Гузашти низомӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Душанбе баргузор шуд

Обуна шудан
7 сентябр дар майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе ба муносибати таҷлили 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон паради ҳарбӣ баргузор гардид
Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Истиқлоли пойтахт дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуд.
Ғайр аз президенти Тоҷикистон, ҳамчунин дар гузашти низомӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ иштирок намуданд.
Дар рафти парад ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар аз назди минбар гузаштанд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш қайд кард, ки паради ҳарбии имрӯза рамзи интизому омодагии баланд ва садоқату вафодории фарзандони далеру шуҷои Тоҷикистон ба давлат, Ватан ва миллат мебошад.
Раҳмон: Тоҷикистон дар зарфи 35 соли соҳибистиқлолӣ роҳи басо сахту сангинро тай намуд
Зери навои мусиқии тантанавии оркестри муттаҳидаи ҳарбӣ ва бо роҳбаладии парчамбардорон гузашти мутантани низомӣ оғоз ёфт.
Дар чорабинии муҳимими сиёсии гузашти Паради ҳарбӣ роҳбарони сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, намояндагони корпуси дипломатӣ, аҳли зиё ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Дар паради ҳарбӣ беш аз 27 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва захираҳои сафарбарӣ (мобилизатсионӣ) иштирок карданд.
Дар Суғд роҳпаймоии умумихалқӣ ва гузашти низомӣ баргузор мешавад
Дар қатори ҷузъу томҳои асосӣ, ротаи занони низомӣ ва собиқадорони ҷангу меҳнат низ аз назди минбар гузаштанд.
Ба ғайр аз пойтахт, чунин парадҳои ҳарбӣ дар марказҳои вилоятҳо — Худжанд, Бохтар ва Хоруғ низ доир карда шуданд.
Лентаи хабарҳо
0