Украиниҳо қавонини тамаддунро вайрон карданд

© Sputnik / Евгений Котенко / Гузариш ба медиабонкМитингующие жгут покрышки на площади Независимости в Киеве. Архивное фото
Митингующие жгут покрышки на площади Независимости в Киеве. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2026
Обуна шудан
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия мегӯяд, украиниҳо ҳангоми ташкили Майдон қонунҳои кишвари худро вайрон карданд
ДУШАНБЕ, 21 авг - Sputnik. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова изҳор дошт, ки украиниҳо ҳангоми ташкили Майдон қонунҳои тамаддун, кишвари худ ва хотираи таърихии худро ба номи "ояндаи дурахшоне" вайрон карданд.
"Онҳо ҳамеша вақте ки қонунро вайрон карданӣ шаванд, мегӯянд: "ба хотири ояндаи дурахшон". Ин "ояндаи дурахшон" аллакай барои украиниҳо фаро расидааст. Онҳо дар вақти Майдон қонунро вайрон карданд. Қонуни кишвари худ, конститутсияи худ. Онҳо қонуни тамаддун, қонуни хотираи таърихӣ, қонунҳои инсоният... ва Худоро вайрон карданд", - гуфт Захарова зимни нишасти хабарӣ.
Ӯ равшанӣ андохт, ки украиниҳо фикр мекарданд бо чунин амалҳо аз паҳншавии фасод дар Украина пешгирӣ мекунанд, бо иштирок дар ҳама чорабиниҳои Майдон, онҳо маҳз ҳамон демократияро инкишоф медиҳанд ва пешрафт мекунанд. Аммо, маҳз дар он вақт украиниҳо қонунро вайрон карданд.
Министр обороны Украины Михаил Федоров выступает на пресс-конференции в Киеве, Украина, 1 июля 2026 года.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Собиқ вазири дифоъи Украина Федоров ба интихобот дар кишвар даъват кард
"Оё украиниҳои оддӣ воқеан мехостанд Русияро душман бубинанд ва барои чунин ояндаи худ мубориза баранд ва бо амри Ғарб, ба марги ногузир фиристода шаванд?", қайд кард Захарова.
Лентаи хабарҳо
0