Раҳмон дар ВМКБ аз Алишер Мирзонабот ёд кард: мактаберо ба номаш мегузоранд

© Foto / Пресс-служба президента Таджикистана
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон ба падару модари шодравон Алишер Мирзонабот барои ба камол расонидани чунин фарзанди содиқу ватандӯст самимона сипосу миннатдорӣ баён намуд
ДУШАНБЕ, 28 сент - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолояти ВМКБ аз Алишер Мирзонабот, раиси пешини вилоят, ки дар як садамаи нақлиётӣ фавтид, ёд кард.
Вазифаи инсонии худ мешуморам, ки хотираи фарзанди некноми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, собиқ раиси вилоят Алишер Мирзонаботро ба некӣ ёд намоям ва ҳамдардии худро ба падару модар ва наздикону пайвандони ӯ бори дигар иброз дорам, изҳор дошт раисҷумҳури Тоҷикистон.
Тасмим гирифтем, ки ба поси хизматҳои содиқонаву ватандӯстонаи шодравон Алишери Мирзонабот муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами шаши шаҳри Хоруғ ба номи ӯ гузошта шавад, изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Таъкид гардид, ки шодравон Алишер Мирзонабот аз ҷумлаи кадрҳое буд, ки садоқат ба давлату миллат ва масъулиятшиносӣ дар иҷрои вазифаро шиори зиндагии худ қарор дода буд.
Гуфта шуд, ки иншооти зиёде, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатӣ бунёд шудаанд ва як қисми онҳо имрӯз ифтитоҳ гардид, маҳз бо талоши ватандӯстонаи шахсии ӯ амалӣ шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон ба падару модари шодравон Алишер Мирзонабот барои ба камол расонидани чунин фарзанди содиқу ватандӯст самимона сипосу миннатдорӣ баён намуд.
Сарвари давлат дастур дод, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот номгузорӣ шавад.
Ёдовра мешавем, ки субҳи 17-уми июн ҳангоми бозгашт аз Душанбе ба Хоруғ дар километри 282-юми шоҳроҳи “Душанбе-Хоруғ”, дар байни деҳаҳои Зиғар ва Яхчисори ноҳияи Дарвоз мошине, ки дар он Алишер Мирзонабот буд, ба дарёи Панҷ сарозер шуд.
Дар мошини раиси ВМКБ ғайр аз худаш ҳамсару кӯдаки хурдсол ва ёвару ронандааш ҳузур доштанд.
Ҷасади раиси ВМКБ баъд аз ду ҳафтаи сарозер шудани мошин ба дарёи Панҷ, субҳи 30-юми июн дар ҳудуди деҳаи Кишти ноҳияи Шамсидддин Шоҳин пайдо ва ҳамон рӯз дар деҳаи Шидзи ноҳияи Рӯшон дафн карданд.
Пеш аз пайдо шудани ҷасади худи Алишер Мирзонабот, мақомот рӯзҳои 26 ва 27-уми июн ҷасади ёвар ва ронандаашро пайдо карда буданд.
Ҷасади Амина Амонуллоева, ҳамсари Алишер Мирзонабот рӯзи 3-юми июл дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ёфт шуд.