Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Эътирози Тоҷикистон аз ҳукумати Афғонистон: дахлнопазирии сарҳади давлатиро риоя намоед

© SputnikВид Душанбе
Вид Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2026
Обуна шудан
Тоҷикистон бинобар нақзи ҳарими ҳавоӣ, осеб дидани манзилҳои сокинон ва махсусан ҳалок гардидани як шаҳрванди осоишта дар ноҳияи Дарвоз ба ҷониби Афғонистон ёддошти эътирозӣ ироа кард
ДУШАНБЕ, 14 авг - Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон дар пайи нақзи ҳарими ҳавоӣ, осеб дидани манзилҳои сокинон ва кушта шудани як шаҳрвандаш дар ноҳияи Дарвоз, ба ҳукумати феълии Афғонистон ёддошт ё нотаи эътирозӣ фиристодааст.
Дар ин бора Вазорати умури хориҷии кишвар хабар додааст.
Вазорати хориҷаи қайд кардааст, ки муноқишаҳои мусаллаҳонаи рӯзҳои охир дар минтақаҳои наздисарҳадии вилояти Бадахшони Афғонистон, бахусус дар вулусволиҳои ҳаммарз бо ноҳияи Дарвози Тоҷикистон таҳдид ба амнияти минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва нақзи қонунҳои байналмилалиро ба бор овард.
“Дар ин робита, бинобар нақзи ҳарими ҳавоии Тоҷикистон, осеб дидани манзилҳои сокинон ва махсусан ҳалок гардидани як шаҳрванди осоишта дар ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ба ҷониби Афғонистон ёддошти эътирозӣ ироа гашт”. – қайд кардааст вазорат.
Вазорат афзуд, ки дар ёддошт дар баробари баёни эътирозӣ қатъӣ, давлати Тоҷикистон аз ҷониби Афғонистон талаб намудааст, ки моҳияти масъаларо ҷиддӣ дарк карда, дахлнопазирии Сарҳади давлатии Тоҷикистонро риоя намояд.
Ҳамчунин мақомоти Тоҷикистон аз ҳукумати феълии Афғонистон талаб кардааст, ки барои пешгирии такрори чунин ҳодисаҳо чораҳои муассир андешад.
На таджикский-афганской границе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2026
“Ҷанги Нусай”: як зан дар Дарвози Тоҷикистон ҷон бохт
Ёдовар мешавем, ки ахиран дар пайи даргириҳое, ки дар қаламрави Бадахшони Афғонистон ҷараён дорад, як зани 20-солаи сокини ноҳияи Дарвози Тоҷикистон низ ҷон бохтааст.
Манобеи Sputnik Тоҷикистон аз маҳал мегӯянд, ин зан зодаи рустои Шикев буда ва дар рустои Даштак зиндагӣ мекардааст.
“Гулӯлаи туфанги худкор ба самти чапи бадани ӯ исобат кард ва вай дар маҳалли ҳодиса ҷон бохт”, - гуфт манбаъ.
Бино бар иттилооти манобеи Sputnik Тоҷикистон, тайи ду рӯзи ахир се мавриди исобати гулӯлаҳои саргардон ба манозили мардум сабт шудааст.
“Як гулӯлаи хумпора (миномёт) ба замине пӯшида аз алафҳои хушк исобат кард ва мӯҷиби оташсӯзӣ шуд. Аммо сухтор хисорате дар пай надошт”, - гуфт манбаъ.
Дар ду рӯзи ахир, дар вулусволии Нусайи Дарвози Афғонистон, даргириҳо миёни фармондеҳи маҳаллии Толибон*, Ҷумъа Фотеҳ, ва нерӯҳои вижаи Толибон* идома дорад. Толибон* мехостанд фармондеҳи худро халъи силоҳ кунанд, аммо ӯ муқовимат кард.
Ҳамчунин, дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шудааст, ки суқути як чархбол дар ноҳияи Нусайи Афғонистон ва наздик ба марзи Тоҷикистонро нишон медиҳад.
Ба иттилои расонаҳо, ин чархбол ба ҳукумати Толибон* марбут буда, аз сӯйи нерӯҳои Ҷумъахони Фотеҳ, як фармондеҳи норозии ин гурӯҳ ҳадаф қарор гирифтааст.
Лентаи хабарҳо
0