Дар Суғд роҳпаймоии умумихалқӣ ва гузашти низомӣ баргузор мешавад

Парад победы в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2026
Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд дар як машварати корӣ бо мақомдорони вилоят масъалаи баргузории чорабиниҳои идона мавриди баррасӣ қарор дод
ДУШАНБЕ, 12 авг - Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар машварати корӣ бо мақомдорони вилоят масъалаҳои омодагии ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва баргузории чорабиниҳои идонаро баррасӣ кард.
Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар машварат ҷараёни омодагӣ ба чорабиниҳои марбут ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, аз ҷумла ташкили роҳпаймоии умумихалқӣ ва гузашти низомӣ баррасӣ гардид.
Қайд карда шудааст, ки раиси вилоят барои дар сатҳи баланди ташкиливу омодагӣ баргузор намудани онҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Раиси вилояти ҳамчунин таъкид намуд, ки ба истиқболи ҷашни муқаддаси миллӣ корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳо бояд вусъат дода шуда, кӯчаву хиёбонҳо, маҳаллаҳо, роҳҳои автомобилгард ва канори шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд тозаву озода нигоҳ дошта шаванд.
Почетный караул в Таджикистане. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2026
Дар Душанбе гузашти низомӣ доир мешавад
Ҳамзамон, Аҳмадзода ба масъулини соҳаҳои дахлдор барои иҷрои корҳои ободонӣ, омодагии ҳамаҷониба ба чорабиниҳои идона ва дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Раиси вилояти Суғд масъулинро вазифадор кард, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати супоришҳои додашударо таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд ва барои истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.
Лентаи хабарҳо
0