https://sputnik.tj/20260831/rahmon-bishkek-raft-1080046936.html
Раҳмон ба Бишкек рафт
Раҳмон ба Бишкек рафт
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Бишкек сафар кард
2026-08-31T10:41+0500
2026-08-31T10:41+0500
2026-08-31T11:46+0500
сҳш
бишкек
маҷлис
эмомалӣ раҳмон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/1d/1079312889_206:231:2048:1267_1920x0_80_0_0_dcf422a8000b18a9f2114a5b674ef919.jpg
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ба шаҳри Бишкеки Қирғизистон сафар кард.Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.Дар ин сафар Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро муовини якуми Сарвазир, Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ доранд.Тибқи иттилои хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон, дар нишасти сарони Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Бишкек роҳбарони 17 давлат ва Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ширкат хоҳанд кард.Ғайр аз 10 узви СҲШ (Русия, Беларус, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Тоҷикистон ва Узбекистон), роҳбарони Озарбойҷон, Арманистон, Муғулистон, Того, Туркия, Лаос, инчунин намояндагони Ветнам ва Миср низ дар ин нишаст ширкат хоҳанд кард.Дар ин нишаст, роҳбарон масъалаҳои калидии рӯзномаи байналмилалӣ, рушди минбаъдаи СҲШ ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, логистика, рақамикунонӣ ва муҳити зистро баррасӣ хоҳанд кард.Дар ин нишаст имзои Эъломияи Бишкек барои 25-солагии созмон ва як қатор изҳороти муштарак ба анҷом мерасад.Дар формати "СҲШ+" иштирокчиён нақши СММ ва ҳуқуқи байналмилалӣ, инчунин мусоидат ба рушди устувор ва густариши ҳамкории мутақобилан судмандро баррасӣ хоҳанд кард.Ёдовар мешавем, ки шаҳри Бишкеки Қирғизистон то ин замон чанд маротиба (аз ҷумла солҳои 2007, 2013 ва 2019) мизбони ҷаласаҳои сарони давлатҳои аъзои СҲШ гардидааст.
https://sputnik.tj/20260725/tojikiston-taqviyati-muqovimat-tahdid-fazoi-shsh-1079222351.html
бишкек
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/1d/1079312889_220:0:2040:1365_1920x0_80_0_0_1162a93789aef2b33d509e7d32c334cf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сҳш, бишкек, маҷлис, эмомалӣ раҳмон, сиёсат
сҳш, бишкек, маҷлис, эмомалӣ раҳмон, сиёсат
Раҳмон ба Бишкек рафт
10:41 31.08.2026 (Навсозишуда: 11:46 31.08.2026) Раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Бишкек сафар кард
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ба шаҳри Бишкеки Қирғизистон сафар кард.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Дар ин сафар Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро муовини якуми Сарвазир, Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ доранд.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон, дар нишасти сарони Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Бишкек роҳбарони 17 давлат ва Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ширкат хоҳанд кард.
Ғайр аз 10 узви СҲШ (Русия, Беларус, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Тоҷикистон ва Узбекистон), роҳбарони Озарбойҷон, Арманистон, Муғулистон, Того, Туркия, Лаос, инчунин намояндагони Ветнам ва Миср низ дар ин нишаст ширкат хоҳанд кард.
Дар ин нишаст, роҳбарон масъалаҳои калидии рӯзномаи байналмилалӣ, рушди минбаъдаи СҲШ ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, логистика, рақамикунонӣ ва муҳити зистро баррасӣ хоҳанд кард.
Дар ин нишаст имзои Эъломияи Бишкек барои 25-солагии созмон ва як қатор изҳороти муштарак ба анҷом мерасад.
Дар формати "СҲШ+" иштирокчиён нақши СММ ва ҳуқуқи байналмилалӣ, инчунин мусоидат ба рушди устувор ва густариши ҳамкории мутақобилан судмандро баррасӣ хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки шаҳри Бишкеки Қирғизистон то ин замон чанд маротиба (аз ҷумла солҳои 2007, 2013 ва 2019) мизбони ҷаласаҳои сарони давлатҳои аъзои СҲШ гардидааст.