Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Русия шумори зархаридони хориҷӣ дар сафи артиши Украинаро дақиқ кард

© Sputnik / Константин Михальчевский / Гузариш ба медиабонкПосол по особым поручениям МИД России Родион Мирошник.
Посол по особым поручениям МИД России Родион Мирошник. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2026
Обуна шудан
Сафири вижаи Вазорати хориҷаи Русия гуфт, ки шумораи зархаридони хориҷӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина метавонад ба 20 ҳазор нафарро ташкил диҳад
ДУШАНБЕ, 21 авг - Sputnik. Сафири вижаи Вазорати корҳои хориҷии Русия Родион Мирошник ба хабаргузории РИА Новости гуфт, ки шумораи захаридони хориҷӣ дар сафи Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина метавонад ба 20 ҳазор нафар расад.
Омбудсмени низомии Украина Олга Решетилова рӯзи 6 август изҳор дошт, ки Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина тақрибан 16 ҳазор зархарид доранд, ки шаҳрвандони 72 кишвар мебошанд.
"Ин 16 ҳазор нафарро метавон контингенти зархаридони хориҷӣ ҳисоб кард. Тибқи маълумоти мо, боз 30 ҳазор нафар аз Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина гузаштаанд - баъзеҳо фавтидаанд, дигарон пас аз муддате хизмат рафтаанд. Шумораи кунунии 16 -20 ҳазор зархаридони хориҷӣ дар сафи Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина хеле воқеӣ аст", - гуфт Мирошник.
Президент РФ Владимир Путин и президент США Дональд Трамп во время пресс-конференции по итогам переговоров на Аляске.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар ИМА дар бораи музокироти Русия бо Украина гуфтанд
Вазорати дифоъи Русия борҳо изҳор доштааст, ки Киев зархаридони хориҷиро ҳамчун тӯп истифода мебарад ва нерӯҳои Русия онҳоро дар саросари Украина нобуд доранд.
Онҳое, ки барои пул ҷангидаанд, дар бисёр мусоҳибаҳо эътироф карданд, ки артиши Украина амалҳои худро ба таври нодуруст ҳамоҳанг мекунад ва имкони зинда мондан ҷанг ночиз аст.
Лентаи хабарҳо
0