https://sputnik.tj/20260826/medvedev-armaniston-ittihodiyai-avrupo-ravobit-iiao-kharob-1079927962.html
Медведев: Арманистон ба умеди Иттиҳодияи Аврупо равобиташро бо ИИАО хароб мекунад
Медведев: Арманистон ба умеди Иттиҳодияи Аврупо равобиташро бо ИИАО хароб мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия гуфт, ки Арманистон ҳеҷ гоҳ узви Иттиҳодияи Аврупо намешавад вале равобиташро бо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё куллан хароб мекунад
2026-08-26T11:41+0500
2026-08-26T11:41+0500
2026-08-26T11:41+0500
ииао
авруосиё
ҳамкорӣ
иқтисод
дмитрий медведев
иттиҳоди аврупо
хисорот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/19/1079928640_0:24:3022:1724_1920x0_80_0_0_ee7abe9af3bbbc0cc3e1bc41cefb1d8e.jpg
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Арманистон ҳеҷ гоҳ узви Иттиҳодияи Аврупо нахоҳад шуд, аммо орзуҳои Ереван барои пайвастан ба ин иттиҳод ба муносибатҳои он бо Русия ва дигар кишварҳои узи Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) зарар хоҳад расонд.Дар ин бора муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев изҳор доштааст."Равшан аст, ки Арманистон ҳеҷ гоҳ ба Иттиҳодияи Аврупо, ки аз бемориҳои музмин азият мекашад, ҳамроҳ нахоҳад шуд, аммо ба муносибатҳои худ бо Русия ва дигар кишварҳои ИИАО зарари ҷуброннопазир мерасонад", - гуфт Медведев.Ба гуфтаи вай, чунин натиҷа "нархи" сиёсати роҳбарияти кунунии Арманистон хоҳад буд. Муовини раиси Шӯрои амният инчунин мақомоти ҷумҳуриро ба хиёнат ба манфиатҳои миллӣ ва таъқиби калисои апостолии Арманистон муттаҳам кард.24 август сарвазири Арманистон Никол Пашинян эълон кард, ки Арманистон қасд дорад, дар ояндаи наздик раванди дархост барои пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо (ИА)-ро оғоз кунад.Дар охири моҳи май ва аввали июни соли 2026, муносибатҳои Русия ва Арманистон дар пасманзари наздикшавии Ереван бо Иттиҳоди Аврупо ва хуруҷи он аз СПАД боз бадтар шуданд.Дар ҳамин ҳол, Пашинян рӯзи 7 август изҳор дошт, ки тақвияти ҳамкорӣ бо кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷӣ ва иқтисодии Арманистон аст. Аммо, сарвазири Арманистон қаблан таъкид карда буд, ки узвияти ҳамзамони Ереван ҳам дар Иттиҳоди Аврупо ва ҳам дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ғайриимкон аст.
https://sputnik.tj/20260824/mondar-iiao-payvastan-ia-armaniston-omodagi-raypursi-oghoz-1079891192.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/19/1079928640_219:0:2948:2047_1920x0_80_0_0_b9169e606b9dbdc56e00f4acd99e3420.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, авруосиё, ҳамкорӣ, иқтисод, дмитрий медведев, иттиҳоди аврупо, хисорот
ииао, авруосиё, ҳамкорӣ, иқтисод, дмитрий медведев, иттиҳоди аврупо, хисорот
Медведев: Арманистон ба умеди Иттиҳодияи Аврупо равобиташро бо ИИАО хароб мекунад
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия гуфт, ки Арманистон ҳеҷ гоҳ узви Иттиҳодияи Аврупо намешавад вале равобиташро бо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё куллан хароб мекунад
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Арманистон ҳеҷ гоҳ узви Иттиҳодияи Аврупо нахоҳад шуд, аммо орзуҳои Ереван барои пайвастан ба ин иттиҳод ба муносибатҳои он бо Русия ва дигар кишварҳои узи Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) зарар хоҳад расонд.
Дар ин бора муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев изҳор доштааст.
"Равшан аст, ки Арманистон ҳеҷ гоҳ ба Иттиҳодияи Аврупо, ки аз бемориҳои музмин азият мекашад, ҳамроҳ нахоҳад шуд, аммо ба муносибатҳои худ бо Русия ва дигар кишварҳои ИИАО зарари ҷуброннопазир мерасонад", - гуфт Медведев.
Ба гуфтаи вай, чунин натиҷа "нархи" сиёсати роҳбарияти кунунии Арманистон хоҳад буд. Муовини раиси Шӯрои амният инчунин мақомоти ҷумҳуриро ба хиёнат ба манфиатҳои миллӣ ва таъқиби калисои апостолии Арманистон муттаҳам кард.
24 август сарвазири Арманистон Никол Пашинян эълон кард, ки Арманистон қасд дорад, дар ояндаи наздик раванди дархост барои пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо (ИА)-ро оғоз кунад.
Дар охири моҳи май ва аввали июни соли 2026, муносибатҳои Русия ва Арманистон дар пасманзари наздикшавии Ереван бо Иттиҳоди Аврупо ва хуруҷи он аз СПАД боз бадтар шуданд.
Дар ҳамин ҳол, Пашинян рӯзи 7 август изҳор дошт, ки тақвияти ҳамкорӣ бо кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷӣ ва иқтисодии Арманистон аст. Аммо, сарвазири Арманистон қаблан таъкид карда буд, ки узвияти ҳамзамони Ереван ҳам дар Иттиҳоди Аврупо ва ҳам дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ғайриимкон аст.