https://sputnik.tj/20260930/qatar-mukolama-ima-eron-peshraft-noil-nashud-vao-1080821341.html
Қатар дар муколамаи ИМА ва Эрон ба пешрафт ноил нашуд - ВАО
Қатар дар муколамаи ИМА ва Эрон ба пешрафт ноил нашуд - ВАО
Sputnik Тоҷикистон
Музокирот миёни ИМА ва Эрон тавассути миёныигарон ба бумбаст расида, имкон аз сар гирифтани низоъ бештар шудааст
2026-09-30T13:55+0500
2026-09-30T13:55+0500
2026-09-30T13:55+0500
эрон
има
дар ҷаҳон
низоъ
қатар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/18/1065635875_0:0:3385:1904_1920x0_80_0_0_e5355913dee316f48c2bdf5eecfc24e8.jpg
ДУШАНБЕ, 30 сен - Sputnik. Кӯшишҳои ахири Қатар барои ноил шудан ба як пешрафти дипломатӣ дар муколамаи ИМА ва Эрон бо сабаби рад кардани ҳарду ҷониб аз гузаштҳо натиҷаҳои назаррас надоданд.Ин вазъ нигарониро аз эҳтимоли аз сар гирифтани амалиёти ҷангӣ ба миён овард, хабар медиҳад Axios бо истинод ба манбаъҳо. Қайд карда мешавад, ки миёнҷигари қатарӣ Алӣ ал-Саводӣ бо вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Арақчӣ ва дастаи ӯ дар Ню Йорк мулоқот карда, нақшаи созишро пешниҳод кард, ки барои қонеъ кардани талаботи Теҳрон барои рафъи муҳосираи ИМА ва талаби Вашингтон барои гузаштҳои ҳастаии Эрон равона шудааст. Ал-Саводӣ инчунин бо фиристодаи президенти ИМА Ҷаред Кушнер ва дигар мақомоти ИМА мулоқот кард. Қаблан Трамп хабарҳои расонаҳоеро, ки Вашингтон ба Теҳрон дар ивази гузаштҳо дар барномаи ҳастаии худ сабукӣ аз таҳримҳо ва озод кардани дороиҳоро пешниҳод кардааст, рад кард. Вазири корҳои хориҷии Эрон Ароқчӣ изҳор дошт, ки Теҳрон ба ИМА нақшаи ҳафтрӯзаи кушодани гулӯгоҳи Ҳурмузро дар ивази бекор кардани муҳосираи баҳрӣ ва маҳдудиятҳо ба содироти нафт додааст. Аммо, президенти ИМА Доналд Трамп ин пешниҳодро рад кард. Дар ҳамин ҳол, вазири корҳои хориҷии Эрон шаби 27 сентябр қайд кард, ки Эрон, сарфи назар аз изҳороти Трамп, интизори посухи ниҳоӣ аз миёнҷигарон аст. Низоъ байни Эрон ва ИМА қариб ки интиқоли борро тавассути гулӯгоҳи Ҳурмуз қатъ кардааст. Ин роҳи калидии таъмини нафт, маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ба бозорҳои ҷаҳонӣ мебошад. Дар натиҷа, нархи сӯзишворӣ дар аксари кишварҳо боло рафтааст.
https://sputnik.tj/20260928/shermuhammad-shohiyon-tojkiston-sharoit-kanori-eron-1080776119.html
эрон
има
қатар
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/18/1065635875_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_1d6086d02981ea92d473fe36ff045e47.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, има, дар ҷаҳон, низоъ, қатар
эрон, има, дар ҷаҳон, низоъ, қатар
Қатар дар муколамаи ИМА ва Эрон ба пешрафт ноил нашуд - ВАО
Музокирот миёни ИМА ва Эрон тавассути миёныигарон ба бумбаст расида, имкон аз сар гирифтани низоъ бештар шудааст
ДУШАНБЕ, 30 сен - Sputnik. Кӯшишҳои ахири Қатар барои ноил шудан ба як пешрафти дипломатӣ дар муколамаи ИМА ва Эрон бо сабаби рад кардани ҳарду ҷониб аз гузаштҳо натиҷаҳои назаррас надоданд.
Ин вазъ нигарониро аз эҳтимоли аз сар гирифтани амалиёти ҷангӣ ба миён овард, хабар медиҳад Axios бо истинод ба манбаъҳо.
"Мувофиқи се манбаи огоҳ аз музокирот, талошҳои Қатар барои ноил шудан ба як пешрафти дипломатӣ байни ИМА ва Эрон натиҷаҳои назаррас надоданд, зеро ҳеҷ яке аз тарафҳо омода нестанд, ки гузашт кунад. Ин бунбасти ногаҳонӣ эътиқоди ҳарду ҷонибро тақвият медиҳад, ки эҳтимоли аз сар гирифтани низоъи низомӣ бештар мешавад", - гуфта мешавад дар гузориш.
Қайд карда мешавад, ки миёнҷигари қатарӣ Алӣ ал-Саводӣ бо вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Арақчӣ ва дастаи ӯ дар Ню Йорк мулоқот карда, нақшаи созишро пешниҳод кард, ки барои қонеъ кардани талаботи Теҳрон барои рафъи муҳосираи ИМА ва талаби Вашингтон барои гузаштҳои ҳастаии Эрон равона шудааст.
Ал-Саводӣ инчунин бо фиристодаи президенти ИМА Ҷаред Кушнер ва дигар мақомоти ИМА мулоқот кард.
Қаблан Трамп хабарҳои расонаҳоеро, ки Вашингтон ба Теҳрон дар ивази гузаштҳо дар барномаи ҳастаии худ сабукӣ аз таҳримҳо ва озод кардани дороиҳоро пешниҳод кардааст, рад кард.
Вазири корҳои хориҷии Эрон Ароқчӣ изҳор дошт, ки Теҳрон ба ИМА нақшаи ҳафтрӯзаи кушодани гулӯгоҳи Ҳурмузро дар ивази бекор кардани муҳосираи баҳрӣ ва маҳдудиятҳо ба содироти нафт додааст.
Аммо, президенти ИМА Доналд Трамп ин пешниҳодро рад кард.
Дар ҳамин ҳол, вазири корҳои хориҷии Эрон шаби 27 сентябр қайд кард, ки Эрон, сарфи назар аз изҳороти Трамп, интизори посухи ниҳоӣ аз миёнҷигарон аст.
Низоъ байни Эрон ва ИМА қариб ки интиқоли борро тавассути гулӯгоҳи Ҳурмуз қатъ кардааст. Ин роҳи калидии таъмини нафт, маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ба бозорҳои ҷаҳонӣ мебошад. Дар натиҷа, нархи сӯзишворӣ дар аксари кишварҳо боло рафтааст.