Раҳмон ва Путин вазъияти минтақа ва ҷаҳонро дар Бишкек баррасӣ карданд

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент РФ Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон во время встречи на полях саммита Шанхайской организации сотрудничества (ШОС) в Бишкеке.
Президент РФ Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон во время встречи на полях саммита Шанхайской организации сотрудничества (ШОС) в Бишкеке.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2026
Обуна шудан
Дар мулоқоти Валадимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон вазъи кунунии ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия ва дурнамои он баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Муносибатҳо байни Маскав ва Душанбе дар сатҳи шарикии стратегӣ қарор доранд.
Президенти Русия ин нуктаро дар дидор бо кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҳошияи ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Бишкек сурат гирифт таъкид кард.
"Мо мунтазам муошират мекунем ва сатҳи баланд ва мақоми муносибатҳои худро, воқеан дар сатҳи шарикии стратегӣ, нигоҳ медорем", - гуфт ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон, дар ин дидор таъкид кард, ки рушди муносибатҳо байни ду кишвар тамоюли мусбат доранд.
"Хушбахтона аст, ки муносибатҳои байни кишварҳои мо мусбат рушд мекунанд. Онҳо дар ҳама соҳаҳо бомуваффақият рушд доранд. Ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ устуворанд. Ҳамкорӣ дар масъалаҳои амниятӣ ва башардӯстона хуб ба роҳ монда шудааст", - гуфт Раҳмон.
Дар вохӯрӣ вазъи кунунии ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия ва дурнамои он баррасӣ шуд.
Заседание совета глав государств в формате ШОС+ в Бишкеке.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2026
Раҳмон: таъсири тағйирёбии иқлим рӯз аз рӯз бештар мешавад ва мо бояд муттаҳид шавем
Ба иттилои Хадамоти матбуоти раисҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мулоқот тарафҳо таваҷҷуҳи зиёд ба масоили вобаста ба амну субот, тиҷорату иқтисод ва робитаҳои фарҳангию башарӣ зоҳир намуданд.
Пеш аз ҳама, аз суръати сохтмони Маркази рушди кӯдакони болаёқат ва бинои нави театри драмавии ба номи Маяковский дар шаҳри Душанбе изҳори қаноат карда шуд.
Масоили вобаста ба рушди тиҷорат, соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва ҳамкори энергетикӣ низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт.
Владимир Путин дар ин дидор қайд кард, ки табодули коло миёни Русия ва Тоҷикистон дар соли гузашта 25% ва дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ боз 25% афзоиш ёфтааст.
"Мо аз ҷиҳати иқтисодӣ рушд дорем. Соли гузашта гардиши мол 25,1% буд ва дар нимаи аввали соли ҷорӣ боз 25% афзоиш ёфт. Ин суръати хеле хуб аст ва мо аз ин хеле қаноатмандем", - гуфт ӯ.
Путин таъкид кард, ки дар Тоҷикистон 320 корхона бо иштироки Русия фаъолият мекунанд. Ғайр аз ин, 96% тамоми муомилот бо асъори миллӣ анҷом дода мешаванд.
Президент РФ Владимир Путин выступает на заседании Совета глав государств - членов Шанхайской организации сотрудничества (ШОС) в Бишкеке. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2026
Маркази нуфуз дар ҷаҳони бисёрқутбӣ: Путин дар нишасти СҲШ чӣ гуфт
"Мо инчунин ба барномаи ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои 2024-2027 содиқем ва мувофиқи нақшаи чораҳои муштарак барои афзоиши тиҷорати мутақобила то соли 2030, мо бо суръати хеле хуб пеш меравем", - афзуд президенти Русия.
Ҳамзамон Хадамоти матбуоти президженти Тоҷикистон хабар додааст, ки тарафҳо дар дидору мулоқот дар бораи таҳкими ҳамкорӣ барои таъмини амну суботи минтақавӣ, аз ҷумла дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат карданд.
Табодули андеша, ҳамчунин атрофи масоили алоҳидаи вазъият дар минтақа ва ҷаҳон сурат гирифтааст.
Лентаи хабарҳо
0