https://sputnik.tj/20260818/rahmon-pizishkoni-tojikiston-tabrik-vorisoni-abuali-ibni-sino-1079744727.html
Раҳмон пизишкони Тоҷикистонро табрик кард: Шумо ворисони Абуалӣ ибни Сино ҳастед
Раҳмон пизишкони Тоҷикистонро табрик кард: Шумо ворисони Абуалӣ ибни Сино ҳастед
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми табрикотиаш ба муносибати Рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб таъкид кард, ки саломатии аҳолӣ сарвати асосии давлат ва шарти муҳимми пешрафти ҷомеа мебошад
2026-08-18T13:49+0500
2026-08-18T13:49+0500
2026-08-18T13:49+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
тандурустӣ
пизишкон
табрик
ибни сино
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/1a/1078602378_0:102:2048:1255_1920x0_80_0_0_26a0bae7f9e014fe5db4fe0e73a7fa87.jpg
ДУШАНБЕ, 18 авг - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур дар паёми табрикотиаш, ки дар сомонаи расмии раисҷумҳур нашр шудааст, таъкид кард, ки беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар сокини мамлакат ҳадафи аслии сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад."Шумо намояндагони касбе мебошед, ки ба умеду боварӣ, меҳрубониву садоқат ва ҳаёти инсон пайванди мустақим дорад. Ҳар шахси ранҷуру бемор, ки ба шумо муроҷиат мекунад, пеш аз ҳама, ба донишу таҷриба ва муносибату муоширати неку хайрхоҳонаатон эътимод мебандад. Имрӯз ҷомеа аз кормандони тиб на танҳо дониши баланди касбӣ, балки ахлоқи ҳамида, меҳрубониву масъулиятшиносӣ, одоби муошират ва эҳтиром нисбат ба ҳар беморро талаб менамояд. Ин арзишҳо дар фаъолияти ҳар табиб бояд дар мақоми аввал қарор дошта бошанд",- афзуданд Эмомалӣ Раҳмон .Раисҷумҳур ҳамчунин изҳор дошт, ки рушди босуръати тибби муосир ҳар мутахассисро водор менамояд, ки донишу малакаи кориашро пайваста такмил диҳад, технологияҳои навро азхуд намояд, таҷрибаи пешқадами ҷаҳониро омӯзад ва онро дар амал татбиқ созад.Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ маблағгузории соҳаи тандурустӣ сол ба сол бештар гардида, то имрӯз дар саросари мамлакат ҳазорҳо муассисаи наву замонавии тиббӣ бунёд карда шудаанд.“Муассисаҳои тиббии кишвар ҳоло бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин мебошанд, ки барои ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхису табобат ва беҳтар гардидани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ мусоидат карда истодааст”, - гуфт ӯ.Разбари кишвар қайд кард, ки дар баробари рушди инфрасохтор, рақамикунонии соҳа низ босуръат пеш меравад.Ҷорӣ намудани низоми ягонаи иттилооти тандурустӣ, истифодаи сабтҳои электронии тиббӣ ва васеъ намудани хизматрасониҳои рақамӣ аз ҷумлаи иқдомҳое мебошанд, ки дар солҳои наздик сифати хизматрасонии тиббиро боз ҳам беҳтар хоҳанд кард.Ин тадбирҳо ба беҳтар гардидани сифати зиндагии мардум ва зиёд шудани давомнокии умри аҳолӣ мусоидат менамоянд, гуфт раҳбари кишвар.
https://sputnik.tj/20260524/tojikiston-joizai-baynalmilali-abuali-ibni-sino-1077769016.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/1a/1078602378_88:0:1908:1365_1920x0_80_0_0_0ff42295c51251ea612fec187111358e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, тандурустӣ, пизишкон, табрик, ибни сино
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, тандурустӣ, пизишкон, табрик, ибни сино
Раҳмон пизишкони Тоҷикистонро табрик кард: Шумо ворисони Абуалӣ ибни Сино ҳастед
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми табрикотиаш ба муносибати Рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб таъкид кард, ки саломатии аҳолӣ сарвати асосии давлат ва шарти муҳимми пешрафти ҷомеа мебошад
ДУШАНБЕ, 18 авг - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур дар паёми табрикотиаш, ки дар сомонаи расмии раисҷумҳур нашр шудааст, таъкид кард, ки беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар сокини мамлакат ҳадафи аслии сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.
"Шумо намояндагони касбе мебошед, ки ба умеду боварӣ, меҳрубониву садоқат ва ҳаёти инсон пайванди мустақим дорад. Ҳар шахси ранҷуру бемор, ки ба шумо муроҷиат мекунад, пеш аз ҳама, ба донишу таҷриба ва муносибату муоширати неку хайрхоҳонаатон эътимод мебандад. Имрӯз ҷомеа аз кормандони тиб на танҳо дониши баланди касбӣ, балки ахлоқи ҳамида, меҳрубониву масъулиятшиносӣ, одоби муошират ва эҳтиром нисбат ба ҳар беморро талаб менамояд. Ин арзишҳо дар фаъолияти ҳар табиб бояд дар мақоми аввал қарор дошта бошанд",- афзуданд Эмомалӣ Раҳмон .
Раисҷумҳур ҳамчунин изҳор дошт, ки рушди босуръати тибби муосир ҳар мутахассисро водор менамояд, ки донишу малакаи кориашро пайваста такмил диҳад, технологияҳои навро азхуд намояд, таҷрибаи пешқадами ҷаҳониро омӯзад ва онро дар амал татбиқ созад.
Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ маблағгузории соҳаи тандурустӣ сол ба сол бештар гардида, то имрӯз дар саросари мамлакат ҳазорҳо муассисаи наву замонавии тиббӣ бунёд карда шудаанд.
“Муассисаҳои тиббии кишвар ҳоло бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин мебошанд, ки барои ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхису табобат ва беҳтар гардидани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ мусоидат карда истодааст”, - гуфт ӯ.
Разбари кишвар қайд кард, ки дар баробари рушди инфрасохтор, рақамикунонии соҳа низ босуръат пеш меравад.
Ҷорӣ намудани низоми ягонаи иттилооти тандурустӣ, истифодаи сабтҳои электронии тиббӣ ва васеъ намудани хизматрасониҳои рақамӣ аз ҷумлаи иқдомҳое мебошанд, ки дар солҳои наздик сифати хизматрасонии тиббиро боз ҳам беҳтар хоҳанд кард.
Ин тадбирҳо ба беҳтар гардидани сифати зиндагии мардум ва зиёд шудани давомнокии умри аҳолӣ мусоидат менамоянд, гуфт раҳбари кишвар.