https://sputnik.tj/20260825/mukofoti-unvoni-fakhri-qadrdoni-rahmon-khodimi-davlati-1079909675.html
Аз мукофот то унвонӣ фахрӣ: Қадрдонии Раҳмон аз 165 ходими давлатӣ
Аз мукофот то унвонӣ фахрӣ: Қадрдонии Раҳмон аз 165 ходими давлатӣ
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури кишвар 165 корманди соҳаҳои илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро қадрдонӣ кард
2026-08-25T12:56+0500
2026-08-25T12:56+0500
2026-08-25T13:12+0500
дар тоҷикистон
мукофот
мукофоти давлатӣ
эмомалӣ раҳмон
истиқлол
рӯзи истиқлолият
қадрдонӣ
ходимон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/19/1079910581_0:81:2048:1234_1920x0_80_0_0_8b1bf1f2f5da31eac6946e128719d17f.jpg
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ тақдим намуд.Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дод.Нахуст, Президенти кишвар ҳозиринро ба муносибати 35-солагии ҷашни истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва ба ифтихори сарфароз гардиданашон бо мукофотҳои давлатӣ самимона табрик намуд.Ба иттилои манбаъ, барои дастовардҳои баланди меҳнатӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, рушди илму фарҳанг ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ 165 корманди соҳаҳои илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мукофотҳои давлатии Тоҷикистонро гирифтанд.Бо фармони Президенти Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги кишвар, ҳифзи саломатии аҳолӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ як қатор кормандон бо мукофотҳои давлатии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.“Натиҷаи ҳамин қадршиносиҳо буд, ки имрӯз 7 нафар, аз ҷумла бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд”, - гуфт Раҳмон.Ҳамин тавр дар маросими мукофотсупорӣ 1 нафар бо унвони фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикистон, 10 нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, 12 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 2 кас бо ордени Шараф дараҷаи I, 18 нафар бо ордени Шараф дараҷаи II, 81 нафар бо медали Хизмати шоиста ва 2 нафар бо медали Шафқат сарфароз гардонда шуданд.Ҳамчунин, дар ин рӯз ба 22 нафар медали ҷашнии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.Қайд карда шудааст, ки зимни маросими мукофотсупорӣ раисҷумҳури кишвар хизмати содиқонаи мутахассисони касбу кори гуногун, аз ҷумла олимону омӯзгорон, табибон, шоирону нависандагон, аҳли фарҳангу санъат, кормандони дипломатӣ, коргарону бинокорон ва кишоварзонро, ки барои рушди кишвари азизамон саҳми арзишманд гузоштаанд, қадр намуд.Ҳамчунин раҳбари кишвар дар ин маросим саҳми соҳибкорону сармоягузорони ватандӯст ва шахсони саховатпешаро дар пешрафту ободии кишвар басо арзишманд номид.Роҳбари давлат дар ин маросим ба соҳибкороне, ки соҳиби мукофотҳои давлатӣ гардиданд ва ба ҳамаи шахсони саховатпешаи кишвар изҳори сипос намуд.Ҳамчунин ба иттилои Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон мутахассисону коргарон, соҳибкорон, роҳбарони ширкатҳои ватанию хориҷиро, ки дар бунёди иншооти тақдирсози “Роғун” заҳмат кашида, истиқлоли энергетикии кишварро наздик месозанд, бо мукофотҳои давлатӣ қадр намуд.Тибқи қарори кумитаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика дар соли 2026 10 нафар бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон барандагони ин ҷоиза гардиданд.
https://sputnik.tj/20260823/rahmon-charkhai-nerugoh-roghun-istifoda-1079861805.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/19/1079910581_156:0:1976:1365_1920x0_80_0_0_fc260b344886c44c6d55c3e4909d8864.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, мукофот, мукофоти давлатӣ, эмомалӣ раҳмон, истиқлол, рӯзи истиқлолият, қадрдонӣ, ходимон
дар тоҷикистон, мукофот, мукофоти давлатӣ, эмомалӣ раҳмон, истиқлол, рӯзи истиқлолият, қадрдонӣ, ходимон
Аз мукофот то унвонӣ фахрӣ: Қадрдонии Раҳмон аз 165 ходими давлатӣ
12:56 25.08.2026 (Навсозишуда: 13:12 25.08.2026) Раисҷумҳури кишвар 165 корманди соҳаҳои илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро қадрдонӣ кард
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ тақдим намуд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дод.
Нахуст, Президенти кишвар ҳозиринро ба муносибати 35-солагии ҷашни истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва ба ифтихори сарфароз гардиданашон бо мукофотҳои давлатӣ самимона табрик намуд.
Ба иттилои манбаъ, барои дастовардҳои баланди меҳнатӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, рушди илму фарҳанг ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ 165 корманди соҳаҳои илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мукофотҳои давлатии Тоҷикистонро гирифтанд.
Бо фармони Президенти Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги кишвар, ҳифзи саломатии аҳолӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ як қатор кормандон бо мукофотҳои давлатии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ саҳми аҳли илму адаб ва фарҳанги кишварро таъкид намуданд.
“Натиҷаи ҳамин қадршиносиҳо буд, ки имрӯз 7 нафар, аз ҷумла бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд”, - гуфт Раҳмон.
Ҳамин тавр дар маросими мукофотсупорӣ 1 нафар бо унвони фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикистон, 10 нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, 12 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 2 кас бо ордени Шараф дараҷаи I, 18 нафар бо ордени Шараф дараҷаи II, 81 нафар бо медали Хизмати шоиста ва 2 нафар бо медали Шафқат сарфароз гардонда шуданд.
Ҳамчунин, дар ин рӯз ба 22 нафар медали ҷашнии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Қайд карда шудааст, ки зимни маросими мукофотсупорӣ раисҷумҳури кишвар хизмати содиқонаи мутахассисони касбу кори гуногун, аз ҷумла олимону омӯзгорон, табибон, шоирону нависандагон, аҳли фарҳангу санъат, кормандони дипломатӣ, коргарону бинокорон ва кишоварзонро, ки барои рушди кишвари азизамон саҳми арзишманд гузоштаанд, қадр намуд.
Ҳамчунин раҳбари кишвар дар ин маросим саҳми соҳибкорону сармоягузорони ватандӯст ва шахсони саховатпешаро дар пешрафту ободии кишвар басо арзишманд номид.
Роҳбари давлат дар ин маросим ба соҳибкороне, ки соҳиби мукофотҳои давлатӣ гардиданд ва ба ҳамаи шахсони саховатпешаи кишвар изҳори сипос намуд.
Ҳамчунин ба иттилои Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон мутахассисону коргарон, соҳибкорон, роҳбарони ширкатҳои ватанию хориҷиро, ки дар бунёди иншооти тақдирсози “Роғун” заҳмат кашида, истиқлоли энергетикии кишварро наздик месозанд, бо мукофотҳои давлатӣ қадр намуд.
Тибқи қарори кумитаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика дар соли 2026 10 нафар бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон барандагони ин ҷоиза гардиданд.