Раҳмон: Як зумра афроди асолатбохта ба сари мардуми Тоҷикистон ҷангеро таҳмил намуданд

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2026
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар суханрониаш дар шаҳри Бохтар гуфт, ки ҷанги шаҳрвандӣ хавфи аз харитаи сиёсии олам нест шудани Тоҷикистонро ба воқеият табдил дод
ДУШАНБЕ, 5 сен - Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Бохтар ёдовар шуд, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар таърихи навини мардуми Тоҷикистон, хусусан барои сокинони вилояти Хатлон давраи ниҳоят ҳассосу сарнавиштсоз ва озмоиши азму иродаи онҳо буд.
“Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали истиқлоли давлатӣ як зумра афроди асолатбохта бо дастуру иғвои бадхоҳони миллати тоҷик ба сари мардуми шарифи Тоҷикистон ҷангеро таҳмил намуданд, ки пеш аз ҳама, оромиву осудагии сокинони вилояти Хатлонро аз байн бурд”, - гуфт Раҳмон.
Вай таъкид кард, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хавфи аз даст рафтани истиқлоли давлатӣ, пароканда гардидани миллат ва аз харитаи сиёсии олам нест шудани Тоҷикистонро ба воқеият табдил дод.
Раисҷумҳури кишвар ёдовар шуд, ки вилояти Хатлон ва бахусус шаҳри Бохтар, дар замони ҷанги шаҳрвандӣ яке аз нуқтаҳои даргир ва ноороми кишвар ба ҳисоб мерафт.
Кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки вилоят он солҳо хисороти ҷиддии моддиву маънавӣ дид.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2026
Аз ордену нишон то рутбаҳои генералӣ: Раҳмон ба кормандони сохторҳои қудратӣ мукофот дод
Вай афзуд, ки бештари мардум аз хонаву дари худ маҳрум монда, ба кишварҳои бегона гуреза шуданд.
“Ҳазорон манзили истиқоматӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу беморхонаҳо ва дигар иншооти иҷтимоӣ сӯхтаву валангор гардиданд. Дар он шабу рӯзҳои фоҷиабор сулҳу оромӣ ва амнияту осоиши ҷомеа ба орзуи ягонаи мардуми азияткашида табдил ёфта буд” , - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Раҳбари Тоҷикистон зимни суханрониаш қайд кард, ки дар вазъияти баамаломада Ҳукумати кишвар аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода карда, ҷиҳати таъмин намудани амнияти ҷомеа, бехатарии мардум, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва бо шароити зиндагии орому осоишта таъмин кардани аҳолии вилоят чораҳои бетаъхир андешид.
Кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки бо талошҳои хастагинопазири мардуми вилояти Хатлон ва саҳми соҳибкорони ватандӯст имрӯз шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла шаҳри Бохтар дар радифи зеботарин минтақаҳои мамлакат қарор доранд.
Вай афзуд, ки бунёду азнавсозии ҳазорон иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ, роҳу пулҳо ва дигар ободиҳо ҳоло нишондиҳандаи рушди бесобиқаи вилоят ва боиси ифтихору сарфарозии ҳар як сокини он мебошад.
Лентаи хабарҳо
0