https://sputnik.tj/20260827/gulmahmadzoda-meros-abuali-ibni-sino-ilm-diplomatiya-tandurusti-1079964542.html
Гулмаҳмадзода: Мероси Абӯалӣ ибни Сино барои илму дипломатияи тандурустӣ муҳим аст
Гулмаҳмадзода: Мероси Абӯалӣ ибни Сино барои илму дипломатияи тандурустӣ муҳим аст
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон дар Русия бар он аст, ки асарҳои табиб, файласуф ва мутафаккири бузурги асримиёнагӣ Абӯалӣ ибни Сино дар илми академии Русия мақоми хосро доранд ва инчунин як воситаи муҳими дипломатияи илмӣ мебошанд
2026-08-27T14:43+0500
2026-08-27T14:43+0500
2026-08-27T14:43+0500
дар тоҷикистон
эрон
русия
ибни сино
конфронс
давлатшоҳ гулмаҳмадзода
конфронси байналмиллалӣ
тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/1b/1079963827_0:0:1200:675_1920x0_80_0_0_1540e6fc8a9f57f90619c4a43c47d387.jpg
ДУШАНБЕ, 27 авг - Sputnik. Бо ташаббуси сафоратҳои Тоҷикистон ва Эрон дар Русия ва дар ҳамкорӣ бо Бунёди Ибни Сино оид ба тадқиқоти фарҳанги исломӣ дар Маскав дар “Донишгоҳи тиббии Русия” Конфронси байналмилалии илмӣ дар мавзуи “Саҳми Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули соҳаи тиб: осори илмӣ, таҷриба ва назария” баргузор гардид.Ин Конфронс бо иштироки табибон ва олимони Тоҷикистон, Русия, Эрон Ҳиндустон, инчунин рӯзноманигорон ва дипломатҳо баргузор гардид.Дар ин конфронси илмӣ сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба саҳми Абӯалӣ Сино дар рушди тиб таъкид кард.Сафири тоҷик қайд намуд, ки Абуалӣ ибни Сино яке аз бузургтарин нобиғаҳои ҷаҳонӣ дар ҳама давру замон ва олими забардасти тоҷику форс мебошад. Ӯ дар охири асри X ва аввали асри XI зиндагӣ намуда, дар соҳаҳои ниҳоят гуногуни илм, хусусан дар инкишофи фалсафа ва тибби дунё саҳми босазо гузоштааст"Ҳамаи мо медонем, ки Ибни Сино на танҳо як табиби барҷаста, балки як файласуф ва мутафаккири бузург буд, ки аз ҳама илмҳои асосии иҷтимоӣ ва табиии замони худ амиқан огоҳ буд. Саҳми ӯ дар рушди беш аз 20 соҳаи дониш, аз ҷумла тиб, дорушиносӣ, кимийи дорусозӣ, фалсафа, мантиқ ва илмҳои табиӣ, эътирофи ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Вай яке аз асосгузорони усули илмӣ ҳисобида мешавад, ки мантиқ, фалсафа ва дониши амалиро ҳамчун муҳимтарин абзорҳои таҳқиқоти илмӣ ба таври табиӣ муттаҳид кардааст", - гуфт сафир дар ифтитоҳи конфронс.Роҳбари намояндагии дипломатӣ иброз намуд, ки дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, арҷгузорӣ ба мероси ҷовидонаи Абуали ибни Сино мазмуни нав гирифт. Таъқид гардид, ки ба хотири арҷгузорӣ ба саҳми фарзанди бузурги миллати тоҷик Абуалӣ ибни Сино дар рушди тандурустӣ ва илми тиб дар арсаи ҷаҳон бо Фармони Президенти Тоҷикистон аз 23 майи соли 2026 Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис дода шуд.Сафир қайд кард, ки осори безаволи Абуалӣ ибни Сино то имрӯз ҳамчун сарчашмаи муҳими дониш дар ҷаҳон мавриди омӯзиш қарор дошта, он дар рушди илму маърифати башар нақши арзишманд мебозад.Ин ҳам дар ҳолес, ки кордори Сафорати Эрон дар Русия Парчизода Афшин дар ин конфронс таъкид намуд, ки Абуалӣ ибни Сино рамзи равшани тамаддунест, ки марзҳои ҷуғрофиро убур мекунад.Кордори Сафорати Эрон таъкид кард, ки барои Эрон ва Тоҷикистон Абуалӣ ибни Сино қисми муҳими ҳувияти фарҳангӣ ва ифтихори умумии ду миллат мебошад, ки бо забони умумӣ ва мероси фарҳангӣ муттаҳид шудаанд.Ҳамчунин дар конфронс муовини ректори Донишгоҳи тиббии Россия доктори илмҳои тиб, профессор - Владимир Евдокимов ва дигар шахсони расмии Тоҷикистон ва Эрон суханронӣ намуданд.