Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Қочоқбарон кушта шуданд: КДАМ аз задухӯрд дар марзи Тоҷикистону Афғонистон хабар дод

© SputnikПограничник на участке границы, архивное фото
Пограничник на участке границы, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2026
Обуна шудан
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки дар дар марз бо Афғонистон тирпарронӣ рух дод, ки дар натиҷаи он ду қочоқбар кушта шуданд
ДУШАНБЕ, 21 авг – Sputnik. Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон байни марзбонони тоҷик ва ду қочоқбари афғон, ки мехостанд ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон ворид шаванд, задухӯрди мусаллаҳона сурат гирфт.
Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабр додааст.
Ба иттилои КДАМ, ҳарду қочоқбар кушта шуданд.
Ин ҳодиса дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон рух додааст, аммо санаи дақиқ мушаххас нашудааст.
Ба гуфтаи ин ниҳод, ду афғон дар ин минтақа ғайриқонунӣ аз марз гузаштаанд, аммо аз ҷониби марзбонон ошкору шудаанд.
Қайд карда шудааст, ки қочоқбарон ба талаботи низомиён итоат накардан ва муқовимати мусаллаҳона нишон доданд.
Дар натиҷаи тирпарронӣ ҳарду шаҳрванди Афғонистон кушта шуданд.
Дар ҷои ҳодиса нерӯҳои амниятӣ як туфанги Калашников, як таппончаи Макаров ва ду халтаи пластикиро, ки беш аз 17,3 кг ҳашиш доштанд, кашф карданд.
Кумитаи давлатии амнияти миллӣ афзуд, ки нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва тафтишот идома дорад.
Вид Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2026
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Эътирози Тоҷикистон аз ҳукумати Афғонистон: дахлнопазирии сарҳади давлатиро риоя намоед
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар пайи даргириҳое, ки дар қаламрави Бадахшони Афғонистон ҷараён дорад, як зани 20-солаи сокини ноҳияи Дарвози Тоҷикистон низ ҷон бохтааст.
Манобеи Sputnik Тоҷикистон аз маҳал мегӯянд, ин зан зодаи рустои Шикев буда ва дар рустои Даштак зиндагӣ мекардааст.
“Гулӯлаи туфанги худкор ба самти чапи бадани ӯ исобат кард ва вай дар маҳалли ҳодиса ҷон бохт”, - гуфт манбаъ.
Бино бар иттилооти манобеи Sputnik Тоҷикистон, тайи ду рӯзи ахир се мавриди исобати гулӯлаҳои саргардон ба манозили мардум сабт шудааст.
“Як гулӯлаи хумпора (миномёт) ба замине пӯшида аз алафҳои хушк исобат кард ва мӯҷиби оташсӯзӣ шуд. Аммо сухтор хисорате дар пай надошт”, - гуфт манбаъ.
Дар ду рӯзи ахир, дар вулусволии Нусайи Дарвози Афғонистон, даргириҳо миёни фармондеҳи маҳаллии Толибон*, Ҷумъа Фотеҳ, ва нерӯҳои вижаи Толибон* идома дорад. Толибон* мехостанд фармондеҳи худро халъи силоҳ кунанд, аммо ӯ муқовимат кард.
Ҳамчунин, дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шудааст, ки суқути як чархбол дар ноҳияи Нусайи Афғонистон ва наздик ба марзи Тоҷикистонро нишон медиҳад.
Ба иттилои расонаҳо, ин чархбол ба ҳукумати Толибон* марбут буда, аз сӯйи нерӯҳои Ҷумъахони Фотеҳ, як фармондеҳи норозии ин гурӯҳ ҳадаф қарор гирифтааст.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0