Бонки АвруОсиёии Рушд ба Тоҷикистон дар рақамикунонии иқтисод кумак мерасонад

© Unsplash / Jakub ŻerdzickiЦифровая экономика. Иллюстративное фото
Цифровая экономика. Иллюстративное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2026
Обуна шудан
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва Бонки АвруОсиёии Рушд ҳамкориҳоро дар самти рақамикунонӣ ва инноватсия густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Байни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон ва Бонки рушди Авруосиё Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти рақамикунонӣ ва рушди инноватсия ба имзо расонида шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон хабар додааст.
Цайд карда шудааст, ки санади мазкур ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои технологияҳои рақамӣ ва инноватсия равона шуда, барои татбиқи лоиҳаҳо ва ташаббусҳои муштарак, ҷалби сармоягузорӣ ва табодули таҷриба заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳамчунин абар дода шудааст, ки дар доираи Ёддошти тафоҳум ҷонибҳо ба густариши ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятноки рақамикунонӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ ва инноватсия, ҷалби имкониятҳои нави сармоягузорӣ ва истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.
Вид Душанбе.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2026
БАОР: Осиёи Марказӣ то соли 2030 ба 251 млрд доллар сармоягузорӣ ниёз дорад
Таъкид шудааст, ки ҳамкории мазкур барои таҳкими шарикии институтсионалӣ, фароҳам овардани имкониятҳои нави сармоягузорӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак дар самти рушди иқтисоди рақамӣ ва экосистемаи инноватсионии Тоҷикистон заминаи мусодид хоҳад гузошт.
Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли 2026, БАОР омодагии худро барои ҷудо кардани 18,5 миллион доллар ба Тоҷикистон барои сохтмон ва бозсозии қисмате аз шоҳроҳи Лабиҷар-Қалъаихумб дар ҷанубу шарқи кишвар изҳор дошт.
Лентаи хабарҳо
0