Шермуҳаммад Шоҳиён: Тоҷикистон дар ҳар шароит дар канори Эрон хоҳад буд

© Sputnik / Амир ИсаевПредседатель Верховного суда Шермухаммад Шохиён
Председатель Верховного суда Шермухаммад Шохиён - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2026
Обуна шудан
Ҳайати порлумонии Эрон дар дидор бо Шермуҳаммад Шоҳёну ноиби раиси маҷлиси олии Тоҷикистон, равобити дуҷониба, густариши ҳамкориҳои порлумонӣ ва иштирокоти фарҳангиву таърихии ду кишварро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 28 сен - Sputnik. Ҳайати порлумони Эрон дар маҷмаъи маҷолиси Осиёи ба сурати ҷудогона бо Шермуҳаммад Шоҳён ва Азизи Гиёзода ду ноиби раиси Маҷлиси олии Тоҷикистони дидору гуфтугӯ карданд.
Ин дидорҳо дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон ва бо ҳузури Иброҳим Ризоӣ, раиси ҳайати порлумонии Эрон дар маҷмаъи маҷолиси Осиёӣ, Зуҳро Содот Лоҷувардӣ намояндаи Теҳрон ва Алиризо Ҳақиқиён сафири Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуд.
Иброҳим Ризоӣ, раиси ҳайати порлумонии Эрон дар маҷмаъи маҷолиси Осиёӣ бо ишора ба таърих, фарҳанг ва забони муштараки ду кишвар Эрону Тоҷикистон, гуфт, ки равобити Теҳрону Душанбе дар вазъияти матлубе қарор дорад ва заминаи муносибе барои иртиқои ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ байни ду кишвар вуҷуд дорад.
Ризоӣ бо ишора ба таҷовузи Амрико ва Исроил бар алайҳи Эрон аз ҳимоятҳо ва мавозеъи давлату миллати Тоҷикистон дар ҷанги ахир қадрдонӣ кард.
Дар ин дидорҳо , Шермуҳаммад Шоҳён нойиби раиси аввали порлумони олии Тоҷикистон ва раиси гуруҳи дӯстии порлумонии Тоҷикистону Эрон бо ишора ба иштирокоти болои фарҳангии ду миллату кишвари Тоҷикистону Эрон, ҷиноёти ахири Амрико ва Исроил бар алайҳи эрониёнро маҳкум ва таъкид кард, ки Эрон барои Тоҷикистони аҳамияти вижае дорад ва тоҷикон дар ҳар шароите дар канори Эрон хоҳад истод.
Цистерны с нефтью. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2026
Аввалин қатораҳои нафт аз Эрон вориди Тоҷикистон шуданд
Азизи Гиёзода нойиби раиси дувуми порлумони Тоҷикистон низ бо ишора ба равобити наздики Теҳрону Душанбе, бар тавсеаи равобити порлумонӣ таъкид кард ва афзуд, порлумони Тоҷикистон барои кумак ба иртиқои ҳамкориҳои дуҷониба байни ду кишвар омодагӣ дорад.
Бояд гуфт, ки ҳайати порлумонии Эрон ба манзури ширкат дар иҷлоси кумитаи умури иҷтимоӣ ва фарҳангии маҷмаъи маҷолиси Осиёӣ ба Душанбе пойтахти Тоҷикистон сафар кардааст.
Лентаи хабарҳо
0