https://sputnik.tj/20260828/rahmon-rustam-ordeni-ismoili-somoni-1079995523.html
Раҳмон ба Рустам ордени Исмоили Сомонӣ дод
Раҳмон ба Рустам ордени Исмоили Сомонӣ дод
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури кишвар ба раиси шаҳри Душанбе барои саҳми арзанда гузоштан дар рушду нумуи кишвар ба муносибати 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ ордени Исмоили Сомонӣ тақдим кард
2026-08-28T15:41+0500
2026-08-28T15:41+0500
2026-08-28T15:41+0500
дар тоҷикистон
рустам эмомалӣ
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
орден
ҷоиза
истиқлол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/1c/1079989909_0:78:1910:1153_1920x0_80_0_0_be1552e67f8927ecaa50d25f050c8619.jpg
ДУШАНБЕ, 28авг - Sputnik. Бо фармони Президенти Тоҷикистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 сарфароз гардонда шуд.Дар ин бора хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.Қайд карда шудааст, ки ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I ба Рустами Эмомалӣ барои дастовардҳои баланди меҳнатӣ ва саҳми арзанда гузоштан дар рушду нумуи кишвар тақдим карда шудааст.Бо орден ё нишони дараҷаи яки Исмоили Сомонӣ асосан раҳбарони кишвару ҳукуматҳо, порлумонҳои хориҷӣ ва он мақомоти давлатии Тоҷикистон қадрдонӣ мешаванд, ки барои рушди давлатдорӣ ва муносибатҳои байнидавлатӣ саҳми зиёд гузоштаанд.Бояд гуфт гуфт, ки кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Қасри миллат ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияташон натиҷаҳои шоистаи таҳсин доранд, мукофотҳои давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ тақдим намуданд.Дар аксҳое, ки дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ нашр кардааст, Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон бо ҷоиза дида мешавад.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш изҳор дошт, ки роҳбарияти давлат ва ҳукумат аз ҳама гуна ташаббус ва амалҳои созанда истиқбол намуда, аз дастоварду хизматҳои шоён ҳамеша қадрдонӣ мекунад.Гуфта шуд, ки дар саросари кишвар барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки фаъолона ва саҳми аҳолӣ, бахусус соҳибкорони бонангу номуси ҷумҳурӣ, 35 ҳазору 300 иншооти таъиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст.Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки шахсони бо мукофотҳои давлатӣ сарфарозгашта тамоми донишу таҷрибаи худро дар ҷодаи ободии кишвари азизамон, пойдории сулҳу суботи ҷомеа ва пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти Тоҷикистон равона месозанд.
https://sputnik.tj/20260825/mukofoti-unvoni-fakhri-qadrdoni-rahmon-khodimi-davlati-1079909675.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/1c/1079989909_68:0:1888:1365_1920x0_80_0_0_6f847a1d2d2773d19ba1a8b570684378.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, рустам эмомалӣ, сиёсат , эмомалӣ раҳмон, орден, ҷоиза, истиқлол
дар тоҷикистон, рустам эмомалӣ, сиёсат , эмомалӣ раҳмон, орден, ҷоиза, истиқлол
Раҳмон ба Рустам ордени Исмоили Сомонӣ дод
Раисҷумҳури кишвар ба раиси шаҳри Душанбе барои саҳми арзанда гузоштан дар рушду нумуи кишвар ба муносибати 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ ордени Исмоили Сомонӣ тақдим кард
ДУШАНБЕ, 28авг - Sputnik. Бо фармони Президенти Тоҷикистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 сарфароз гардонда шуд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I ба Рустами Эмомалӣ барои дастовардҳои баланди меҳнатӣ ва саҳми арзанда гузоштан дар рушду нумуи кишвар тақдим карда шудааст.
Бо орден ё нишони дараҷаи яки Исмоили Сомонӣ асосан раҳбарони кишвару ҳукуматҳо, порлумонҳои хориҷӣ ва он мақомоти давлатии Тоҷикистон қадрдонӣ мешаванд, ки барои рушди давлатдорӣ ва муносибатҳои байнидавлатӣ саҳми зиёд гузоштаанд.
Бояд гуфт гуфт, ки кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Қасри миллат ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияташон натиҷаҳои шоистаи таҳсин доранд, мукофотҳои давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ тақдим намуданд.
Дар аксҳое, ки дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ нашр кардааст, Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон бо ҷоиза дида мешавад.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш изҳор дошт, ки роҳбарияти давлат ва ҳукумат аз ҳама гуна ташаббус ва амалҳои созанда истиқбол намуда, аз дастоварду хизматҳои шоён ҳамеша қадрдонӣ мекунад.
Гуфта шуд, ки дар саросари кишвар барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки фаъолона ва саҳми аҳолӣ, бахусус соҳибкорони бонангу номуси ҷумҳурӣ, 35 ҳазору 300 иншооти таъиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст.
“Ин тадбир боис гардид, ки имрӯз симои ҳамаи шаҳру ноҳияҳо куллан дигаргун шуда, садҳо ҳазор ҷойи корӣ таъсис ва шароити зиндагии мардуми кишвар бамаротиб беҳтар гардад”, гуфт Раҳмон.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки шахсони бо мукофотҳои давлатӣ сарфарозгашта тамоми донишу таҷрибаи худро дар ҷодаи ободии кишвари азизамон, пойдории сулҳу суботи ҷомеа ва пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти Тоҷикистон равона месозанд.