Музди миёнаи меҳнат дар Тоҷикистон 15,2% афзудааст

© Sputnik Таджикские сомони
Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2026
Обуна шудан
Баландтарин маошро дар ин давра кормандони соҳаи миёнаравии молиявӣ ва суғурта. Маоши онҳо 8363,7 сомониро ташкил медиҳад.
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Музди миёнаи меҳнати кормандони кироя дар Тоҷикистон дар моҳи июни соли равон болотар шудааст.
Дар ин моҳ даромади кормандон ба ҳисоби миёна 3,8 ҳазор сомониро ташкил дод, хабар медиҳад Оҷонсии омори кишвар
Ба иттилои манбаъ, ин нишондод нисбат ба моҳи июни соли 2025-ум 21,3% ва назар ба моҳи майи имсол 15,2%, зиёд шудааст.
Тибқи додаҳои Оҷонсӣ, баландтарин маошро дар ин давра кормандони соҳаи миёнаравии молиявӣ ва суғурта. Маоши онҳо 8363,7 сомониро ташкил медиҳад.
 Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2026
Раҳмон барои кормандони соҳаи технология ва коммуникатсия маоши иловагӣ таъйин кард
Кормандони иттилоот ва алоқа бо 7020,1 сомонӣ дар ҷайи дуввум ва бахши энержӣ бо 5789,3 сомонӣ дар зинаи сеюм меистанд.
Музди меҳнати кормандони соҳаи истихроҷи канданиҳои фоидаовар - 5313,18, бахши маориф - 4489,9, соҳаи сохтмон ба 4090,6 сомонӣ баробар шудааст.
Моҳонаи кормандони соҳаи нақлиёт ва хоҷагии анбор бошад, 3711,22 сомонӣ, саноати коркард - 3366,7 ва бахши тандурустӣ - 2410,6 сомонӣ будааст
Дар Тоҷикистон камтарин моҳонаро кормандони соҳаи кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳипарварӣ мегиранд. Моҳонаи онҳо ҳамагӣ 1387,53 сомониро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0