https://sputnik.tj/20260907/rahmon-tojikiston-sohibistiqloli-rohi-sakhtu-sangin-1080241699.html
Раҳмон: Тоҷикистон дар зарфи 35 соли соҳибистиқлолӣ роҳи басо сахту сангинро тай намуд
Раҳмон: Тоҷикистон дар зарфи 35 соли соҳибистиқлолӣ роҳи басо сахту сангинро тай намуд
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон зимни суханрониаш дар Паради ҳарбӣ бахшида ба муносибати ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аз рӯзҳои сахти сипарикардаи Тоҷикистон таъкид кард
2026-09-07T14:43+0500
2026-09-07T14:43+0500
2026-09-07T14:43+0500
эмомалӣ раҳмон
парад
артиш
рӯзи истиқлолият
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/07/1080243761_57:2:2014:1103_1920x0_80_0_0_068055dd41ec78695e267c2bf065ff0f.jpg
ДУШАНБЕ, 7 сент - Sputnik. Раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш таъкид кард, ки Тоҷикистон дар зарфи 35 соли соҳибистиқлолӣ роҳи басо сахту сангинро тай намуд ва аз санҷишҳои сахти таърих гузашт.Вай афзуд, ки солҳои аввали соҳибихтиёрӣ барои кишвари мо давраи бисёр мураккаб буданд.Кишвардори Тоҷикистон таъкид кард, ки дар он рӯзҳои вазнин масъалаҳои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмин намудани сулҳу оромӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, волоияти қонун ва ваҳдати миллӣ ба вазифаи тақдирсоз табдил ёфта буданд.“Мардуми тоҷик ва фарзандони огоҳу бонангу номуси он, бо вуҷуди ҳамаи мушкилот, ба шарофати хиради миллӣ ва эҳсоси баланди масъулият тавонистанд давлати миллии худро аз нобудӣ ва миллати тоҷикро аз парокандагӣ ҳифз намоянд, суботи сиёсиро таъмин созанд ва барои рушди устувори кишвар заминаи боэътимод гузоранд”, - уфт Эмомалӣ Раҳмон.Вай зикр кард, ки дар амалӣ намудани ин вазифаи таърихӣ ва рисолати сарнавиштсоз хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нақши барҷаста бозиданд.Раҳбари Тоҷикистон таъкид кард, ки имрӯзҳо масъулияти хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рӯз ба рӯз ва даҳчанд меафзояд.Қишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва кафили амнияту суботи кишвар мебошанд ва Конститутсияи Тоҷикистон ҳимояи неъмати бузурги истиқлолу озодиро ба зиммаи афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузоштаанд.Вай гуфт тайи 35 соли соҳибистиқлолӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба неруи муназзаму муосир, қудратманд ва касбӣ табдил ёфтаанд.
https://sputnik.tj/20260905/jashni-istiqloli-davlati-varzishgohi-bokhtar-emomali-rahmon-1080205847.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/07/1080243761_118:0:1938:1365_1920x0_80_0_0_6d423e232ff62dd6d86073002fc59656.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, парад, артиш, рӯзи истиқлолият, сиёсат
эмомалӣ раҳмон, парад, артиш, рӯзи истиқлолият, сиёсат
Раҳмон: Тоҷикистон дар зарфи 35 соли соҳибистиқлолӣ роҳи басо сахту сангинро тай намуд
Президенти Тоҷикистон зимни суханрониаш дар Паради ҳарбӣ бахшида ба муносибати ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аз рӯзҳои сахти сипарикардаи Тоҷикистон таъкид кард
ДУШАНБЕ, 7 сент - Sputnik. Раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш таъкид кард, ки Тоҷикистон дар зарфи 35 соли соҳибистиқлолӣ роҳи басо сахту сангинро тай намуд ва аз санҷишҳои сахти таърих гузашт.
Вай афзуд, ки солҳои аввали соҳибихтиёрӣ барои кишвари мо давраи бисёр мураккаб буданд.
“Ҷанги таҳмилии шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта ба давлати тоҷикон, ки нахустин қадамҳои мустақили худро мегузошт, зарари бузурги сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ расонид”, - қайд кард раҳбари кишвар.
Кишвардори Тоҷикистон таъкид кард, ки дар он рӯзҳои вазнин масъалаҳои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмин намудани сулҳу оромӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, волоияти қонун ва ваҳдати миллӣ ба вазифаи тақдирсоз табдил ёфта буданд.
“Мардуми тоҷик ва фарзандони огоҳу бонангу номуси он, бо вуҷуди ҳамаи мушкилот, ба шарофати хиради миллӣ ва эҳсоси баланди масъулият тавонистанд давлати миллии худро аз нобудӣ ва миллати тоҷикро аз парокандагӣ ҳифз намоянд, суботи сиёсиро таъмин созанд ва барои рушди устувори кишвар заминаи боэътимод гузоранд”, - уфт Эмомалӣ Раҳмон.
Вай зикр кард, ки дар амалӣ намудани ин вазифаи таърихӣ ва рисолати сарнавиштсоз хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нақши барҷаста бозиданд.
“Ба хотири ҳимояи сохти конститутсионӣ, амнияти давлат, оромии мардум ва пойдории қонуният ҷасорату фидокориҳои бесобиқа нишон доданд”, - илова кард Эмомалӣ Раҳмон.
Раҳбари Тоҷикистон таъкид кард, ки имрӯзҳо масъулияти хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рӯз ба рӯз ва даҳчанд меафзояд.
Қишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва кафили амнияту суботи кишвар мебошанд ва Конститутсияи Тоҷикистон ҳимояи неъмати бузурги истиқлолу озодиро ба зиммаи афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузоштаанд.
Вай гуфт тайи 35 соли соҳибистиқлолӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба неруи муназзаму муосир, қудратманд ва касбӣ табдил ёфтаанд.