Ҷасади Алишер Мирзонабот дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ёфт шуд

© Foto / Пресс-служба администрации Горно-Бадахшанской автономной областиАлишер Мирзонабот, глава ГБАО
Алишер Мирзонабот, глава ГБАО  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2026
Обуна шудан
Ҳамакнун ҷустуҷӯи ҷасади духтарча ва ҳамсари раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома дорад
ДУШАНБЕ, 30 июн - Sputnik. Ҷасади раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот аз дарёи Панҷ ёфт шуд.

Дар ин бора Ориф Нозимиён, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, ҷасад дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Кишт аз ҷониби сохторҳои дахлдор ва аҳолӣ дар рӯйи об мушоҳида шуда, наҷотдиҳандагони Кумита онро аз об берун бароварда ба сохторҳои дахлдор супориданд.

"Ташхиси пурраи тиббӣ муайян кард, ки он Раис Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон мебошад",- афзуд КҲФ.

Таъкид шудааст, ки ҳамакнун ҷустуҷӯи ҷасади духтарча ва ҳамсари раиси ВМКБ идома дорад.
Алишер Мирзонабот - раиси ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2026
Мошини раиси ВМКБ ба дарё сарозер шуд: ВКД гуфт чӣ ҳодиса рух дод
Пештар КҲФ ҳуҷҷатҳо, компютер ва дастхатҳои раисро аз об ёфта буд. То кунун, аҷсоди ронанда ва мушовири раиси ВМКБ низ ёфт шудааст, аммо кофтукофи ҷасади ҳамсар ва духтарчааш идома дорад.

Феълан барои ёфтани аҷсоди дигар, дар ин минтақа беш аз 200 наҷотдиҳандаи Кумита дар якҷоягӣ бо мақомоту сохторҳои дахлдор корҳои ҷустуҷӯии рӯйи обӣ ва зери обиро анҷом дода истодаанд.

Ҷустуҷӯ аз мавзеи ҳодиса то минтақаҳои гуногуни ноҳияҳои Дарвоз, Шамсиддин Шоҳин, минтақаи Кӯлоб ва дигар мавзеҳо ҷараён дорад.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 17 июн дар паи садамаи нақлиётӣ мошини раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ба дарё сарозер шуд. Дар дохили он ҳамроҳи раис ҳамсар, духтарча ва ронандаю ёвараш буданд.
Лентаи хабарҳо
0