Ҳамчунин, фаъолияти филиалҳо, нишондиҳандаҳои бадастомада ва камбудиҳои ҷойдошта мавриди таҳлили амиқ қарор гирифтаанд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати энергетика.

Вазир зарурати тақвияти фаъолияти филиалҳо ва андешидани тадбирҳои саривақтӣ барои ҳалли масъалаҳои ҷойдоштаро таъкид намудааст.
"Ӯ ба масъулон ҷиҳати кам намудани талафоти неруи барқ, таъмини ҷамъоварии пурраи маблағи барқи истифодашуда, бартараф намудани ҳолатҳои изофанависӣ ва ба роҳ мондани бақайдгирии пурраи муштариён дастуру супоришҳои мушаххас дод", - омадааст дар хабарнома.
Ҳамзамон, Далер Ҷумъа ба баланд бардоштани масъулиятшиносии кормандон, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва риояи талаботи бехатарӣ бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардааст.
Вазир таъкид намудааст, ки омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 ва таъмини фаъолияти устувору боэътимоди шабакаҳои тақсимоти барқ бояд аз вазифаҳои афзалиятноки роҳбарияти ҷамъият ва филиалҳои он бошад.
Линии электропередач.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2026
Сафарзода: Лоиҳаи "CASA-1000" барои Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ дорад
Ин дар ҳолест, ки Вазорати энергетика дар ҳамкорӣ бо ширкати "Системавтоматика" ва Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии "Нурофар" тарҳҳои намунавии неругоҳҳои барқи офтобиро барои хонаҳои истиқоматӣ таҳия намудааст.
Тарҳҳои мазкур барои насби неругоҳҳои барқи офтобӣ ва талаботи лоиҳавию техникии онҳо пешбинӣ шудаанд.
Дар Тоҷикистон истифода ва насби панелҳои офтобӣ дар биноҳо ва хонаҳои истиқоматӣ таҳти таваҷҷӯҳи давлат ва бо талаботи қонунгузорӣ роҳандозӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0