Коршиносоне, ки дар ин қонфронс иштирок доштанд таъкид карданд, ки Абуалӣ ибни Сино, на танҳо ҳамчун табиби ҳозиқ, балки ба ҳайси файласуфи ақлгаро, мутафаккири донандаи тамоми илмҳои иҷтимоию табиатшиносии давронаш, олими энсиклопедист ва ҳамчун нобиғаи кулли инсонияти мутамаддин ба ҳар яке аз илмҳои ба он машғулгардидааш навгониҳои зиёд ворид сохта, равиши рушду такомули ин илмҳоро барои чандин садсолаҳои минбаъда муайян намудааст.Коршиносон аз таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар Тоҷикистон истиқбол карданд ва таъкид карданд, ки гиромидошти шахсияти Абуалӣ ибни Сино тавассути як ҷоизаи бонуфузи байналмилалӣ ба таҳкими муколамаи илмӣ, мубодилаи дониш ва наздикшавии бештари миллатҳо мусоидат хоҳад намуд.Дар ҳошияи конфронс китоби илмии “Таърихи тибби тоҷик. То ибни Сино” бо забони русӣ муаррифӣ гардид. Муаллифи китоби мазкур мудири Дафтари фаврии Маркази тиббии Академияи хоҷагии халқ ва идоракунии давлатии назди Президенти Русия Абдулло Давлатов мебошад.Ҳамчунин дар доираи конфронс ба мақсади шиносоӣ аз ҳаёт ва фаъолияти олими мутафаккири бузург намоиши филми мустанад, хона-музей, утоқи корӣ, асбоб ва лавозимоти истифодашавандаи тиббии замони ҳаким Абуалӣ ибни Сино ва китобҳо аз осори илмии ӯ ба маърази тамошои иштирокчиён гузошта шуд.
https://sputnik.tj/20260818/rahmon-pizishkoni-tojikiston-tabrik-vorisoni-abuali-ibni-sino-1079744727.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/1b/1079963827_150:0:1050:675_1920x0_80_0_0_126473113c70b931c28ebee545118699.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эрон, русия, ибни сино, конфронс, давлатшоҳ гулмаҳмадзода, конфронси байналмиллалӣ, тандурустӣ
дар тоҷикистон, эрон, русия, ибни сино, конфронс, давлатшоҳ гулмаҳмадзода, конфронси байналмиллалӣ, тандурустӣ
Гулмаҳмадзода: Мероси Абӯалӣ ибни Сино барои илму дипломатияи тандурустӣ муҳим аст
Сафири Тоҷикистон дар Русия бар он аст, ки асарҳои табиб, файласуф ва мутафаккири бузурги асримиёнагӣ Абӯалӣ ибни Сино дар илми академии Русия мақоми хосро доранд ва инчунин як воситаи муҳими дипломатияи илмӣ мебошанд
ДУШАНБЕ, 27 авг - Sputnik. Бо ташаббуси сафоратҳои Тоҷикистон ва Эрон дар Русия ва дар ҳамкорӣ бо Бунёди Ибни Сино оид ба тадқиқоти фарҳанги исломӣ дар Маскав дар “Донишгоҳи тиббии Русия” Конфронси байналмилалии илмӣ дар мавзуи “Саҳми Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули соҳаи тиб: осори илмӣ, таҷриба ва назария” баргузор гардид.
Ин Конфронс бо иштироки табибон ва олимони Тоҷикистон, Русия, Эрон Ҳиндустон, инчунин рӯзноманигорон ва дипломатҳо баргузор гардид.
Дар ин конфронси илмӣ сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба саҳми Абӯалӣ Сино дар рушди тиб таъкид кард.
Сафири тоҷик қайд намуд, ки Абуалӣ ибни Сино яке аз бузургтарин нобиғаҳои ҷаҳонӣ дар ҳама давру замон ва олими забардасти тоҷику форс мебошад. Ӯ дар охири асри X ва аввали асри XI зиндагӣ намуда, дар соҳаҳои ниҳоят гуногуни илм, хусусан дар инкишофи фалсафа ва тибби дунё саҳми босазо гузоштааст
"Ҳамаи мо медонем, ки Ибни Сино на танҳо як табиби барҷаста, балки як файласуф ва мутафаккири бузург буд, ки аз ҳама илмҳои асосии иҷтимоӣ ва табиии замони худ амиқан огоҳ буд. Саҳми ӯ дар рушди беш аз 20 соҳаи дониш, аз ҷумла тиб, дорушиносӣ, кимийи дорусозӣ, фалсафа, мантиқ ва илмҳои табиӣ, эътирофи ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Вай яке аз асосгузорони усули илмӣ ҳисобида мешавад, ки мантиқ, фалсафа ва дониши амалиро ҳамчун муҳимтарин абзорҳои таҳқиқоти илмӣ ба таври табиӣ муттаҳид кардааст", - гуфт сафир дар ифтитоҳи конфронс.
