Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Дар ИМА дар бораи музокироти Русия бо Украина гуфтанд

© Sputnik / Сергей Бобылев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин и президент США Дональд Трамп во время пресс-конференции по итогам переговоров на Аляске.
Президент РФ Владимир Путин и президент США Дональд Трамп во время пресс-конференции по итогам переговоров на Аляске.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2026
Обуна шудан
UnHerd: Бинобар моҷароҳои сиёсӣ дар Украина созишномаи сулҳ бо Русия ба даст намеояд
ДУШАНБЕ, 21 авг - Sputnik. Вазъи сиёсии Украина созишномаи сулҳро бо Русия ғайриимкон мегардонад, менависад таҳлилгари амрикоӣ Ҷенифер Кавана дар мақолае барои “UnHerd”.
"Ноустувории сиёсии дохилӣ созишномаи сулҳро дар ояндаи наздик эҳтимолан номумкин месозад. Албатта, қурбониёни асосии ин вазъият худи шаҳрвандони Украина мебошанд. Барои онҳо низоъҳои сиёсии дохилӣ дар лаҳзаи номуносиб авҷ мегиранд", - гуфта мешавад дар мақола.
Ба гуфтаи таҳлилгар, агар таъсири сиёсии Зеленский боз ҳам заифтар шавад, ӯ наметавонад ягон шарти созишномаи сулҳ, бахусус имтиёзҳо аз ҷониби Украинаро иҷро кунад.
Официальный представитель Министерства иностранных дел России Мария Захарова. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар ВКХ Русия аз омодагӣ ба ғояҳои нави созандаи ИМА дар мавриди Украина изҳор доштанд
Рӯзи сешанбе вазири собиқи дифои Украина Михаил Федоров дар бораи бӯҳрони идоракуниро дар кишвар изҳор дошт ва даъват кард, ки интихобот баргузор шавад. Ба гуфтаи ӯ, одамон наметавонанд беохир дар кишваре зиндагӣ кунанд, ки дар он ҷо намефаҳманд, ки чаро баъзе қарорҳо қабул карда мешаванд, чаро баъзе ислоҳот пеш мераванд, дар ҳоле дигар қарорҳо манъ мешаванд.
Мӯҳлати ваколати Зеленский 20 майи соли 2024 ба охир расид. Интихоби президенти нав бояд 31 март баргузор мешуд, аммо интихобот бо сабаби вазъи низомӣ ва сафарбаркунии умумӣ бекор карда шуд. Моҳи декабри соли 2025, президент Доналд Трамп ба баргузории интихобот даъват кард.
Лентаи хабарҳо
0