https://sputnik.tj/20260910/rahmon-tojikiston-marhalai-navi-rushd-qadam-1080315226.html
Раҳмон: Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушд қадам гузоштааст
Раҳмон: Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушд қадам гузоштааст
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш дар маросими ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гуфт, ки тайи 35 сол кишвар роҳи ниҳоят сахту сангин, вале пуршарафи давлатсозиро тай намуд
2026-09-10T09:36+0500
2026-09-10T09:36+0500
2026-09-10T09:36+0500
дар тоҷикистон
истиқлол
рушд
пешрафт
рӯзи истиқлолият
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/09/1080307467_0:60:2048:1213_1920x0_80_0_0_b6f9d3bd89bc1108abc17313ee1ab0b6.jpg
ДУШАНБЕ, 10 сен - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи расмии Варзишгоҳи миллӣ ва барномаи театрикунонидашуда ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон гуфт, ки миллати тоҷик бо гузашти асрҳои зиёд давлатдории мустақили худро барқарор намуд ва ба давраи комилан нави таърихи худ ворид гардид.Вай илова кард, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шарофати заҳмати содиқона ва талошҳои ватандӯстонаи мардум ба марҳалаи нави рушд қадам гузоштааст.Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки Тоҷикистон тадриҷан ба яке аз марказҳои муҳимми баргузории чорабиниҳои байналмилалии варзишӣ дар минтақа табдил ёфта истодааст.Кишвардори Тоҷикистон бори дигар таъкид кард, ки сокинон бояд ба қадри неъмати бебаҳои истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ расанд ва барои ҳифз кардану таҳким бахшидани пояҳои истиқлоли Ватани маҳбубамон бо иттиҳоду сарҷамъӣ саъйу талош намоянд.
https://sputnik.tj/20260908/rahmon-ijlosiyai-tarikhi-1shuroi-oli-oghozi-davlati-navi-milli-1080269367.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/09/1080307467_0:0:1820:1365_1920x0_80_0_0_ad213d3513f3d6fc0bb2c63146a456e6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, истиқлол, рушд, пешрафт, рӯзи истиқлолият
дар тоҷикистон, истиқлол, рушд, пешрафт, рӯзи истиқлолият
Раҳмон: Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушд қадам гузоштааст
Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш дар маросими ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гуфт, ки тайи 35 сол кишвар роҳи ниҳоят сахту сангин, вале пуршарафи давлатсозиро тай намуд
ДУШАНБЕ, 10 сен - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи расмии Варзишгоҳи миллӣ ва барномаи театрикунонидашуда ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон гуфт, ки миллати тоҷик бо гузашти асрҳои зиёд давлатдории мустақили худро барқарор намуд ва ба давраи комилан нави таърихи худ ворид гардид.
“Маҳз сулҳу субот ва оромии ҷомеа, ки дар натиҷаи саъйу талошҳои зиёд ба даст омад, барои созандагиву ободонии Ватан ва пешрафти устувори давлат заминаи мустаҳкам фароҳам овард”, -гуфт ӯ.
Вай илова кард, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шарофати заҳмати содиқона ва талошҳои ватандӯстонаи мардум ба марҳалаи нави рушд қадам гузоштааст.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки Тоҷикистон тадриҷан ба яке аз марказҳои муҳимми баргузории чорабиниҳои байналмилалии варзишӣ дар минтақа табдил ёфта истодааст.
“Итминони комил дорам, ки Варзишгоҳи навбунёди миллӣ минбаъд ба маркази рушди футболи кишвар, макони баргузории муҳимтарин бозиҳои байналмилаливу минтақавӣ ва майдони омодасозии наслҳои футболбозони муосири тоҷик табдил меёбад”, - гуфт ӯ.
Кишвардори Тоҷикистон бори дигар таъкид кард, ки сокинон бояд ба қадри неъмати бебаҳои истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ расанд ва барои ҳифз кардану таҳким бахшидани пояҳои истиқлоли Ватани маҳбубамон бо иттиҳоду сарҷамъӣ саъйу талош намоянд.