https://sputnik.tj/20260911/bozdidi-rahmon-rasht-iftitohi-dahho-inshoot-1080355000.html
Аз ифтитоҳи бинои фурудгоҳ то осорхонаи Нусратулло Махсум: Боздиди Раҳмон аз Рашт
Аз ифтитоҳи бинои фурудгоҳ то осорхонаи Нусратулло Махсум: Боздиди Раҳмон аз Рашт
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон барои ифтитоҳи як қатор иншоотҳои гуногун ба водии Рашт сафар кард
2026-09-11T14:43+0500
2026-09-11T14:43+0500
2026-09-11T14:43+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
рашт
ифтитоҳ
иншоот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/0b/1080355307_0:212:2048:1364_1920x0_80_0_0_1ae22803ddba26e834c5d78296d69769.jpg
ДУШАНБЕ, 11 сент - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъйиноти гуногун дар ноҳияҳои водии Рашт, ҳамчунин суҳбату вохӯрӣ бо аҳолӣ ва иштирок дар тантанаҳои идона ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Рашт сафар кард.Ба иттилои Хадамоти матбуоти раисҷумҳур дар фурудгоҳи ноҳияи Рашт раҳбари кишварро сокинони ноҳия бо эҳтирому самимият ва муҳаббати хос истиқбол гирифтанд.Дар ҳамин ҷо Президенти Тоҷикистон нахуст фурудгоҳи ноҳияи Раштро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.Бинои фурудгоҳ дар раванди корҳои ободонӣ бо дасттирии соҳибкорони ватанӣ навсозӣ шуда, дар он барои мусофирон шароити замонавии хизматрасонӣ муҳайё шудааст.Қайд карда шудааст, ки дар оянда бо кушодани хатсайрҳои нав рафтуомади мусофирон бо ҳавопаймоҳо дигар минтақахо барқарор гардида, хизматрасониҳо ба талаботи имрӯза мутобиқ карда мешаванд.Сипас кишвардори Тоҷикистон мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат муассисаи насли нави соҳаи маориф дар ноҳияи Рашт ифтитоҳ кард.Қайд карда шудааст, ки бинои наву замонавии таълимӣ аз 33 синфхонаи муҷаҳҳаз иборат буда, барои 800 хонандаи болаёқат пешбинӣ гардидааст.Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Рашт зиёда аз 60 омӯзгор соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардиданд.Ҳамчунин, барои бо ҷойи зист таъмин намудани хонандагони аз ноҳияҳои дигари минтақа дар назди муассиса 2 бинои алоҳидаи хобгоҳ барои духтарон ва писарон низ сохта шудааст. Хобгоҳҳо дорои шароити муосир буда, барои 350 хонанда пешбинӣ шудааст.Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сипас 15 иншоотро ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Тоҷикобод ба истифода дод.Ҳамчунин раисҷумҳури кишвар бо лоиҳаи роҳи мошингарди Лабиҷар – Сангвор шинос шуд.Дар деҳаи Қазноқи ноҳияи Рашт бинои ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсум, осорхонаи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва дар шаҳраки Ғарм биноҳои шуъбаи маориф ва шуъбаи муҳофиза дар минтақаи Рашт ва қасри ҷавонон мавриди истифода қарор гирифт.Дар деҳоти Меҳрободи ноҳияи Нуробод бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 барои 700 хонанда ифтитоҳ ёфт.Дар деҳоти Заршӯёни ноҳияи Сангвор бошад меҳмонхонаи Гармчашмаи Вахё ифтитоҳ гардид.Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи фосилавӣ бо шароит барои кору фаъолият дар бинои шуъбаи КДАМ дар ноҳияи Лахш, маркази адлия, маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ ва бинои шабакаҳои барқ шинос шуд.Дар ноҳияи Тоҷикобод ифтитоҳи 3 иншооти соҳаи маориф барои 1300 хонанда ифтитоҳ кард.Хадамоти матбуоти раисҷумҳур таъкид кардааст, ки умуман, дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт 404 иншоот, Нуробод 270, Лахш 99, Тоҷикобод 94 ва дар ноҳияи Сангвор 95 иншоот сохта ба истифода дода шудааст.Зимни сафари корӣ Президенти кишвар дар Рашт корхонаи фаръии истеҳсоли шарбати Саноати хӯроквории минтақаи Рашт мавриди истифода қарор дод.Корхонаи мазкур бо мақсади рушди истеҳсолоти ватанӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат бунёд гардидааст.Корхона бо таҷҳизоти зарурии истеҳсолӣ муҷаҳҳаз буда, барои истеҳсоли шарбати мева дар зарфҳои шишагини ҳаҷмашон аз 0,5 то 1 литр пешбинӣ шудааст.Иқтидори истеҳсолии корхона дар як мавсим 540 ҳазор литр ва дар як сол то 1 миллиону 200 ҳазор литр маҳсулотро ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20260908/rahmon-ijlosiyai-tarikhi-1shuroi-oli-oghozi-davlati-navi-milli-1080269367.html
https://sputnik.tj/20260910/rahmon-tojikiston-marhalai-navi-rushd-qadam-1080315226.html
https://sputnik.tj/20260909/rahmon-aholii-tojikiston-du-barobar-afzoish-1080276892.html
рашт
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/0b/1080355307_186:0:2005:1364_1920x0_80_0_0_cd6f357d2fcc339f694fdd36064d9159.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, рашт, ифтитоҳ, иншоот
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, рашт, ифтитоҳ, иншоот
Аз ифтитоҳи бинои фурудгоҳ то осорхонаи Нусратулло Махсум: Боздиди Раҳмон аз Рашт
Раисҷумҳури Тоҷикистон барои ифтитоҳи як қатор иншоотҳои гуногун ба водии Рашт сафар кард
ДУШАНБЕ, 11 сент - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъйиноти гуногун дар ноҳияҳои водии Рашт, ҳамчунин суҳбату вохӯрӣ бо аҳолӣ ва иштирок дар тантанаҳои идона ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Рашт сафар кард.
