https://sputnik.tj/20260429/rahmon-kormandon-tekhnologiya-kommunikatsiya-maosh-tayin-1077169710.html
Раҳмон барои кормандони соҳаи технология ва коммуникатсия маоши иловагӣ таъйин кард
Раҳмон барои кормандони соҳаи технология ва коммуникатсия маоши иловагӣ таъйин кард
Sputnik Тоҷикистон
Фармон ҳадаф дорад, ки бо ҷалби кадрҳои баландихтисос ба хизмати давлатӣ рақобатпазирии бахши давлатиро дар бозори меҳнат таъмин намояд
2026-04-29T16:07+0500
2026-04-29T16:07+0500
2026-04-29T17:37+0500
раисҷумҳур
дар тоҷикистон
фармон
технология
маош
музди меҳнат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/1b/1077111627_128:169:2048:1249_1920x0_80_0_0_40e5a6a34ff4b801e7bc8620dac7680d.jpg
ДУШАНБЕ, 29 апр - Sputnik. Фармони раисҷумҳури Тоҷикистон "Дар бораи танзими музди меҳнат ва пардохти иловапулӣ ба музди меҳнати кормандони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ" ба имзо расид.Дар ин бора дафтарии матбуоти Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон хабар додааст. Қайд карда шудааст, ки ин иқдом ба соҳаи технологияҳои муосир, рушди сармояи инсонӣ, такони ҷидди хоҳад.Қайд карда шудааст, ки фармони мазкур идомаи мантиқии сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат дар роҳи гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва татбиқи “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” мебошад.Фармон ҳадаф дорад, ки бо ҷалби кадрҳои баландихтисос ба хизмати давлатӣ рақобатпазирии бахши давлатиро дар бозори меҳнат таъмин намояд.Ба кормандони соҳа, ки унвони илмӣ доранд, иловапулӣ ба андозаи 30% пардохт мегардад.Қайд карда шудааст, ки ин санад на танҳо масъалаи ҳавасмандгардонии моддӣ, балки суръат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ, дастгирии омӯзгорони фанҳои рақамӣ, кафолати амнияти иттилоот ва соҳибихтиёрии технологии Тоҷикистонро дар марҳилаи нави рушд фаро мегирад.Бо қабули санади мазкур низоми нави ҳавасмандгардонӣ ҷорӣ мегардад, ки он на танҳо ба собиқаи корӣ, балки бевосита ба салоҳияти касбӣ ва сертификатсияи байналмилалии корманд вобастагӣ дорад.Ин иқдом барои ташкили ҳукумати электронӣ ва таъмини амнияти иттилооти кишвар заминаи устувор фароҳам меорад.Қайд карда шудааст, ки маблағгузории маоши зиёдшуда пурра аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ таъмин карда мешавад.
https://sputnik.tj/20260422/muloqoti-toqaevu-khachaturyan-raisjumhur-qazoq-armani-1077005003.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/1b/1077111627_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_7f11ca7dab985ad6cb4efee5d8d52056.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раисҷумҳур, дар тоҷикистон, фармон, технология, маош, музди меҳнат
раисҷумҳур, дар тоҷикистон, фармон, технология, маош, музди меҳнат
Раҳмон барои кормандони соҳаи технология ва коммуникатсия маоши иловагӣ таъйин кард
16:07 29.04.2026 (Навсозишуда: 17:37 29.04.2026) Фармон ҳадаф дорад, ки бо ҷалби кадрҳои баландихтисос ба хизмати давлатӣ рақобатпазирии бахши давлатиро дар бозори меҳнат таъмин намояд
ДУШАНБЕ, 29 апр - Sputnik. Фармони раисҷумҳури Тоҷикистон "Дар бораи танзими музди меҳнат ва пардохти иловапулӣ ба музди меҳнати кормандони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ" ба имзо расид.
Дар ин бора дафтарии матбуоти Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки ин иқдом ба соҳаи технологияҳои муосир, рушди сармояи инсонӣ, такони ҷидди хоҳад.
Қайд карда шудааст, ки фармони мазкур идомаи мантиқии сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат дар роҳи гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва татбиқи “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” мебошад.
Фармон ҳадаф дорад, ки бо ҷалби кадрҳои баландихтисос ба хизмати давлатӣ рақобатпазирии бахши давлатиро дар бозори меҳнат таъмин намояд.
Ба кормандони соҳа, ки унвони илмӣ доранд, иловапулӣ ба андозаи 30% пардохт мегардад.
Қайд карда шудааст, ки ин санад на танҳо масъалаи ҳавасмандгардонии моддӣ, балки суръат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ, дастгирии омӯзгорони фанҳои рақамӣ, кафолати амнияти иттилоот ва соҳибихтиёрии технологии Тоҷикистонро дар марҳилаи нави рушд фаро мегирад.
Бо қабули санади мазкур низоми нави ҳавасмандгардонӣ ҷорӣ мегардад, ки он на танҳо ба собиқаи корӣ, балки бевосита ба салоҳияти касбӣ ва сертификатсияи байналмилалии корманд вобастагӣ дорад.
Ин иқдом барои ташкили ҳукумати электронӣ ва таъмини амнияти иттилооти кишвар заминаи устувор фароҳам меорад.
Қайд карда шудааст, ки маблағгузории маоши зиёдшуда пурра аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ таъмин карда мешавад.