https://sputnik.tj/20260830/afzoish-sokhtmon-manzil-tojikiston-sughd-peshsaf-1080039323.html
Афзоиши сохтмони манзил дар Тоҷикистон: Суғд пешсаф шуд
Афзоиши сохтмони манзил дар Тоҷикистон: Суғд пешсаф шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон зарфи ҳафт моҳи гузашта мизони болотарини сохтмон дар Суғд ва камтарин дар ВМКБ сабт шудааст
2026-08-30T15:20+0500
2026-08-30T15:20+0500
2026-08-30T15:20+0500
дар тоҷикистон
сохтмон
манзил
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/14/1041768222_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_9e1f84d666768e119ff1f31ce8fae474.jpg
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон сохтмони манзилҳои истиқоматӣ афзоиши назаррасро нишон додааст.Афзоиши мизони сохтмони биноҳои истиқоматӣ махсусан дар бахши хусусӣ дар моҳҳои январ - июл ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад, Агентии омори кишвар.Тибқи иттилои ин ниҳод, дар умум ба масоҳати умумии 905 ҳазор метри мураббаъ биноҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд.Ин нишондод ба таъкиди манбаъ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 40% бештар аст.Бештари хонаҳои истиқоматӣ дар Тоҷикистон зарфи ҳафт моҳи гузашта дар Суғд бунёд шудааст.Аз 905 ҳазор метри мураббаъ дар сатҳи ҷумҳурӣ, 313 ҳазору 300 ва ё 34,6% ба ин минтақа рост меояд, хабар дод Оҷонсии омор.Душанбе бо 266 ҳазору 200 метри мураббаъ (29,4%) дар ҷойи дуввум ва Хатлон бо 245 ҳазору 700 метри мураббаъ (27,1%) дар ҷойи сеюм меистад.Дар ноҳияҳои тобеи марказ – 72 ҳазору 200 метри мураббаъ (8%) ва дар ВМКБ – 7 ҳазору 600 метри мураббаъ (0,9%) бунёд шудааст.Таъкид мешавад, ки дар ин муддат 10 адад мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои 15190 ҷойи талаба, сохта ба истифода дода шудаанд.Ташкилотҳои пудратии ҷумҳурӣдар дар ин давра ба маблағи 12278,9 млн сомонӣ корҳои пудратиро иҷро кардаанд, ки нисбат ба моҳҳои январ-июни соли 2025-ум 2006,6 млн сомонӣ зиёд будааст.Қаблан Раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории кишвар гуфта буд, ки нархи хона дар ҷумҳурӣ гарон шудааст ва ин аз харҷи ширкатҳои сохтмонӣ ва талаботи бозор вобаста аст.Ба гуфтаи Низом Мирзозода бахусус дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе гаронӣ мушоҳида мешавад, ки беш аз 800 доллар барои як метри мураббаъ аст.Ба гуфтаи вай арзиши миёнаи як метри мураббаъ хона дар ҷумҳурӣ ба ҳолати моҳи аввали соли ҷорӣ 5000 сомониро ташкил кардааст.
https://sputnik.tj/20260517/khususigardonii-manzil-dar-tojikiston-afzoish-yoftaast-sokhtmon-niz-ziyod-shudaast-1077609366.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/14/1041768222_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_6b891e310c712b959c703082074b16f6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сохтмон, манзил, суғд
дар тоҷикистон, сохтмон, манзил, суғд
Афзоиши сохтмони манзил дар Тоҷикистон: Суғд пешсаф шуд
Дар Тоҷикистон зарфи ҳафт моҳи гузашта мизони болотарини сохтмон дар Суғд ва камтарин дар ВМКБ сабт шудааст
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон сохтмони манзилҳои истиқоматӣ афзоиши назаррасро нишон додааст.
Афзоиши мизони сохтмони биноҳои истиқоматӣ махсусан дар бахши хусусӣ дар моҳҳои январ - июл ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад, Агентии омори кишвар.
Тибқи иттилои ин ниҳод, дар умум ба масоҳати умумии 905 ҳазор метри мураббаъ биноҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд.
Ин нишондод ба таъкиди манбаъ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 40% бештар аст.
Бештари хонаҳои истиқоматӣ дар Тоҷикистон зарфи ҳафт моҳи гузашта дар Суғд бунёд шудааст.
Аз 905 ҳазор метри мураббаъ дар сатҳи ҷумҳурӣ, 313 ҳазору 300 ва ё 34,6% ба ин минтақа рост меояд, хабар дод Оҷонсии омор.
Душанбе бо 266 ҳазору 200 метри мураббаъ (29,4%) дар ҷойи дуввум ва Хатлон бо 245 ҳазору 700 метри мураббаъ (27,1%) дар ҷойи сеюм меистад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ – 72 ҳазору 200 метри мураббаъ (8%) ва дар ВМКБ – 7 ҳазору 600 метри мураббаъ (0,9%) бунёд шудааст.
Таъкид мешавад, ки дар ин муддат 10 адад мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои 15190 ҷойи талаба, сохта ба истифода дода шудаанд.
Ташкилотҳои пудратии ҷумҳурӣдар дар ин давра ба маблағи 12278,9 млн сомонӣ корҳои пудратиро иҷро кардаанд, ки нисбат ба моҳҳои январ-июни соли 2025-ум 2006,6 млн сомонӣ зиёд будааст.
Қаблан Раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории кишвар гуфта буд, ки нархи хона дар ҷумҳурӣ гарон шудааст ва ин аз харҷи ширкатҳои сохтмонӣ ва талаботи бозор вобаста аст.
Ба гуфтаи Низом Мирзозода бахусус дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе гаронӣ мушоҳида мешавад, ки беш аз 800 доллар барои як метри мураббаъ аст.
Ба гуфтаи вай арзиши миёнаи як метри мураббаъ хона дар ҷумҳурӣ ба ҳолати моҳи аввали соли ҷорӣ 5000 сомониро ташкил кардааст.