Раҳмон гуфт кай чархаи 4-и неругоҳи "Роғун" ба истифода дода мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевПриветственная надпись Рогунской ГЭС на горе
Приветственная надпись Рогунской ГЭС на горе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2026
Обуна шудан
Раисҷумҳури кишвар моҳи сентябри соли 2027 агрегати рақами 4-и неругоҳи "Роғун" ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 23 авг - Sputnik. Тибқи нақша, чархи кории агрегати рақами 4-и Неругоҳи барқи обии "Роғун" охири моҳи сентябри соли 2026 ба неругоҳ ворид мешавад,
Дар ин бора Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии "Роғун", ки 21 август баргузор гардид, хабар дод.
Кишвардори Тоҷикистон таъкид кард, ки 29-31 июли соли 2026 дар озмоишгоҳи пудратчии Лоти 1 дар Австрия озмоиши чархи кории агрегати рақами 4 гузаронида шуда, интиқоли он оғоз гардидааст.
Иваз намудани чархҳои кории муваққатӣ ба чархҳои доимӣ имкон медиҳад, ки дар мавсими тобистону тирамоҳ иқтидори истеҳсолии ду агрегат ба 600 мегаватт расонида шавад.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки ин нишондиҳанда тақрибан ба иқтидори истеҳсолии Неругоҳи барқи обии "Сангтӯда – 1" баробар мебошад.
Раҳбари Тоҷикистон супориш дод, ки "Неругоҳи барқи обии Роғун" якҷо бо пудратчии Лоти 1 бояд тамоми чораҳои заруриро барои моҳи сентябри соли 2027 ба истифода додани агрегати рақами 4 амалӣ намоянд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2026
Раҳмон гуфт ҳукумат дар 7 моҳ барои сохтмони НБО “Роғун” чӣ қадар пул сарф кардааст
Вобаста ба Лоти 1 гуфта шуд, ки 30 январи соли 2021 байни Ҷамъияти саҳомии "Неругоҳи барқи обии Роғун" ва Ширкати "Фойт Гидро"-и Австрия қарордод ба имзо расонида шудааст.
Қарордод лоиҳакашӣ, харид, таҳвил, васлу насб ва ба кор андохтани таҷҳизоти электромеханикии 4 агрегат бо таҷҳизоти ёрирасони онҳо, инчунин истеҳсолу таҳвили ду чархи кории доимиро барои агрегатҳои рақамҳои 5 ва 6 дар бар мегирад.
Бо ишора ба Лоти 2 гуфта шуд, ки ин лот сохтмони сарбанди неругоҳро дар бар мегирад ва иҷрои он ба зиммаи ширкати итолиёии "Вибилд" гузошта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0