Раҳмон иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олиро оғози бунёди давлати нави миллӣ номид

© Foto / Пресс-служба Рустама ЭмомалиПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2026
Обуна шудан
Раҳбари кишвар таъкид кард, тамоми дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву иҷтимоӣ ва пешрафти устувори Тоҷикистон аз истиқлоли давлатӣ ва Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олӣ сарчашма мегиранд
ДУШАНБЕ, 8 сент - Sputnik. Дар Театри миллӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд.
Президенти кишвар дар суханрониаш иброз дошт, ки дар хотираи таърихии миллати тоҷик солҳои нахустини давлатдории навин ҳамчун давраи ниҳоят душвор ва пуртазод нақш бастаанд.
“Дар натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта кишвари мо ба буҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ ва гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардида, хатари нобудии давлат ва пароканда шудани миллат ба воқеияти талхи он рӯзҳо табдил ёфта буд”, - гуфт ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон нақши Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олиро, ки соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, барои кишвари дар вартаи нобудӣ қарордоштаи мо — нуқтаи гардиши сарнавишт ва оғози бунёди давлати нави миллӣ номид.
Вай зикр кард, ки санаду қарорҳои дар раванди иҷлосия қабулшуда заминаи ҳуқуқӣ ва сиёсии барқарорсозӣ ва рушди давлатдории навини тоҷиконро фароҳам оварда, роҳи минбаъдаи пешрафти кишварро муайян намуданд.
“Ман дар он рӯзҳои барои кишварамон сарнавиштсоз изҳор дошта будам, ки куҳандиёри мо — Тоҷикистони азиз бояд дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи худро ёбад ва барои ин, пеш аз ҳама, сулҳу осоиш зарур аст”, — изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Раҳбари Тоҷикистон таъкид кард, ки “имрӯз бо ифтихору сарфарозӣ изҳор медорам, ки бо такя ба хиради миллӣ ва дастгирии бевоситаи мардуми шарифи Тоҷикистон мо аз имтиҳони сахту сангини тақдир бо эҳсоси баланди масъулият дар назди таърих ва ояндаи халқамон гузаштем”.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2026
Раҳмон гуфт дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Хатлон чанд корхонаи нав бунёд шудааст
Эмомалӣ Раҳмон дар бораи хомуш кардани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, баргардонидани гурезаҳо ва ба як кишвари воҳид табдил додани Тоҷикистон андешаронӣ намуд.
Гуфта шуд, ки таҷрибаи тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ҳамчун падидаи нодири сулҳофарӣ эътироф гардида, имрӯз низ таҷассуми иродаи қавӣ, масъулияти баланди миллӣ ва ваҳдати мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад.
Кишвардори Тоҷикистон тамоми дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву иҷтимоӣ ва пешрафти устувори Тоҷикистон аз истиқлоли давлатӣ ва Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олӣ сарчашма мегиранд.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки маҳз дар ҳамин иҷлосия нахустин рамзи давлатдории тоҷикон — Парчами миллӣ қабул гардида, замина барои таҳия ва тасдиқи дигар рамзҳои давлатӣ ва муҳимтар аз ҳама, Конститутсияи Тоҷикистон фароҳам оварда шуд.
Лентаи хабарҳо
0