ВУХ Русия: Арманистон бо ИИАО дар бораи узвияташ ба Иттиҳодияи Аврупо машварат надорад

© Sputnik / Наталья СеливерстоваЗдание Министерства иностранных дел РФ в Москве.
Здание Министерства иностранных дел РФ в Москве. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2026
Обуна шудан
Вазорати корҳои хориҷии Русия қайд кард, ки Арманистон бо Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё (ИИАО) дар бораи пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо машварат надорад
ДУШАНБЕ, 26 авг - Sputnik. Вазорати хориҷаи Русия ба хавфҳои марбут ба омодагии Арманистон барои пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо, ки қонунан сабт шудааст, ишора кард.
Роҳбарияти Арманистон бо шарикони худ дар Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё (ИИАО) дар бораи омодагии худ барои пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо машварат намекунад, гуфт Микаэл Агасандян, директори Департаменти якуми кишварҳои ИДМ дар Вазорати корҳои хориҷии Русия.
"Мо хавфҳоро мушоҳида дорем, ки дар қонунгузории Арманистон барои пайвастан ба ИА сабт шудааст. Мақомоти Арманистон ин коррро бидуни ягон машварат бо иттифоқчиёни худ дар ИИАО анҷом медиҳанд", - гуфт ӯ.
Заместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2026
Медведев: Арманистон ба умеди Иттиҳодияи Аврупо равобиташро бо ИИАО хароб мекунад
РИА Новости хабар медиҳад, ки қонун дар бораи раванди пайвастани Арманистон ба Иттиҳодияи Аврупо аз ҷониби роҳбарияти Арманистон дар баҳори соли 2025 қабул ва тасдиқ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки роҳбарони ИИАО аз Ереван даъват карданд, ки ҳарчи зудтар дар ин ҷумҳурӣ раъйпурсӣ умумимиллӣ баргузор кунанд, то муайян карда шавад, ки Арманистон дар оянда бо кадом иттиҳод - ИА ё ИИАО ҳаракаташро идома медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0