Роҳбари намояндагии дипломатӣ иброз намуд, ки дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, арҷгузорӣ ба мероси ҷовидонаи Абуали ибни Сино мазмуни нав гирифт. Таъқид гардид, ки ба хотири арҷгузорӣ ба саҳми фарзанди бузурги миллати тоҷик Абуалӣ ибни Сино дар рушди тандурустӣ ва илми тиб дар арсаи ҷаҳон бо Фармони Президенти Тоҷикистон аз 23 майи соли 2026 Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис дода шуд.
Сафир қайд кард, ки осори безаволи Абуалӣ ибни Сино то имрӯз ҳамчун сарчашмаи муҳими дониш дар ҷаҳон мавриди омӯзиш қарор дошта, он дар рушди илму маърифати башар нақши арзишманд мебозад.
Ин ҳам дар ҳолес, ки кордори Сафорати Эрон дар Русия Парчизода Афшин дар ин конфронс таъкид намуд, ки Абуалӣ ибни Сино рамзи равшани тамаддунест, ки марзҳои ҷуғрофиро убур мекунад.
“Абуалӣ ибни Сино дар Бухоро дар замони давлатдории Сомониён таваллуд шудааст ва забони модарии ӯ форсӣ-тоҷикӣ буд. Ташаккули илмии ӯ, азхудкунии мероси мутафаккирони Фалати Эрон ва эҷоди асарҳои барҷастае, ки дар анъанаи аврупоӣ бо номи Авитсенна маъруф аст, бо шаҳрҳои таърихии Рой, Исфаҳон ва Ҳамадон алоқаманд мебошад”, гуфт ӯ.
Кордори Сафорати Эрон таъкид кард, ки барои Эрон ва Тоҷикистон Абуалӣ ибни Сино қисми муҳими ҳувияти фарҳангӣ ва ифтихори умумии ду миллат мебошад, ки бо забони умумӣ ва мероси фарҳангӣ муттаҳид шудаанд.
Ҳамчунин дар конфронс муовини ректори Донишгоҳи тиббии Россия доктори илмҳои тиб, профессор - Владимир Евдокимов ва дигар шахсони расмии Тоҷикистон ва Эрон суханронӣ намуданд.
Коршиносоне, ки дар ин қонфронс иштирок доштанд таъкид карданд, ки Абуалӣ ибни Сино, на танҳо ҳамчун табиби ҳозиқ, балки ба ҳайси файласуфи ақлгаро, мутафаккири донандаи тамоми илмҳои иҷтимоию табиатшиносии давронаш, олими энсиклопедист ва ҳамчун нобиғаи кулли инсонияти мутамаддин ба ҳар яке аз илмҳои ба он машғулгардидааш навгониҳои зиёд ворид сохта, равиши рушду такомули ин илмҳоро барои чандин садсолаҳои минбаъда муайян намудааст.
Коршиносон аз таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар Тоҷикистон истиқбол карданд ва таъкид карданд, ки гиромидошти шахсияти Абуалӣ ибни Сино тавассути як ҷоизаи бонуфузи байналмилалӣ ба таҳкими муколамаи илмӣ, мубодилаи дониш ва наздикшавии бештари миллатҳо мусоидат хоҳад намуд.
Дар ҳошияи конфронс китоби илмии “Таърихи тибби тоҷик. То ибни Сино” бо забони русӣ муаррифӣ гардид. Муаллифи китоби мазкур мудири Дафтари фаврии Маркази тиббии Академияи хоҷагии халқ ва идоракунии давлатии назди Президенти Русия Абдулло Давлатов мебошад.
Ҳамчунин дар доираи конфронс ба мақсади шиносоӣ аз ҳаёт ва фаъолияти олими мутафаккири бузург намоиши филми мустанад, хона-музей, утоқи корӣ, асбоб ва лавозимоти истифодашавандаи тиббии замони ҳаким Абуалӣ ибни Сино ва китобҳо аз осори илмии ӯ ба маърази тамошои иштирокчиён гузошта шуд.