https://sputnik.tj/20260630/baor-osiyoi-markazi-sarmoyaguzori-1078678999.html
БАОР: Осиёи Марказӣ то соли 2030 ба 251 млрд доллар сармоягузорӣ ниёз дорад
БАОР: Осиёи Марказӣ то соли 2030 ба 251 млрд доллар сармоягузорӣ ниёз дорад
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи мутахассисони ин бонк сармоягузориҳо асосӣ ба энергетика, инфрасохтори нақлиёт, захираҳои об ва логистика заруранд
2026-06-30T13:49+0500
2026-06-30T13:49+0500
2026-06-30T13:49+0500
баор
бонк
сармоягузорӣ
дар тоҷикистон
осиёи марказӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/13/1077652230_0:158:1280:878_1920x0_80_0_0_618de6971aea0071cebe27d80712806a.jpg
ДУШАНБЕ, 30 июн - Sputnik. То соли 2030, барои рушди инфрасохтори калидӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳадди ақал 251 миллиард доллар сармоягузорӣ лозим аст.Дар ин бора Руслан Даленов, муовини раиси Раёсати Бонки АвруОсиёии Рушд (БАОР), дар ҷаласаи солона эълон кард.Ба гуфтаи вай, ин пеш аз ҳама маблағгузорӣ ба лоиҳаҳо дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, таъмини об ва логистика лозим аст.Бахши энергетика ба миқдори бештари маблағ - 170 миллиард доллар ниёз дорад. Боз 60 миллиард доллар бояд барои рушди инфрасохтори нақлиётӣ, 14 миллиард доллар барои обёрӣ ва идоракунии об ва 7 миллиард доллар барои логистика ҷудо карда шавад.Вай қайд кард, ки Осиёи Марказӣ, ки Қазоқистон, Узбакистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистонро дар бар мегирад, имрӯз яке аз минтақаҳои босуръат рушдёбандаи ҷаҳон боқӣ мемонад. Ин панҷ кишвар дар маҷмӯъ 83 миллион нафар аҳолӣ ва иқтисодашон 566 миллиард доллар аст.Тибқи иттилои БАОР, сармоягузорӣ ба бахши истеҳсолии минтақа дар даҳ соли охир ду баробар афзуда, ба 113 миллиард доллар расидааст.Дар оянда, бонк ният дорад, ба самтҳои нави рушди иқтисодии минтақа, аз қабили системаҳои нигоҳдории энергия, технологияҳои зеҳни сунъӣ, робототехника, лоиҳаҳои кайҳонӣ ва ташаббусҳои мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим, фаъолона сармоягузорӣ кунад."Осиёи Марказӣ на танҳо минтақаи захираҳои табиӣ аст. Ин минтақаи навоварӣ, саноатикунонӣ ва сармоягузории дарозмуддат аст", - хулоса кард Руслан Даленов.
https://sputnik.tj/20260627/baor-tojikiston-bosurattarin-rushd-iqtisod-avruosiyo-1078625987.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/13/1077652230_0:39:1137:892_1920x0_80_0_0_4cfb4d5b53e13d8fba6b6e8e0db6f39b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
баор, бонк, сармоягузорӣ, дар тоҷикистон, осиёи марказӣ, иқтисод
баор, бонк, сармоягузорӣ, дар тоҷикистон, осиёи марказӣ, иқтисод
БАОР: Осиёи Марказӣ то соли 2030 ба 251 млрд доллар сармоягузорӣ ниёз дорад
Ба гуфтаи мутахассисони ин бонк сармоягузориҳо асосӣ ба энергетика, инфрасохтори нақлиёт, захираҳои об ва логистика заруранд
ДУШАНБЕ, 30 июн - Sputnik. То соли 2030, барои рушди инфрасохтори калидӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳадди ақал 251 миллиард доллар сармоягузорӣ лозим аст.
Дар ин бора Руслан Даленов, муовини раиси Раёсати Бонки АвруОсиёии Рушд (БАОР), дар ҷаласаи солона эълон кард.
Ба гуфтаи вай, ин пеш аз ҳама маблағгузорӣ ба лоиҳаҳо дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, таъмини об ва логистика лозим аст.
Бахши энергетика ба миқдори бештари маблағ - 170 миллиард доллар ниёз дорад. Боз 60 миллиард доллар бояд барои рушди инфрасохтори нақлиётӣ, 14 миллиард доллар барои обёрӣ ва идоракунии об ва 7 миллиард доллар барои логистика ҷудо карда шавад.
"Инҳо на танҳо ниёзҳои молиявӣ мебошанд - онҳо имкониятҳои сармоягузорӣ мебошанд", - таъкид кард Руслан Даленов.
Вай қайд кард, ки Осиёи Марказӣ, ки Қазоқистон, Узбакистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистонро дар бар мегирад, имрӯз яке аз минтақаҳои босуръат рушдёбандаи ҷаҳон боқӣ мемонад. Ин панҷ кишвар дар маҷмӯъ 83 миллион нафар аҳолӣ ва иқтисодашон 566 миллиард доллар аст.
Тибқи иттилои БАОР, сармоягузорӣ ба бахши истеҳсолии минтақа дар даҳ соли охир ду баробар афзуда, ба 113 миллиард доллар расидааст.
Дар оянда, бонк ният дорад, ба самтҳои нави рушди иқтисодии минтақа, аз қабили системаҳои нигоҳдории энергия, технологияҳои зеҳни сунъӣ, робототехника, лоиҳаҳои кайҳонӣ ва ташаббусҳои мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим, фаъолона сармоягузорӣ кунад.
"Осиёи Марказӣ на танҳо минтақаи захираҳои табиӣ аст. Ин минтақаи навоварӣ, саноатикунонӣ ва сармоягузории дарозмуддат аст", - хулоса кард Руслан Даленов.