Тоҷикистон хостори тақвияти муқовимат ба таҳдиду чолишҳои муосир дар фазои СҲШ шуд

© Sputnik / МИД РФ / Гузариш ба медиабонкМинистр иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддин Мухриддин
Министр иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддин Мухриддин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2026
Обуна шудан
Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ дар Чолпон-Атаи Қирғизистон мушкилоти амнияти минтақавиро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 25 июл - Sputnik. Дар шаҳри Чолпон-Атаи Қирғизистон нишасти навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор шуд.
Чорабиниҳои Чолпон-Ата марҳилаи калидӣ дар омодагӣ ба нишасти сарони давлатҳо буд, ки аз 31 август то 1 сентябр дар шаҳри Бишкек таҳти шиори 25-умин солгарди СҲШ баргузор мешавад.
Дар кори ҷаласа ҳайати ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуд.
Зимни нишаст роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷӣ доираи васеи масъалаҳои ҳамкории бисёрҷанбаро дар чорчӯби СҲШ мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар карданд.
Вазирон ҳамчунин маҷмӯи лоиҳаи ҳуҷҷатҳоеро, ки барои баррасӣ ва тасдиқ ба нишасти Шурои сарони давлатҳои узви СҲШ пешниҳод мешаванд, муҳокима намуда, оид ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карданд.
Вазири энержии Тоҷикистон хостори таъсиси Майдони ҳамкории энергетикиим доимамалкунандаи СҲШ шуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2026
Вазири энержии Тоҷикистон хостори таъсиси Майдони ҳамкории энергетикиим доимамалкунандаи СҲШ шуд.
Дар суханронии худ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин мавқеи кишварро оид ба ҷанбаҳои муҳими ҳамкорӣ дар доираи Созмон ва дурнамои таҳкими минбаъдаи он баён намуд.
Вай зимни суханрониаш ба зарурати тақвияти ҳамоҳангсозии талошҳои муштарак дар муқовимат ба таҳдиду чолишҳои муосир ба амният ва таъмини суботу рушди устувор дар фазои СҲШ таъкид кард.
"Мо мутмаин ҳастем, ки тақвияти ҳамкорӣ дар доираи СҲШ асоси бунёди як амният дар АвруОсиё аст. Танҳо бо талошҳои муштарак мо метавонем ба мушкилоте, ки минтақаи мо бо онҳо рӯбарӯ аст, посухи муносиб диҳем", - таъкид кард дипломат.
Вазирон бастаи назарраси ҳуҷҷатҳоро тасдиқ карданд, ки барои баррасӣ ба сарони давлатҳо пешниҳод карда мешаванд.
Ҳуҷҷатҳои асосӣ Протокол дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба Оинномаи СҲШ, инчунин муқаррарот дар бораи фаъолияти Маркази умумиҷаҳонии муқовимат бо чолишҳо ва таҳдидҳои амниятӣ ва Маркази зидди маводи мухаддирро дар бар мегиранд.
Роҳбарон инчунин ҳуҷҷатҳои мавзӯӣ дар бораи амният, зеҳни сунъӣ, нақлиёт, энергетика, тағйирёбии иқлим, маориф ва дастгирии арзишҳои оилавиро қабул хоҳанд кард. Равишҳои мувофиқаи ҷонибҳо дар Эъломияи Бишкек инъикос хоҳанд ёфт.
Дар Чолпон-Ата инчунин муҳокимаи масъалаҳои калидии байналмилалӣ ва минтақавӣ баргузор гардид. Вазирон дар бораи вазъият дар минтақаи СҲШ, инчунин дар Ховари Миёна, минтақаи Халиҷи Форс ва Афғонистон мубодилаи афкор карданд.
Министр иностранных дел России Сергей Лавров и министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2026
Ҳамкориҳои байналмилалӣ: Вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Русия чиро баррасӣ карданд
Пас аз ҷаласа изҳороти муштараки иттилоотӣ қабул карда шуд ва ҳашт ҳуҷҷат, аз ҷумла қарор дар бораи нақшаи ҳамкории кишварҳои узв дар соҳаи амнияти иттилоотии байналмилалӣ, ба имзо расиданд.
Ҳамчунин қарор дар бораи таъин кардани Лоҳури Покистон ҳамчун "Пойтахти сайёҳӣ ва фарҳангии СҲШ" барои солҳои 2026-2027 қабул карда шуд.
Ҳамчунин Вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви СҲШ-ро Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот мавзуъҳои марбут ба густариши ҳамкориҳо дар доираи Созмон ва омодагӣ ба нишасти навбатии Шурои сарони давлатҳои аъзои СҲШ матраҳ гардиданд.
Лентаи хабарҳо
0