Ба иттилои Хадамоти матбуоти раисҷумҳур дар фурудгоҳи ноҳияи Рашт раҳбари кишварро сокинони ноҳия бо эҳтирому самимият ва муҳаббати хос истиқбол гирифтанд.
Дар ҳамин ҷо Президенти Тоҷикистон нахуст фурудгоҳи ноҳияи Раштро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Бинои фурудгоҳ дар раванди корҳои ободонӣ бо дасттирии соҳибкорони ватанӣ навсозӣ шуда, дар он барои мусофирон шароити замонавии хизматрасонӣ муҳайё шудааст.
Қайд карда шудааст, ки дар оянда бо кушодани хатсайрҳои нав рафтуомади мусофирон бо ҳавопаймоҳо дигар минтақахо барқарор гардида, хизматрасониҳо ба талаботи имрӯза мутобиқ карда мешаванд.
Сипас кишвардори Тоҷикистон мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат муассисаи насли нави соҳаи маориф дар ноҳияи Рашт ифтитоҳ кард.
Қайд карда шудааст, ки бинои наву замонавии таълимӣ аз 33 синфхонаи муҷаҳҳаз иборат буда, барои 800 хонандаи болаёқат пешбинӣ гардидааст.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Рашт зиёда аз 60 омӯзгор соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардиданд.
Ҳамчунин, барои бо ҷойи зист таъмин намудани хонандагони аз ноҳияҳои дигари минтақа дар назди муассиса 2 бинои алоҳидаи хобгоҳ барои духтарон ва писарон низ сохта шудааст. Хобгоҳҳо дорои шароити муосир буда, барои 350 хонанда пешбинӣ шудааст.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сипас 15 иншоотро ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Тоҷикобод ба истифода дод.
Ҳамчунин раисҷумҳури кишвар бо лоиҳаи роҳи мошингарди Лабиҷар – Сангвор шинос шуд.
Дар деҳаи Қазноқи ноҳияи Рашт бинои ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсум, осорхонаи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва дар шаҳраки Ғарм биноҳои шуъбаи маориф ва шуъбаи муҳофиза дар минтақаи Рашт ва қасри ҷавонон мавриди истифода қарор гирифт.
Дар деҳоти Меҳрободи ноҳияи Нуробод бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 барои 700 хонанда ифтитоҳ ёфт.
Дар деҳоти Заршӯёни ноҳияи Сангвор бошад меҳмонхонаи Гармчашмаи Вахё ифтитоҳ гардид.
Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи фосилавӣ бо шароит барои кору фаъолият дар бинои шуъбаи КДАМ дар ноҳияи Лахш, маркази адлия, маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ ва бинои шабакаҳои барқ шинос шуд.
Дар ноҳияи Тоҷикобод ифтитоҳи 3 иншооти соҳаи маориф барои 1300 хонанда ифтитоҳ кард.
Хадамоти матбуоти раисҷумҳур таъкид кардааст, ки умуман, дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт 404 иншоот, Нуробод 270, Лахш 99, Тоҷикобод 94 ва дар ноҳияи Сангвор 95 иншоот сохта ба истифода дода шудааст.
Зимни сафари корӣ Президенти кишвар дар Рашт корхонаи фаръии истеҳсоли шарбати Саноати хӯроквории минтақаи Рашт мавриди истифода қарор дод.
Корхонаи мазкур бо мақсади рушди истеҳсолоти ватанӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат бунёд гардидааст.
Корхона бо таҷҳизоти зарурии истеҳсолӣ муҷаҳҳаз буда, барои истеҳсоли шарбати мева дар зарфҳои шишагини ҳаҷмашон аз 0,5 то 1 литр пешбинӣ шудааст.
Иқтидори истеҳсолии корхона дар як мавсим 540 ҳазор литр ва дар як сол то 1 миллиону 200 ҳазор литр маҳсулотро ташкил медиҳад.