https://sputnik.tj/20260828/oqil-oqilov-ubaydulloev-rahmon-maqomdoron-mukofot-1080003878.html
Аз Оқил Оқилов то Убайдуллоев: Раҳмон бо мақомдорони феълӣ ва собиқ мукофоти давлатӣ дод
Аз Оқил Оқилов то Убайдуллоев: Раҳмон бо мақомдорони феълӣ ва собиқ мукофоти давлатӣ дод
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ ба мақомдорони феълӣ ва собиқ ҳамчунин кормандони касбу кори гуногун, собиқадорони меҳнат, мукофотҳои давлатӣ тақдим намуд
2026-08-28T17:42+0500
2026-08-28T17:42+0500
2026-08-28T17:42+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
сиёсат
мукофот
ходими илмӣ
мақомот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/1c/1079989845_0:64:2560:1504_1920x0_80_0_0_463264f590a84086ab6e5834fff4a5a6.jpg
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Бар асоси гузориши аксии дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар феҳрасти афроде, ки ҷоизаи давлатӣ гирифтанд, Оқил Оқилов собиқ сарвазир, Қоҳир Расулзода сарвазири феълӣ, Маҳмадсаид Убайдуллоев собиқ шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ қарор доштанд. Инчунин раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода ва роҳбарони собиқи палатаи поёнии парлумон, Сайдулло Хайруллоев, Шукурҷон Зуҳуров, Маҳмадтоир Зокирзода ҷоиза гирифтаанд.Бо фармони Президенти Тоҷикистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 сарфароз гардонда шуданд.Барои дастовардҳои баланди меҳнатӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, рушди илму фарҳанг ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ 162 корманди соҳаҳои илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ордени Шараф дараҷаи 1, ордени Шараф дараҷаи 2, унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 2, унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон, унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, унвони фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикистон, унвони фахрии Донори ифтихории Тоҷикистон, медали Хизмати шоиста, медали ҷашнии 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техникаро гирифтанд.Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раисҷумҳур ҳамчунин як қатор кормандони соҳаҳои илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон барои саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги кишвар, ҳифзи саломатии аҳолӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.Эмомалӣ Раҳмон дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ саҳми ҳамаи ҳозиринро дар рушди соҳаҳо, шукуфоии сарзамин ва пешрафту тараққиёти пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе махсус таъкид намуд.Ҳамин тавр 1 нафар бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1, 4 нафар бо ордени Шараф дараҷаи 1, 10 кас бо ордени Шараф дараҷаи 2, 95 кас бо медали ҷашнии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 13 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 2 кас бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 2, 3 нафар бо унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, 1 кас бо унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон, 2 кас бо унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, 1 нафар бо унвони фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикистон, 1 кас бо унвони фахрии Донори ифтихории Тоҷикистон, 21 нафар бо медали Хизмати шоиста сарфароз шуданд.Тибқи қарори Кумитаи дарёфти ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техника 8 нафар сазовори ҷоизаи давлатӣ дар соҳаҳои илм ва техника гардиданд.Ёдовар мешавем, ки дар арафаи ҷашни истиқлоли давлатӣ бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ кардани намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла олимону омӯзгорон, шоирону нависандагон, аҳли фарҳангу санъат, коргарону сохтмончиён, кишоварзону соҳибкорон ва собиқадорони соҳаҳои мухталиф дар кишвар ба анъанаи табдил ёфтааст.
https://sputnik.tj/20260828/rahmon-rustam-ordeni-ismoili-somoni-1079995523.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/1c/1079989845_143:0:2418:1706_1920x0_80_0_0_261d5608ece89416f13aa69c3b8a9f9b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, сиёсат , мукофот, ходими илмӣ, мақомот
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, сиёсат , мукофот, ходими илмӣ, мақомот
Аз Оқил Оқилов то Убайдуллоев: Раҳмон бо мақомдорони феълӣ ва собиқ мукофоти давлатӣ дод
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ ба мақомдорони феълӣ ва собиқ ҳамчунин кормандони касбу кори гуногун, собиқадорони меҳнат, мукофотҳои давлатӣ тақдим намуд
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Бар асоси гузориши аксии дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар феҳрасти афроде, ки ҷоизаи давлатӣ гирифтанд, Оқил Оқилов собиқ сарвазир, Қоҳир Расулзода сарвазири феълӣ, Маҳмадсаид Убайдуллоев собиқ шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ қарор доштанд.
Инчунин раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода ва роҳбарони собиқи палатаи поёнии парлумон, Сайдулло Хайруллоев, Шукурҷон Зуҳуров, Маҳмадтоир Зокирзода ҷоиза гирифтаанд.
Бо фармони Президенти Тоҷикистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 сарфароз гардонда шуданд.
Барои дастовардҳои баланди меҳнатӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, рушди илму фарҳанг ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ 162 корманди соҳаҳои илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ордени Шараф дараҷаи 1, ордени Шараф дараҷаи 2, унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 2, унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон, унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, унвони фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикистон, унвони фахрии Донори ифтихории Тоҷикистон, медали Хизмати шоиста, медали ҷашнии 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техникаро гирифтанд.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раисҷумҳур ҳамчунин як қатор кормандони соҳаҳои илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон барои саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги кишвар, ҳифзи саломатии аҳолӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ саҳми ҳамаи ҳозиринро дар рушди соҳаҳо, шукуфоии сарзамин ва пешрафту тараққиёти пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе махсус таъкид намуд.
Ҳамин тавр 1 нафар бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1, 4 нафар бо ордени Шараф дараҷаи 1, 10 кас бо ордени Шараф дараҷаи 2, 95 кас бо медали ҷашнии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 13 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 2 кас бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 2, 3 нафар бо унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, 1 кас бо унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон, 2 кас бо унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, 1 нафар бо унвони фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикистон, 1 кас бо унвони фахрии Донори ифтихории Тоҷикистон, 21 нафар бо медали Хизмати шоиста сарфароз шуданд.
Тибқи қарори Кумитаи дарёфти ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техника 8 нафар сазовори ҷоизаи давлатӣ дар соҳаҳои илм ва техника гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки дар арафаи ҷашни истиқлоли давлатӣ бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ кардани намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла олимону омӯзгорон, шоирону нависандагон, аҳли фарҳангу санъат, коргарону сохтмончиён, кишоварзону соҳибкорон ва собиқадорони соҳаҳои мухталиф дар кишвар ба анъанаи табдил ёфтааст.