https://sputnik.tj/20260903/ordenu-nishon-rutbahoi-generali-rahmon-qudrati-mukofot-1080147157.html
Аз ордену нишон то рутбаҳои генералӣ: Раҳмон ба кормандони сохторҳои қудратӣ мукофот дод
Аз ордену нишон то рутбаҳои генералӣ: Раҳмон ба кормандони сохторҳои қудратӣ мукофот дод
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони сохторҳои қудратӣ ва низомӣ мукофотҳои давлатӣ ва унвону рутбаҳои махсус супорид
2026-09-03T16:41+0500
2026-09-03T16:41+0500
2026-09-03T16:41+0500
раҳмон
орден
мукофот
қудратӣ
мақомоти қудратӣ
истиқлол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/03/1080144203_92:132:1956:1180_1920x0_80_0_0_07a599cf12119cff7691ca94ede56382.jpg
ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба як қатор намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва сохторҳои қудратию низомии кишвар мукофотҳои давлатӣ, унвону рутбаҳои махсус супорид.Ба иттилои Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар, раҳбари Тоҷикистон мукофотҳои давлатиро дар маросими тантанавии супорид.Ҳамин тавр, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатии Тоҷикистон ва як гуруҳ низомиён бо унвонҳои фахрӣ ва рутбаҳои махсуси навбатӣ, олии ҳарбӣ, навбатии ҳарбӣ ва дараҷавӣ қадрдонӣ шуданд.Аз ҷумла, дар ин маросим сарбозону афсарон, хизматчиёни низомӣ ва як гуруҳ собиқадорон бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, ордени Спитамен дараҷаи I, ордени Спитамен дараҷаи II, ордени Шараф дараҷаи I, ордени Шараф дараҷаи II, медали Ҷасорат, медали Хизмати шоиста, медали Шафқат, медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон, медали ҷашнии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва бо Ифтихорномаи Тоҷикистон сарфароз гардиданд.Бо фармони Президенти Тоҷикистон ба кормандони масъул аз Хадамоти гумрук, Прокуратура, Вазорати мудофиаи, Вазорати корҳои дохилии, Вазорати адлияи, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, Кумитаи андоз, Хадамоти иҷро ва Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон, Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рутбаҳои олии ҳарбӣ ва махсус, аз ҷумла рутбаи навбатии ҳарбии генерал-полковник, рутбаи махсуси навбатии генерал-полковники адлия, рутбаи олии генерал-полковник, рутбаи олии навбатии генерал-лейтенанти хизмати назорати маводи нашъаовар, рутбаи махсуси навбатии генерал-лейтенант, рутбаи дараҷавии мушовири адлияи дараҷаи 2, рутбаи олии ҳарбии генерал-майори адлия, рутбаи дараҷавии мушовири адлияи дараҷаи 3, рутбаи махсуси навбатии генерал-майори милитсия, рутбаи олии ҳарбии генерал майор, рутбаи навбатии ҳарбии генерал-майори адлия, рутбаи махсуси навбатии генерал-майори адлия, рутбаи олии ҳарбии генерал-майор ва рутбаи тахассусии навбатии мушовири давлатии мақомоти андози дараҷаи 3, дода шуд.Президенти Эмомалӣ Раҳмон хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба хизмати содиқона бар нафъи давлату миллат, таъмини амнияту суботи сарзамин, риояи ҳатмии қонунияту тартибот, яъне волоияти қонун ва иҷрои бечунучарои талаботи ойинномаҳо ҳидоят намуд.
https://sputnik.tj/20260901/rahmon-putin-vaziyati-mintaqa-jahonro-barrasi-1080101831.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/03/1080144203_122:0:1942:1365_1920x0_80_0_0_253d41b46e6d5afd836e4773a8233879.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон, орден, мукофот, қудратӣ, мақомоти қудратӣ, истиқлол
раҳмон, орден, мукофот, қудратӣ, мақомоти қудратӣ, истиқлол
Аз ордену нишон то рутбаҳои генералӣ: Раҳмон ба кормандони сохторҳои қудратӣ мукофот дод
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони сохторҳои қудратӣ ва низомӣ мукофотҳои давлатӣ ва унвону рутбаҳои махсус супорид
ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба як қатор намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва сохторҳои қудратию низомии кишвар мукофотҳои давлатӣ, унвону рутбаҳои махсус супорид.
Ба иттилои Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар, раҳбари Тоҷикистон мукофотҳои давлатиро дар маросими тантанавии супорид.
Ҳамин тавр, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатии Тоҷикистон ва як гуруҳ низомиён бо унвонҳои фахрӣ ва рутбаҳои махсуси навбатӣ, олии ҳарбӣ, навбатии ҳарбӣ ва дараҷавӣ қадрдонӣ шуданд.
Аз ҷумла, дар ин маросим сарбозону афсарон, хизматчиёни низомӣ ва як гуруҳ собиқадорон бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, ордени Спитамен дараҷаи I, ордени Спитамен дараҷаи II, ордени Шараф дараҷаи I, ордени Шараф дараҷаи II, медали Ҷасорат, медали Хизмати шоиста, медали Шафқат, медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон, медали ҷашнии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва бо Ифтихорномаи Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Бо фармони Президенти Тоҷикистон ба кормандони масъул аз Хадамоти гумрук, Прокуратура, Вазорати мудофиаи, Вазорати корҳои дохилии, Вазорати адлияи, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, Кумитаи андоз, Хадамоти иҷро ва Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон, Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рутбаҳои олии ҳарбӣ ва махсус, аз ҷумла рутбаи навбатии ҳарбии генерал-полковник, рутбаи махсуси навбатии генерал-полковники адлия, рутбаи олии генерал-полковник, рутбаи олии навбатии генерал-лейтенанти хизмати назорати маводи нашъаовар, рутбаи махсуси навбатии генерал-лейтенант, рутбаи дараҷавии мушовири адлияи дараҷаи 2, рутбаи олии ҳарбии генерал-майори адлия, рутбаи дараҷавии мушовири адлияи дараҷаи 3, рутбаи махсуси навбатии генерал-майори милитсия, рутбаи олии ҳарбии генерал майор, рутбаи навбатии ҳарбии генерал-майори адлия, рутбаи махсуси навбатии генерал-майори адлия, рутбаи олии ҳарбии генерал-майор ва рутбаи тахассусии навбатии мушовири давлатии мақомоти андози дараҷаи 3, дода шуд.
Президенти Эмомалӣ Раҳмон хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба хизмати содиқона бар нафъи давлату миллат, таъмини амнияту суботи сарзамин, риояи ҳатмии қонунияту тартибот, яъне волоияти қонун ва иҷрои бечунучарои талаботи ойинномаҳо ҳидоят намуд.