Сафарзода: Лоиҳаи "CASA-1000" барои Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ дорад
Обуна шудан
Чаҳор кишвар аллакай барои истифодабарии тиҷоратии лоиҳаи "CASA-1000" омодагӣ мебинанд
ДУШАНБЕ, 10 окт - Sputnik. Лоиҳаи "CASA-1000" барои Тоҷикистон тарҳи минтақавии дорои аҳамияти стратегӣ аст.
Дар ин бора, муовини вазири энергетика ва захираҳои об Манучеҳр Сафарзода дар ҷаласаи гурӯҳҳои кории муштараки Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи "CASA-1000" иброз дошт.
Муовини вазир зимни суханронӣ мавқеи Тоҷикистонро оид ба ҳалли масъалаҳои боқимонда ва омодасозии лоиҳа ба истифодабарии тиҷоратӣ баён кардааст, гузориш медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати энергетикаи ҶТ.
"Лоиҳаи "CASA-1000" барои Тоҷикистон лоиҳаи минтақавии дорои аҳамияти стратегӣ буда, барои густариши савдои неруи барқ, таҳкими ҳамкориҳои энергетикӣ ва таъмини манфиатҳои дарозмуддати иқтисодию иҷтимоии кишварҳои иштирокчӣ имкониятҳои иловагӣ фароҳам меорад", - гуфтааст Сафарзода.
Зимни ҷаласа ҳамчунин, раванди татбиқи лоиҳа, масъалаҳои техникӣ, амалиётӣ, тиҷоратӣ ва молиявӣ, инчунин тадбирҳои зарурӣ барои гузариш ба марҳилаи истифодабарии тиҷоратӣ баррасӣ шудаанд.
Ҷонибҳо таваҷҷуҳашонро ба идомаи корҳо мисоли, ба тартиби интихоби оператори истгоҳҳои табдилдиҳандаи ҷараёни доимӣ, таъмини омодагии лоиҳа ба истифодабарӣ ва ташкили мониторинги мунтазами иҷрои чорабиниҳои боқимонда зоҳир кардаанд.
Муовини вазир ба масъалаҳои устуворӣ ва эътимоднокии низомҳои энергетикии минтақа таваҷҷуҳ зоҳир намуда, зарурати арзёбии низомҳои амалкунандаи ҳимояи зиддисадамавӣ ва дар ҳолати зарурӣ навсозии онҳо, аз ҷумла насби дастгоҳҳои иловагии автоматикаи зиддисадамавиро таъкид кардааст.
Дар ин ҷаласа намояндагони Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон, инчунин шарикони рушд ширкат кардаанд.
Лоиҳаи "CASA-1000"
Лоиҳаи "CASA-1000" - ин бузургтарин лоиҳаи энергетикии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ (Central Asia – South Asia (CASA)) мебошад.
Лоиҳа сохтмони хати баландшиддати интиқоли нерӯи барқро дар бар мегирад, ки дар натиҷаи ба итмом расидани сохтмони хати мазкур низоми энергетикии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистонро пайваст менамояд.
Пурра амалӣ гардидани лоиҳа барои кишварҳо ҷиҳати ташкил намудани бозори ягона ва савдои солона имкон фароҳам менамояд. Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон метавонанд ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ неруи барқи барзиёд истеҳсолшавандаи худро дар ҳаҷми 1300 мегаватт содир намоянд.

Интизор меравад, ки лоиҳаи "CASA-1000" - пули энергетикӣ миёни Осиёми Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ соли 2027 фаъол мегардад.